Дастгирии гурӯҳҳои осебпазиру эҳтиёҷманд вусъат меёбад

№ 27.03.2015

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид (БРСММ), Хазинаи Кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ва Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) барномаи аввалини ҳамкории муштаракро барои пешбурди ҳуқуқҳои калонсолон ва кӯдакони маъюб (дорои маълулият) дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд. Барнома оид ба «Эҷод ва тақвияти иттиҳодҳо барои пешбурди низом ва ҷомеаи фарогир нисбат ба шахсони маъюб (дорои маълулият) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2016», бо дастгирии Хазинаи Эътимоди Шарикии СММ (UNPRPD) роҳандозӣ мешавад.

- Мақсади барномаи мазкур фароҳам овардани шароити мусоид, ки дар он ҳуқуқи шахсони маъюб (дорои маълулият), алалхусус кӯдакон ва занон тавассути заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳимоя карда мешаванд, иборат мебошад. Ба ин васила мақомоти давлатӣ ва шахсони масъул барои пешбурд ва эҷоди «ҷомеаи фарогир барои ҳама» огоҳии ҳаматарафа пайдо мекунанд, — гуфт дар суҳбат мушовири бахши дастгирии маълулияти БРСММ Райҳон Мӯъминова.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқҳои одамони маъюб (дорои маълулият) аз соли 2013 тадбирҳои зиёдеро амалӣ намудааст. Барои мисол, Нақшаи миллӣ оид ба татбиқи тавсияҳои даврӣ бо мақсади шомил шудан ба Конвенсия оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб (дорои маълулият), форум оид ба кӯдакони маъюб (дорои маълулият) дар сатҳи баланд бо мизбонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он кишварҳои иштироккунанда ҷиҳати амалан ҷорӣ намудани принсипҳои Конвенсияи мазкур ҳавасмандии худро иброз намуданд. Таъсис додани Гурӯҳи кории ҳукуматӣ доир ба Конвенсия оид ба ҳуқуқи шахсони дорои маълулият имкони ҳамкории бештарро байни Ҳукумат ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ фароҳам овардааст. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам мушкилиҳо оид ба иштироки фаъолонаи шахсони дорои маълулият дар ҷомеа боқӣ мондааст.

Дар ин замина, барномаи мазкур ҳамгироии шахсони маъюб бо сиёсат, қонунгузорӣ, барномаҳои сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ, иттилоотонии васеъ оид ба вазъ ва хизматрасонии тавонбахшӣ дар сатҳи ҷомеаро фаро хоҳад гирифт.

Ба ин хотир Кумитаи роҳбарикунанда таъсис дода шуд, ки он аз намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои СММ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шахсони маъюб иборат мебошад. Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст, ки Ҳукумати мамлакат гурӯҳҳои осебпазиру эҳтиёҷманди ҷомеаро мунтазам дастгирӣ менамояд ва маблағгузорӣ дар ин самт, аз ҷумла кӯмак ба ятимону маъюбон имсол ва солҳои оянда низ идома меёбад.

Ҳамин тариқ, барномаи мазкур ҷиҳати суръат бахшидан ва тақвият додани ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналмилаливу ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат хоҳад кард.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»