Омодагӣ барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар ноҳияи Ҷиргатол бомаром идома дорад. Аъзои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат бо ин мақсад дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия мунтазам чорабиниҳо мегузаронанд. Бояд тазаккур дод, ки дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷиргатол вобаста ба ин масъала ситод таъсис дода шудааст, ки ин рӯзҳо хеле фаъол мебошад. Роҳбарии Шӯрои собиқадоронро яке аз фарзандони обруманди ноҳия Мирзо Шарифов ба зимма дорад. Ӯ дар замони ҳукумати шӯравӣ дар вазифаҳои гуногуни ҳизбӣ ва давлатӣ кор кардааст ва яке аз шахсиятҳои маъруфи ноҳия ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки вохӯриҳои аъзои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат бо аҳолӣ хеле хуб мегузаранд ва ба иштирокчиёни он, хоса ба ҷавонон, таъсири хуб мерасонанд.
Муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Саидбек Бердиев низ аз мардони шуҳратёри ин диёр мебошад. Ӯ солҳои зиёд раиси Кумитаи иҷроияи меҳнаткашони ноҳияи Ҷиргатол буд. Дар вохӯриҳо онҳо баробари ҳикояҳо аз корномаҳои ҷанговарон ба муқобили фашизм ва саҳми сокинони ноҳия дар ақибгоҳ дар мавзӯи «Нест бод ҷанг!», «Сулҳу амонӣ беҳтарин неъмат» ва ғайра низ суҳбатҳо мегузаронанд. Ҳангоми гузаронидани суҳбат онҳо аз ҳаводисе, ки имрӯз дар давлатҳои гуногуни олам рух дода истодаанд, сухан карда, аз хунрезию бераҳмии дастаҳои хуношом, ки ҳар рӯз садҳо нафар мардуми бегуноҳро қатл менамоянд, шаҳрҳои ободро хароб мекунанд, бо дарду алам мисолҳо меоранд. Хулоса, сулҳу амонӣ, ваҳдати миллӣ ва дӯстии халқҳои оламро ташвиқ мекунанд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки чунин вохӯриҳо дар тарбияи ҷавонони ноҳия таъсири хуб мерасонанд.
Дар сурат: раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Ҷиргатол Мирзо Шарифов (аз чап) ва муовини ӯ Саидбек Бердиев баъди анҷоми вохӯрии навбатии худ бо ҷавонони ноҳия.
Д. МИРЗО, «Садои мардум»