Дар ҳошияи вохӯрии Роҳбари давлат бо аҳли зиёи кишвар

Мафҳум, таҳаввул ва мушкилиҳои шаклгирии зиёии муосир

№42-46 (3343-3347) 27.03.2015

«Зиёиёни асили мо равшангарони воқеии ҳаётанд, ки дар пешрафти рӯзгори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии ҷомеа, тарғиби анъанаҳои миллӣ, таълиму тарбияи насли наврас, ба камол расонидани инсони комил ва рушди неруи инсонӣ нақши арзанда мебозанд.».

(Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат, 19 марти соли 2015)

Найи андешагар наққоши таърих аст

 Неру ва манобеи моддиву маънавӣ, таҳаввул ва коҳиш ёфтани сатҳи зиндагии ҷомеа, аз ҷумла давлатҳо, рушду нумӯъ ва буҳрону шикасти фарҳангҳо, «флуктуатсия»-и (истилоҳи ҷомеашиноси машҳури рус П. Сорокин) тамаддунҳо дар тӯли қарнҳои зиёд таваҷҷуҳи аҳли илми ҷамъиятшиносӣ ва соҳаҳои гуногуни онро ба худ ҷалб кардааст.

Мусаллам аст, ки шаклҳои иҷтимоъ ҳам аз назари амудӣ (оила, авлод, қабила, ҷомеа, давлат ва иттифоқи давлатҳо аз назари таърихӣ) ва ҳам аз назари уфуқӣ (табақаҳо ва қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ дар замони муайян)аз маҷмӯи инсонҳо ва шахсҳои ҷудогона иборат аст, ки нақш ва амали таърихӣ ҳамагӣ вобастаи дасту андешаи онҳост. Яъне, дар ҳама давру замон сарчашмаи амал на шаклҳои ҳамзистӣ, балки маҳз ҳамин инсонҳои ҷудогона будаанд.

Шинохти ҷанбаи иҷтимоӣ, таъинот, талабот дар масири таърих ва нақши созандаи инсон дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ аз самтҳои муҳими илм маҳсуб буд, ки дар ҳар давру замон диққати зиёиён ва родмардони илму сиёсатро ба худ кашида буд. Маҳз дарки дурусти ин масъала аз ҷониби аҳли илм ва инсони комил калиди ҳалли  мушкилиҳои ҷомеа, давлат ва тамаддунҳо ба шумор мерафт. Дар масири таърих дин ба тарбияи инсони солеҳ, илм ба ташаккули олими боамал, ҷомеа ба зиёии асил эҳтиёҷ ва эътимод дошт.

Бахусус мавқеъ ва мақоми зиёиён ҳамчун қисмати бомаърифат, донишманд, хирадманд, ки таҷрибаи пешқадамро аз худ карда, ҷиҳати ҳалли мушкилиҳои ҷомеа пайваста кӯшиш намуда, ба дастовардҳои муайяни илмӣ, амалӣ ва ахлоқию фарҳангӣ ноил гашта, дар тарбия ва саводноккунонии ҷомеа нақши муассир бозида, дар замони зиндагии худ ҳамчун рамзи созанда, тарбияткунанда ва нурафкананда шинохта шудаанд, бениҳоят назаррас буд.

Замоне нахустин муаллифону мирзоёни хатҳои мехӣ (ҳазораи V-IV қабл аз мелод), финиқӣ (ҳазораи III-II қабл аз мелод), иероглифи мисрӣ (ҳазораи III қабл аз мелод), авастоӣ (ҳазораи II-I қабл аз мелод), меъморону наққошони маъбадҳои мисрӣ, ошурӣ, бурҷи Бобилу муҷассамаи Зевс ,тахти Ҷамшеду қалъаи Искандарӣ дар аҳди Бостон, архонтҳою эвпатридҳои юнониён, магистру сенаторҳои румиён, муъбадону донишварони форсҳо, бараҳманону донишварони ҳиндӣ, файласуфону устодҳои хитойӣ, баронҳою лордҳои англис, сенорҳои норманӣ, саҳобагону муҷтаҳидони фарҳанги исломӣ, мутафаккирону шоирони тоҷику форс, дворянинҳои русҳо, маорифпарварони замони эҳёи Аврупо, кормандони фикрӣ ва маълумоти олидоштаи замони шӯроҳо ба таври ба худ хос нақши зиёӣ — инсони фарҳангӣ ва маълумотдоштаро бозидаанд.

Замони муосир бо талаботи ҷомеаи имрӯза низ ниёзмандии худро бештар ба инсони нав, созандаю эҷодкор, донишманду бофарҳанг ва ватандӯст, ки ғолибан зери истилоҳи «зиёӣ» ёдрас мешавад, масъалагузорӣ менамояд. Вобаста ба он ки баҳсҳо ҳанӯз ҳам дар бораи зиёӣ ва маънии истилоҳи он байни донишмандону равшанфикрони замона дар нишастҳои илмӣ ва хориҷ аз онҳо зиёд ба назар мерасад, зарур шуморидем таври мухтасар сайри мазмунӣ ва таърихие роҷеъ ба ин мафҳум дошта бошем.

 Роҷеъ ба истилоҳи «зиёӣ»

 Тибқи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» калимаи «зиё» — маънии нур ва равшаниро (ФЗТ, қ. 1, с. 448) мефаҳмонад. Ин истилоҳ дар «Фарҳанги Амид» ва «Ғиёс-ул-луғот» низ ба ҳамин маънӣ омадааст. Пас, калимаи зиёӣ далолат бар шахс ё манбаест, ки ин нур ва рӯшноиро дорад ва онро бар дигарон пахш менамояд, ба торикиафтодагон роҳ нишон медиҳад, ояндаро барои имрӯзиён роҳнамоӣ менамояд. Мисли ҳамон чароғ – мисбоҳе, ки ҳудуди муайянро дар шаби тор равшан менамояд.

Ишораи равшан намудан маънии рамзӣ буда, ҳақиқат ва воқеиятро муаррифӣ кардан аст, зеро дар зиндагӣ ҳақиқати асл мисли оне, ки дар шаби тор атрофро намебинем, дар бештари мавридҳо зери рангҳо, тобишҳо ва манфиатҳо нопадид мемонад. Рӯшноӣ кардани ҳамин номуайянӣ ва олами зулмот ба дӯши касе меафтад, ки дар шинохти асл маҳорат, дониш, ақлу хирад дорад. Дар чунин сурат рӯшноӣ барои инсон воситаест, ки тавассути он ҳақиқат равшан мегардад. Дар ҳикмати қадимиён низ дониш ва маърифатро ба нур ва рӯшноӣ шабоҳат додаанд.

Афлотун дар ибтидои китоби ҳафтуми «Давлат» симои одамонеро меорад, ки дар ғор маҳкам шудаанд. Рӯи онҳо ба деворҳои ғор нигаронида шудааст. Манбаи рӯшноӣ аз пушти сари онҳост… Якеи онҳо аз занҷирҳо озод шуда, ба қафо гашта, манбаи рӯшноӣ-нурҳои офтобро мебинад ва ба ин васила, роҳро меёбад. Ин шахс файласуф ва офтоб –ҳақиқати илм аст, ки на думболи шабаҳу сояҳо, балки танҳо ба сӯи ҳақиқати ҳастӣ меравад. Аз ин назар истилоҳи зиёӣ, ки ифодагари маънии донишманд ва шахси бомаърифатро мегирад, рамзи шахсеро мемонад, ки рӯшноиро дорад.

Дар фарҳанги исломӣ, осори мутафаккирони тоҷику форс ва ҳатто Аврупои замони нав низ дониш ба сифати рӯшноӣ шинохта шудааст. Бузургони мо дар ҷустуҷӯи маънии зиндагӣ, кашфи ҳақиқат ва ҳалли мушкилиҳо чунин чароғҳо ва фонусҳои зиёдеро дар адабиёт, фарҳанг ва ҳаёти воқеӣ таҷассум кардаанд. «Дониш андар дил чароғи равшан аст»-и устод Рӯдакӣ ифодагари ҳамин рӯшноӣ аст.Аммо дар асл дар зиндагӣ ва майдони маърифати инсонӣ паҳнои фаҳмиши истилоҳи «зиёӣ» аз тарҷумаи айнаш васеътар ва фарохтар рафтааст. Танҳо бо рӯшангар ва ё равшанфикр гуфтани зиёиён мо ҳудуди сифатии истилоҳро мутаносибан дарк нанамуда, заҳмати онҳоеро, ки дар пешрафти таърих ва кори ободонии рӯзгор саҳм гирифтаанд, ҷойгир карда наметавонем. Ин мушкилӣ низ дар навбати худ аз паҳнои фаҳмиши истилоҳ сарчашма мегирад.

Дар ҳама сарчашмаҳои қадима, чӣ шарқию чӣ ғарбӣ вақте сухан дар бораи истифодаи рамзии рӯшноӣ ва ё равшанӣ меравад, бузургон ва нухбагони илм – дониш, маърифатро ҳамчун рамз мадди назар гирифтаанд. Аз ин нуқтаи  назар дониш ва илм доштан ҳанӯз маънии зиёии комил буданро надорад. Ҳатто бузургон мавҷудияти ақлро хосияти аслии зиёӣ намедонанд. Ин ҷо омилҳои дигари субъективии шахс мисли саъю кӯшиш, ақл, хирад, иродаи нек, муҳаббат ба касб, худшиносӣ, хизмат ба халқ, мушкилосонкунӣ, назари таҳлилӣ ба норасоиҳо ва ғайра шарт ва зарур аст.

 Назаре ба таърихи мафҳуми «зиёӣ»дар тамаддуни шарқӣ ва ғарбӣ

 Дар тамаддуни шарқӣ шахсе, ки сифатҳои зиёиро, яъне касе, ки ба дигарон дониш, маърифат, ахлоқ, адаб ва фарҳанг омӯхта, мушкилии дигаронро ҳал менамояд, таърихи қадима дошта, навъҳо ва номҳои гуногунро доро буд. Мо бо боварӣ метавонем гӯем, ки устод Рӯдакӣ, ҳаким Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Саъдӣ, Ҳофиз, Баҳоваддини Нақшбанд, Абдураҳмони Ҷомӣ, Хоҷа Аҳрори Валӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Абдулқодири Бедил, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва дигар ситорагони фарҳанги мо, ки бо истилоҳоти малик-уш-шуаро, ҳаким, мавлоно, сӯфӣ, пири тариқат, маорифпарвар, омӯзгор ва ғайра ном бурда шудаанд, дар асл зиёиёни комили замони худ будаанд.

Дар таърихи Аврупо ва Россия зиёӣ бо калима ва ибораҳои гуногун ёдрас мешавад. Русҳо муродифи калимаи зиёии мо истилоҳи лотинии «интеллигент»-ро истифода мебаранд. Ғарбиён айнан чунин истилоҳро истифода накарда, бештар истилоҳи «интеллектуал»-одами баландмаърифатро кор мефармоянд. Аммо истилоҳи «intellegenzia» ҳамчун қишри донишманд ва босаводи ҷомеа вуҷуд дорад.

Ҳамзамон дар забони русӣ истилоҳи «интеллигентсия» –ҳамчун қишри мардуми босавод ва бомаданият истифода мешавад. Иддае аз муҳаққиқон дар адабиёти илмии русӣ ба интеллигентсия рӯҳониёнро (православҳоро ) ҳамроҳ намекунанд, чунки решаи маълумоти онҳо ба Византия мерасад. Ин дидгоҳ аз назарияи тобиши ғарбӣ доштаи интеллигентсия сарчашма мегирад. Онҳо интеллегентро ҳамчун баранда ва паҳнкунандаи маърифати ғарбӣ мешинохтанд. Ба ин гурӯҳ муҳаққиқон Л. Д. Гудков, Б. В. Дубин ва дигарон шомил ҳастанд. Дар паҳнои ин баҳс байни сотсиологҳои рус истилоҳоти дугонаи муқовиматангези «ғарбгароён ва маҳалгароён» — «ғарбгароён ва анъанавиён (истилоҳоти Г. С. Померанс),«интиллигентсияи комил ва босаводкунонӣ (образованщина)» ва «интеллигентсияи русӣ ва шӯравӣ» (истилоҳоти А.И. Солженитсин) ҳамчун идомаи тақсимнамоии навъи интеллигентсияи русӣ аз назари мансубияти фарҳангӣ ва тамаддунӣ рӯи кор омад.

Интеллектуале, ки ғарбиён истифода мебаранд, асосан дар даврони асрҳои миёна ҳангоми пайдо шудани аввалин шаҳрҳо ба вуҷуд омадааст. Байни ин шаҳриҳои ҳунарманд, косиб, дуредгар, баққол, савдогар, чармгар, сарроф, масхарабоз, ки ҳар як тафаккур ва шуури ҷамъиятии ба худ хосро доштанд, боз нафарони хосаи босавод, китобдор ва фарҳангие буданд, ки бо меҳнати фикрӣ машғул буда, нақши пешбаранда, ташкилотчӣ ва омӯзгориро иҷро менамуданд.

Жак ле Гофф ақида дорад, ки «Онҳо (яне интеллектуалҳо) бо «сухан ва хирад» кор карда, дониши худро ба дигарон дода, «дидгоҳи танқидӣ» нисбат ба воқеаҳои атроф доштаанд, вале он вақт онҳоро на «интеллектуал», балки «доктор», «профессор», «магистр», «литтерати» — (шахсе,ки лотиниро медонад) ном мебурданд. Онҳо бештар бо мактаб ва донишгоҳҳо сарукор доштанд. Маблағгузории онҳоро субъектони гуногун ба уҳда доштанд».

Навъи иҷтимоию фарҳангии «интеллектуал» ҳамчун қишри ҷомеа дар Ғарб дар асрҳои ХII-ХIII аз лаҳзае, ки дониш ҳамчун мол ба савдо бароварда шуд, тавлид ёфт. Нахустин донишгоҳҳои асримиёнагӣ ҳамчун корпоратсияи интеллектуалҳо таъсис ёфтааст. Аломатҳои муҳими интелликтуали асрҳои миёнаи ғарбӣ ин саъю кӯшиши доштан, паҳн намудани дониш ва ғояҳо буд. Интеллектуали ғарбӣ тибқи иттилооти ба дастомада, инсоне буд, ки мақоми махсуси илмиро дошта, аъзои корпоратсияи илмӣ ба ҳисоб рафта, ҷойи кори худро озодона аз як муассиса ба дигараш иваз намуда, одатан ба ақидаи Эбоиза Абеляр ҳамсар надоштанд, зеро намехостанд, ки худро бо алоқаҳои никоҳӣ аз иҷрои корҳои илмӣ ҷудо намоянд. Онҳо шинохташуда, баобрӯ буданд, ки матнҳои махсуси ёдкардашударо байни мардум мегуфтанд.

Интеллектуал мавзӯъҳоро кӯр-кӯрона думболагирӣ накарда, маънии онҳоро мефаҳмонд, танқиди ғояҳоро хуб мепазируфт. Мисол, дар Парижи асрҳои миёна Сигер Брабантский, роҳбари кружоки «аверроистов», ки андешаҳои Ибн Рушди испаниро таҳлил мекард, ки баъдан аз ҷониби калисо ба маҳбас кашида шуд, интеллектуал буд.

Дар асрҳои ХIII-ХIV дар Аврупо интеллектуалҳо ба сиёсат таваҷҷуҳ карданд, онҳо ҳокимияти давлатӣ ва попҳоро танқид карда, ҷонибдорӣ аз император менамуданд. Ба ин гурӯҳ Марсилий Падуанский (солҳои 1275/1280-1343), ки ҷонибдории император Людовик Боварскийро намуда, ба муқобили папа Иоанни ХХII баромад намуд, аз калисо рондашуда маҳсуб ёфта, ғоибона ба ҳукми қатл маҳкум гардид. Уилям Оккам (солҳои 1300-1349) файласуфи англис, ки «маъсумияти» папаро инкор намуда, ба ҷонибдории мустақилияти ҳокимияти давлатӣ аз калисо баромад намуд, аз ҷониби калисо ҳукм карда шуд. Муҳаққиқон ба гурӯҳи интеллектуалҳои хос «рӯҳҳои қаҳрамон» дар Аврупо шахсиятҳоеро мисли файласуф Пьер Абеляр (солҳои 1079-1142), падари схоластикаи асрҳои миёна архиепископ Ансельм Кентерберийский (солҳои 1033-1109), Ян Гус (солҳои 1371- 1415), магистр ва ректори Донишгоҳи Прага (солҳои 1409-1410), ки ба ислоҳоти низоми калисо асос гузоштааст, Джон Уиклиф (солҳои 1320/1330-1384), профессори Донишгоҳи Оксфорд, ки аз саромадони ислоҳотгаро буд, эътироф кардаанд.

Як хусусияти хоси дигари ин гурӯҳи интеллектуалҳо дар он зоҳир меёбад, ки онҳо дар халос намудани ҳокимияти давлатӣ аз асароти рӯҳониён ва пешгирии бетартибиҳои ҳокимияти попӣ ҷонфидоиҳо намудаанд. Ба ин гурӯҳ баъдан Макиавелли, Дж. Милтон, маорифпарварони франсуз ва дигаронро ҳамроҳ намудан мумкин аст. Гуфтан мумкин аст, ки зиёии Аврупо сифати ҷудо намудани ҳокимияти давлатӣ аз дин ва сиёсат аз эътиқодро ба худ касб карда, дар пешгирии ғояи таассуб, хурофот ва сиёсикунонии дин дар охири Асрҳои миёна, Замони эҳё ва ибтидои Замони нав муборизаи тӯлонӣ бурдаанд.

Дар интиҳои асри XVIII дар Фаронса калимаи «Intelligance» маънии қишри мардуми босаводро дар муқобили бесаводон ба худ касб кард. Ҳатто ҳам фаронсавиҳо ва ҳам онҳое, ки ба инқилоби фаронсавиҳо ба ҳавас менигаристанд, инқилобҳои фаронсавиро инқилоби мардуми босавод, яъне, интеллигентҳо ном кардаанд. Интеллигентсияро ба маънии босаводон олмониҳо низ қабул кардаанд. Олмониҳо ҳатто дар солҳои 1800-ум рӯзномае бо номи «Intellegentzeitung», яъне, рӯзномаи босаводон доштаанд.

Муҳаққиқони муосир андеша доранд, ки зиёӣ — интеллигентсия ҳамчун қисмати пешқадам, навовар ва эҷодкори ҷомеа ҳодисаи иҷтимоии фаромиллист. Муҳим он нест, ки вай бо кадом ном шинохта мешавад.Муҳим он аст, ки тамаддун ва рушди халқу миллатҳо ба ҳамин навъ шахсиятҳо эҳтиёҷманд аст. Мисол, алорағми назари он ки дар Ғарб истилоҳи «зиёӣ» — «интеллигент» нест, мумкин аст қишри ба ҳамин монанд дар Амрико, ки ҳамакнун дар симои «синфи нав» ташаккул ёфта истодааст, ки ба меҳнати самарабахши фикрӣ машғул буда, қисми пешоҳанг, созанда ва ободкори мамлакатро ташкил медиҳад, шомил буда метавонад. Иҷтимоъшиноси амрикоӣ А. Гоулднер донишмандон ва кормандони замони нав-интеллигентсияро ҳамчун заминаи ташаккули «синфи нав», ки захираи бузурги ақлонӣ, таҷрибаи бой ва тафаккури танқидӣ доранд, эътироф кардааст.

Дар таърихи давлатдории Россия доир ба пайдоиши интеллигентсия ҳамчун қишри ҷомеа фикрҳои гуногун вуҷуд дорад. Қисме ибтидои онро аз ислоҳоти соли 1861, дигарон аз ислоҳотҳои Петри I ва гурӯҳи сеюм асри ХIХ–ро замони ташаккули қишри фикркунанда, ки интеллигентсия гуфтан мумкин аст, эътироф менамоянд. Ба ин гурӯҳ маъмулан духтурони земӣ, муаллимони гимназияҳо, мунаққидону рӯзноманигорон дохил мешуданд.

Зиёишиноси рус А.В. Соколов чанд насли зиёиёни русро муайян кардааст: зиёиёни екатеринӣ (нимаи дуюми асри ХУIII), пушкинию гоголӣ (асри XIX), баъдиислоҳотӣ( нимаи дуюми асри XIX), инқилобӣ (оғози асри XX), шӯравии қаҳрамонона (нимаи аввали асри XX), шӯравии солҳои шастум ва ҳаштодум (нимаи дуюми асри XX) ва баъди шӯравӣ (дар рӯзгори муосир ташаккул меёбанд).

 Таҳаввули маънои сифатии зиёӣ

 Бояд зикр кард, ки калимаи «зиёӣ» тайи солҳои охир тадриҷан тағйирпазириро дар маънӣ касб кардааст. Агар дар гуфтори байни одамон дар солҳои шӯравӣ зиёӣ (интеллигенсия) гуфта, одатан шахси маълумотноку донишмандро мефаҳмидем, баъдтар дар даврони аввали истиқлолият бештар аз мазмуни мақолаҳои рӯзномаю маҷаллаҳо дар зери калимаи «зиёӣ» маънии шахси донишманди боақлу хирадманд, баъдтар гурӯҳе сифати аслии зиёӣ ваҳдатпазирӣ, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазириро ва иддае ба сифати зиёӣ шахсеро кӯшиши дидан менамоянд, ки гуфтаю навиштаҳояш ҳамагӣ танқидӣ бошад. Яъне, дарк мешуд, ки ҳар кас ба қадри фаҳмиш ва майли худ сифати зиёиро ҷӯё буд.

Дар ҳама сурат мубоҳисаю муколамаҳои баъдии илмӣ, рӯ ба тавлиди зиёии комил дар ҷомеаи тозаистиқлоли Тоҷикистон дошт. Акнун барои зиёии комил эътироф кардан тамизи дурусти некию бадии амалҳо барои ояндаи худ ва кишвар, интихоби дурусти роҳи таърихии миллат, мавҷудияти замири худшиносии миллию ватандӯстӣ барин арзишҳо шарт ва зарур буд. Илова бар ин, аз таҷрибаи ғарбӣ, нақши зиёиён дар озод намудани давлат аз таъсири диният, назари таҳлилӣ ва танқидӣ доштан, илм омӯхтан, дониш паҳн кардан, аз таҷрибаи русҳо ғарбгароӣ низ ҳамчун сифати зиёӣ ба мазмуни истилоҳи зиёии муосир бо қалами донишмандон ворид мешуд.

Дар ин замина якчанд баҳсҳои олимони шинохтаи ватанӣ ва хориҷӣ низ, ки дар ҷустуҷӯи зиёии асил мушкилиҳои худро доштанд, рӯи чопро дид. Аз ҷумла мубоҳисаи байни академик М.Шукуров ва узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Табаров. С. Табаров ба асари М.Шукуров «Истиқлол ва худшиносии иҷтимоиву маънавӣ» бо рисолаи «Мубоҳисаи «зиёии деҳотӣ» ва «музофотишуур» бо «зиёии шаҳрӣ» ва «шаҳришуур» (Душанбе, соли 2003) посух дода, баъзан аз нукоти асари эшон, ки бартарии худшиносии миллии шаҳриёнро дар муқобили деҳот ҷилавгирӣ мекунад, зери танқид гирифтаанд… Ба назари мо мазмуни ҳар ду рисола нишонаи сӯзиши чароғи маърифати эшон дар роҳи равшаннамоии уфуқи худшиносии миллист.

Баҳси байни академик Александр Панченко ва шоир Николай Панченко роҷеъ ба мавҷудияти зиёӣ интеллигентсия дар ҷомеаи муосири рус низ аз зумраи ҷустуҷӯҳои фаҳмиши сифатҳои аслии зиёӣ дар ҷомеаи пасошӯравӣ маҳсуб мегардад, ки ҷавҳари онро гуногунфаҳмии маънии истилоҳи зиёӣ (интелегентсия)-ро ташкил медиҳад.

Чунин баҳсҳо дар ҷомеаҳои рӯ ба рушд ва эҳтиёҷ базиёидошта зиёд ба назар мерасад, вале дар баъзе аз онҳо кӯшиши «табдил додани боварии шахсӣ бо дониши ҳақиқӣ» (ибора аз М.Ғаззолӣ) мушоҳида мешавад, ки ин раванд зиёиёнро аз вазифаи аслӣ ва масъулияти таърихиашон то як дараҷа дур месозад. Масъалаи асосӣ сатҳ ва сифати зиёии муосир аст, ки ба дард ва мушкилиҳои ҷомеаи муосир мутобиқ ба ҳадафҳои стратегии давлат ва халқи мо ҷавоби дуруст дода тавонад.

 

Зиёии нав чӣ гуна бошад?

 Ислоҳоти ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсию ҳуқуқӣ аз бисёр ҷиҳат аз сатҳ ва сифати амали зиёиён вобастагии амиқ дорад. Таҷрибаи ин қишри хирадманди ҷомеа, ки вобаста ба шароит, мисли:

Сӯфӣ ибн-ул вақт бошад, эй рафиқ,

Нест фардо гуфтан аз шарти тариқ.

Ту магар худ марди сӯфӣ нестӣ,

Ҳастро аз нася хезад нестӣ

(Мавлонои Румӣ)

рушд кардааст, ҳоло далолат ба он дорад, ки вобаста ба даъвату хатарҳои муосир зиёӣ бояд таассубро шикаста, хурофотро урён намуда, камбудиро нақд намуда, норасоиро ислоҳ карда, носозгориҳои ҳаёти иҷтимоиро муназзам намуда, риштаҳои меҳру муҳаббат ба Ватанро қавӣ дар дили мардум кашида, манфиат, андеша ва арзишҳои умумимиллиро атрофи Давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон васл намояд.

Маҳз ба ҳамин хотир, Роҳбари давлати тоҷикон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар фасли баҳор, дар айёме ки ҳама табиат зинда мешавад, ҳама зебоиҳо зуҳур мекунанд, ба умеди эҳёи комили зиёии тоҷик, рушди илми миллат ва болоравии сатҳи зиндагии маънавии мардум бо аҳли зиё, олимону донишмандон вохӯриҳо намуда, назди онҳо вазифаҳо мегузорад.

Сарвари давлат дуруст ва бамаврид таъкид менамоянд, ки «Давлат ва халқ ҳақ доранд, ки аз шумо, зиёиёни муҳтарам, дар пешбурди илм, маориф ва фарҳанг, умуман, сатҳи маърифатнокии ҷомеа ба нафъи халқу Ватан самараи бештарро умедвор бошанд». Вале натиҷаҳо, дастовардҳо ва навгониҳои илмӣ, ки дархӯри мушкилиҳои миллат ва давлат бошад, ҳанӯз кам ба назар мерасад. Чаро? Ин чаро вобаста ба замону макон, манфиату ҳақиқат, адлу инсоф, ҳуқуқу озодӣ, демократияю соҳибихтиёрӣ ва дигар арзишҳои башарӣ ҷавобҳои хосаро дорад.

Сараввал зарур аст ба чанд монеаҳо ва даъватҳое, ки ба шаклгирии зиёии муосир таъсир дорад, рӯшноӣ андозем.

 Ҷаҳонишавии манфиатҳо ва мушкилии шаклгирии зиёии нав

 Шабаҳи озодии бесарҳад, динситезии сиёсӣ, таассуб, хурофот, дуршавӣ аз инъикоси воқеият, ҷанги иттилоотӣ, инқилобҳои сохтаи кишварҳои рӯ ба рушд, дастгирии сепаратизми дохилӣ-давлатӣ аз ҷониби созмонҳои хориҷию кишварҳои ҷудогона, ба фаромӯшӣ кашидани хотираи таърихӣ, асароти буҳрони шадиди иқтисоди ҷаҳонӣ, суиистифода аз арзишҳои волои башарии эътиқод, имон, ҳуқуқу озодиҳои инсон, илм ва равандҳои демократӣ аз ҷониби гурӯҳҳои муайяни байналмилалӣ бо мақсадҳои ғаразноки сиёсию иқтисодӣ ва ҷуғрофӣ зери қаноти падидаи ҷаҳонишавии бемантиқи манфиатҳои кишварҳои пешрафта ба тақдири имрӯзу фардои миллатҳо ва давлатҳои хурд ва рӯ ба тараққӣ хатари бемисл ва таҳдиди воқеиро ба бор овард.

Дар замоне, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба роҳи ягонаи сармоядорӣ қадам зада, рӯ ба олитарин дастовардҳои башарӣ – демократия ва ҳуқуқи инсон гардонида, низоми ҳуқуқӣ ва идораро бо маслиҳат, васияту насиҳатҳо ва дастгириҳои бародарон ба ягонакунонӣ моил кардаанд, ҷангу ҷидолҳои дохилидавлатӣ, минтақавӣ ва куштору бетартибиҳои ифротгароёна, нисбат ба солҳои ҷанги сард ва ҳатто аз даврони ҷангҳои ҷаҳонӣ ба маротиб афзудааст.

Зери парчам ва ё дар роҳи (дигар муҳим нест) бузургтарин арзишҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии замони нав демократия ва озодиҳои инсон, зиёд аз давлатҳои рӯ ба рушд ба хун оғушта шуда, ба гирдоби инқилобу бетартибиҳои гӯшношунид ғӯта зада, миллионҳо нафарро қурбон карда, масъалаи будан ё набудани соҳибихтиёрии давлатии худро зери суол бурдаанд. Дар баробари нодуруст, орӣ аз ахлоқ, виҷдон ва адл қабул ва истифода намудани демократия ва озодиҳо аз ҷониби қишрҳо ва неруҳои гуногун, кумаки дӯстони хориҷӣ авзои бисёр аз давлатҳо ва ҷомеаҳоро ба ноҷӯрӣ кашидааст.

Хатаре, ки имрӯз аз буҳронҳои иқтисодию аз тасмимҳои иқтисодӣ ба халқу миллатҳо ва соҳибмулкони қонунӣ дар кураи замин мерасад, шояд бамаротиб аз зарари ҷангҳои ҷаҳонӣ бештар бошад. Албатта, ҳамаи ин ба шаклгирии тафаккури инсоне, ки нисбат ба худ, ба миллат ва ояндаи давлат ва ҷомеаи инсонӣ як лаҳза андеша менамояд, бетаъсир нест. Нафареро, ки мо зиёӣ мегӯем ва ё дар ин навишта аз ӯ зиёӣ сохтанӣ мешавем, бечора миёни ин ҳама тазодҳо ва заруриятҳо бояд сӯзад, созад ва ба дигарон омӯзад.

Демократия ва озодиҳо, албатта, барои ҷомеаи солим, созанда ва эҷодкор бидуни дахолати хориҷ беҳтарин неъмат аст, вале дар шароите ки ин неъмат суиистифода аз хориҷ шуда, неруҳои дохилиро дар сарҳади манфиатҳои бегона дастгирӣ ва фаъол менамояд, ба воситаи муассири бетартибӣ ва таҳдиди соҳибихтиёрӣ табдил меёбад. Роҳҳо ва воситаҳои гуногуни ҳимоя аз ин суиистифодаи неъматҳоро ҷамъияти инсонӣ медонад, вале тарбияи инсони комили ватандӯст ва доштани қишри зиёии худшинос, созанда ва эҷодкор аз зумраи беҳтаринҳо аст.

Таҳлили инқилобҳои ранга, ҷангҳои шаҳрвандии ибтидои ҳазораи се бо пасманзарҳои фалокатбори худ дар кишварҳои африқоию аврупоӣ собит менамояд, ки дар баробари дигар камбуду норасоиҳо, вуҷуд надоштани қишри солими ҷомеа-зиёии ҳушёр ва зираки худшинос ва ватандӯст аз омилҳои калидии фурӯпошии ин давлатҳои ба фоҷиа гирифтор маҳсуб мегардад. Зарур аст, ки ин ҳолат бо ҳушёрӣ таҳлил шавад, дар акси ҳол вазъиятро муташанниҷ хоҳад кард. Айни ҳол мо бо гуфтаҳои муҳаққиқи шинохта С. Ятимов, ки дар чанд мақолаҳои охирӣ ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳ кард, иктифо менамоем.

Дар ҳақиқат надоштани зиёии комил ва худшиносу ватандӯст ҷомеаро дар муқобили хатарҳои ҷаҳонӣ осонгир менамояд.Имрӯз ҷомеаи мо аз ҳарвақта дида эҳтиёҷи бештар ба зиёии комил ва фазои илмии беолоиш ва орӣ аз ҳама гуна манфиату ғаразҳоро дорад. Роҳи илму дониш ва маърифату фарҳангро аз ҳама гуна таассуб, хурофот ва тангназарию манфиатҷӯии соҳавӣ тоза намуда, фазои мусоиди ташаккули зиёии комилро дар мисоли инсони намунавӣ ва олими боамалу ватандӯст омода намудан шарт ва зарур аст. Ҳамзамон барои фаъолият ва рушди чунин зиёӣ шароит ва фазои мусоиди илмӣ зарур аст, то ин ки онҳо ҷиҳати такмил ва пешрафти илм ва ҷомеа инқилобҳои илмӣ ва консепсияҳои солими рушдро тарҳрезӣ намоянд. Муҳимтарин омили омода намудани чунин зиёии эҷодкор ва созанда бояд озодии сухан, андеша, танқиди судманд ва иттилооти озоди беғараз бошад. Мутаассифона, дар баробари дастовардҳо дар ин самт низ мо мушкилиҳо дорем.

 Зиёии муосир ва сирояти бемории иттилооти шикаста

 Замони муосир — замони иттилоот, илм ва техника шудааст, ки маълумоти як қисмати оламро ба қисмати дигараш дар як миҷа задан дастрас намуда, оламро ба як хонаи пурғавғо табдил додааст. Дар як нуқтаи олам нишаста ҳодисаҳои дигари нуқтаи оламро инсонҳо тамошо мекунанд. Шаҳрҳо, давлатҳо ва тамаддунҳои ҷудо, имрӯз ба ҳам тавассути Шабакаи интернет ва воситаҳои ахбори оммаи зудамал чунон пайваст шудаанд, ки оламро ба як хонаи пурғавғо, ба як қишлоқ ва деҳи пурсару садо табдил додаанд. Зиёдамон аз ёд баровардаем, ки ҳамагӣ 25-30 сол муқаддам, чӣ тавр дар бузургтарин давлати ҷаҳонӣ зиндагӣ карда, бо бародари дар хизмат будаамон, тавассути «телеграф» гуфтугӯи телефонӣ дархост намуда, падару модари пирамонро соатҳои 1-2 шаб ба нуқтаи алоқа бурда, муддатҳо интизор мешудем. Бахт омад мекард, 5-10 дақиқа суҳбат мекардем, агар не, боз рӯзи дигар мерафтем.

Имрӯз бидуни иҷозат, бидуни дархост бо гирифтани рақами телефони мобилӣ садо ва маълумоти мо мисли шоҳини афсонавӣ аз сарҳади даҳҳо давлатҳо убур карда, ба гӯши шахси лозимӣ мерасад, тавассути Шабакаи интернет ва скайпҳо бо якдигар дар кунҷҳои гуногуни дунё бевосита суҳбат мекунем. Дунё дар мудатти кӯтоҳ куллан дигар шудааст. Дар ин хонаи бузург ҳар ҳодисаи назаррасу диққатҷалбкунанда аз назари якдигар ғоиб намемонад.

Ин ҳама ҷанбаҳои мусбати зиёд аломати пешравӣ ва тараққиёти илму техника аст. Инқилоби технологияи иттилоотӣ асри навро ба асри иттилоот табдил додааст. Вале чун ҳарвақта ҳар пешравию такон, ҳар лапишу инқилоб қурбониҳои худро дорад. Қурбониҳои асри иттилоот барои ахлоқ, адаб ва фарҳанги миллии халқҳои рӯ ба инкишоф таҳдидҳои бениҳоят вазнин ба бор оварда истодааст. Агар замоне инсоният озодиро қурбони баробарҳуқуқӣ карда, аз баробарҳуқуқӣ ба диктатура гузашт намуда бошад (инқилоби нахусти Фаронса, инқилоби Шӯравӣ), имрӯз ӯ баръакс ҳама дигар арзишҳоро назди озодии бесарҳад қурбон кардааст. Ахлоқ, одоб, расму оини оиладорӣ, имконияти баробари субъектҳо тадриҷан зери шуои озодии оламгир ноаён мондаанд.

Дар чунин ҷаҳони наздикшудаю озод, садои як инсони ҷудогона бамаврид ва мақсаднок дар як гӯшаи олам шунида мешаваду сӯзиши як миллат ва халқият дар ақсои олам номуайян мемонад.

Наздикшавии ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун аломати томи пешравии организми зиндаи ҷаҳонӣ, ба ҷойи он ки шинохт ва дарки табиати инсонро саҳеҳ ва сода гардонад, баръакс, бо кашфи паҳлуҳои дигари табиати ӯ, бемориҳои зиёди маънавӣ ва моддии рӯҳ ва манфиату ғаразҳои гуногунро рӯи кор оварда, инсони одиро ба субъекти мураккаби созандаи таърихи ноҳамвор табдил додааст.

Наздикшавии олам бо ҳадафҳои муайян дар тобеияти хоста ва кашишҳои нафси инсонӣ бузургтарин воситаи муттаҳидии олам иттилоотро дар фазои озодии васеъ ва равандҳои демократикунонии ҷомеаҳо ба беморӣ гирифтор кардааст.

Иттилоот аз таъиноти асили худ инъикоси воқеият, ислоҳи камбудӣ, тарғиби амалҳои нек, пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш, устувор намудани дӯстӣ, ваҳдат, субот, амният ва низоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дур шуда, тавассути таъсири манфиатҳои молӣ ва ғаразҳо ба воситаи муассири урён намудани паҳлуҳои носолими зиндагии халқу миллат ва давлатҳо табдил ёфтааст.

Ҳуқуқ ба озодии сухан ва озодии андеша, ки аз бузургтарин дастовардҳои насли ҳуқуқҳои шахсӣ ва сиёсии инсон буда, дар роҳи дуру дарози таърихӣ бо муборизаҳои хунину инқилобҳои буржуазӣ ирси (мероси) конститутсияҳо ва Паймонҳои байналмилалӣ гашта, дар озодшавии забону андешаи инсон қадами бузурге ба пеш буд, ҳамакнун ба бемории вазнини иҷтимоӣ ва иқтисодӣ гирифтор шудааст. Ин беморӣ ӯро тавассути сармоя, манфиат ва ғаразҳо ба бадтарин усули муборизаи манфиатҳои гурӯҳӣ, миллӣ, динӣ, байналмилалӣ табдил додааст.

Ин шиори олӣ (озодии сухан), ин арзиши башарӣ, ки замоне худ аз занҷири истибдод халос шуда буд, имрӯз ба як шабаҳи оламгире табдил ёфтааст, ки садои сухани инсонҳои ҷудогона, халқҳои азиятдида ва давлатҳои ба хун оғӯшташударо на танҳо намешунавад, балки бо тариқу усулҳои хостаи дастандаркоронаш ин садоҳоро пахш мекунад, ҳодисаи оламро ба тарзи ба худ хос муаррифӣ менамояд ва садоҳои ба манфиати худ ва хоҷагони худ садододаро баланд менамояд. Ба назар чунин мерасад, ки ҳодисаро, равандро ва дар маҷмӯъ таърихро бо майлу хоҳиши худ месозанд, инъикос менамоянд ва менависанд. Қирраҳои тарбиявӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ, маънавӣ, иқтисодӣ, мазҳабӣ ва иҷтимоии озодии сухан дар асарҳои илмӣ, адабӣ, филмҳои бадеӣ, созишномаю санадҳои байналмилалӣ ва конститутсияҳои кишварҳо боқӣ монда, тадриҷан мақоми худро дар воситаҳои ахбори омма аз даст дода истодааст.

Эҳсос мешавад, ки тобеияти иқтисодии фазои иттилоотӣ на ҳар садои сухан ва на ҳар озодии андешаро ба бозори худ роҳ медиҳад. Мушкилии ин бозор дар он аст, ки ҳаққи харидор маҳдуду ҳаққи фурӯшанда васеъ шудааст. Аз ин хотир инъикоси шикастаи ҳодисот аз қаъри камераҳои инҳирофшудаю суханҳои бофтаи рӯзноманигорони ҷаҳонӣ, ки дар доираи манфиатҳои давлатҳои бузург, иттиҳоди давлатҳо таҳия мегарданд, харидорӣ мешавад. Чӣ хел зебо ва шинам як ҳодисаро ду шабакаи телевизионии байналмилалӣ маънидод мекунанд, ки пешорӯйи тамошобин ду ҳақиқати бебаҳс намудор мегардад. Ин ҳолат тамошобини одӣ не, ҳатто ҳар донишманди асилро дар дарки ҳақиқат ба мушкилӣ мувоҷеҳ менамояд.

Озодии сухан ва иттилооти беғараз, ки ҳамчун ҳаво ва нафас барои шаклгирӣ, рушд ва хизмати зиёии асил барои ҷомеа шарт ва зарур аст, то ҳадде бо микробҳои сироятӣ олуда шудааст. Восита ва омилҳое, ки ба сирояти ин неъмати инсонӣ ва арзиши олии ҳуқуқӣ мусоидат доранд, гуногун аст. Аз манфиати қудратҳои ҷаҳонӣ, сармоя, ғаразҳои гурӯҳию шахсӣ то сатҳи пасти шуури ҳуқуқӣ ва гум кардани муқаддасот, масъулият ва сарҳади ҳамин озодӣ аз зумраи ин омилҳост. «Масъулият ва шахсияти инсон, -  гуфта буд Маргарет Тетчер, — санги таҳдобии бинои озодиро ташкил медиҳад».

Ин ҷо, мехоҳем эҳтиром ва сипоси худро ба ҳама рӯзноманигороне, ки барои ҳақ, барои инсоф, виҷдон беғаразона барои фардои ободи давлатамон навишта, нақши худро дар рушди давлату миллат гузоштаанд ва оянда низ хоҳанд гузошт, арза дошта, таъкид кунем, ки мо иттилоотро таҳқир намекунем, озодии суханро низ инкор намесозем, танҳо мехоҳем, ки накукорӣ, поквиҷдонӣ, боадабии шарқиро дар назди одамони некандеш ҳифз намоем. «Зеро поквиҷдон будан барои инсонҳои ботарбия қиматтар аст» (ибора аз Ж. Ж. Руссо), аз иттилооти озод барои рӯзноманигор ва инъикоси ҳақиқат барои зиёии қаламбадаст.

Дар чунин шароити муноқишаи мафкураҳо, манфиатҳо, ки илм ва дин дар асорати утилитаризми минтақавӣ, миллӣ ва молию сиёсӣ қарор дошта, дар майдони ҷанги иттилоотӣ тарғиби маданияти омма тавассути сайтҳои интернетӣ паҳнои мусоиди рушду инъикоси пасттарин хислатҳои инсонии кинаю адоват, ғараз, хусуматро дур аз виҷдони илмӣ фароҳам овардааст, ҳар миллат ба фарзандони асилу худшинос, зиёии ватандӯст ва инсони комилу солеҳ эҳтиёҷ дорад.

Чунин зиёие, ки сифати «ибн-ул-вақтро»(ибора аз Мавлонои Румӣ) дошта, ба даъватҳои таърихии замони нав ва таҳдидҳои бешумори олами ноором дар доираи манфиати миллат ва давлат ҷавоб дода тавонад, аломатҳои зиёди маънавӣ, фарҳангӣ, илмӣ, ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва этикиро бояд дар худ дошта бошад, ки таҳлили ҳамаҷонибаи он дар ҳаҷми як мақолае ғайриимкон аст. Вале қадамҳои нахустини чунин зиёиро барои олимони кишвар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар вохӯрӣ бо аҳли зиёи мамлакат рӯзи 19-уми марти соли ҷорӣ ироа карданд: «Тарғиби дастовардҳои даврони истиқлолият, пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, рушди илму маориф ва санъату фарҳанг бояд вазифаи аввалиндараҷаи олимон қарор гирад ва онҳо бояд ба сифати беҳтарин таблиғгарони ҷомеаи пешқадам якҷо бо омӯзгорону адибон ва дигар гурӯҳҳои равшанфикрон дар маҳалҳо садди роҳи ҳар гуна ақидаҳои тундравона гардида, зиракӣ ва боҷуръатиро аз даст надиҳанд». Дар ҳақиқат, бетарафиро касб накарда, ҷиҳати рафъи мушкилиҳо байни мардум будан ва ҳимоя кардани фазои маънавӣ, иттилоотӣ ва тафаккури халқ аз ҳар гуна шоибаҳои ифротӣ, фикрҳои фасодоваранда қадами нахустини зиёии ватандӯст ва муосир аст. Умуман, зиёии муосир бетараф буда наметавонад. Ғамхорӣ нисбат ба фардои фарзандони худ ва миллату давлат аз аломатҳои муҳими зиёии муосир ба шумор меравад.

А.Ғ. ХолиқзодаҶ.З. МаҷидзодаҶ.С. МуртазоқуловБ.А. Сафаров, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон