Шомуддин Алиев ҷавонмарди заҳматкаш ва меҳнатдӯст аст. Чанд сол пеш вай дар деҳаи Зғараки деҳоти «Тавилдара»-и ноҳияи Тавилдара хоҷагии деҳқонӣ ташкил намуд. Хоҷагӣ дар ихтиёри худ даҳ гектар замини обии киштбоб дорад. Бояд ёдовар шуд, ки заминҳои ин мавзеъ хеле ҳосилхез мебошанд ва агар деҳқон хуб меҳнат кунад, ҳар сол метавонад ҳосили фаровон ба даст орад.
Соли гузашта аз сабаби қимат будани тухмӣ ҳамагӣ дар чор гектар картошка кишт карда тавонист. Дар боқимонда заминҳои хоҷагии деҳқонӣ ғалладона кишт кард. Коргарони хоҷагӣ тирамоҳ аз ҳар гектар 270 сентнерӣ картошкаи хушсифат ба даст оварданд.
-Дар ноҳияи Тавилдара 400 хоҷагии хурду калони деҳқонӣ фаъолият дорад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тавилдара пайваста онҳоро дастгирӣ менамояд. Аммо кишоварзон бо мушкилиҳое мувоҷеҳ мебошанд, ки барои ҳалли онҳо вақт лозим аст. Яке аз онҳо набудани анбор аст. Агар имконияти бунёди анборро медоштем, захираи тухмӣ шурӯъ аз фасли тирамоҳ осон мешуду арзон. Душвории дигар набудани лабораторияҳои тухмисанҷ мебошад. Агар дар минтақаи Рашт як лаборатория мавҷуд мебуд, картошкапарварони минтақа дар интихоби тухмии хушсифат иштибоҳ намекарданд. Ман хоҷагиҳоеро медонам, ки соли гузашта маблағи зиёд сарф карда, аз Ҷумҳурии Исломии Покистон тухмӣ оварданд. Мутаассифона, баъзе хоҷагиҳо тирамоҳ ҳатто баробари тухмии кишткардаашон ҳосил нагирифтанд. Агар лаборатория мебуд, чунин ҳодиса рух намедод, — гуфт дар суҳбат Шомуддин Алиев.
Ҳолатҳое ба мушоҳида мерасад, ки ҳамроҳи тухмӣ бемориҳое интиқол меёбад, ки на танҳо ба пешрафти соҳа латма мезанад, балки деҳқонро ба мушкилоти нав гирифтор менамояд. Хуб мебуд, ки дар ноҳияҳои мо хоҷагиҳои истеҳсоли тухмӣ ташкил мешуданд. Парвариши картошкаи тухмӣ аз тухмаки ботаникӣ яке аз роҳҳои алтернативии истеҳсоли картошкаи тухмӣ ба шумор меравад. Таҷриба нишон додааст, ки чунин тарзи кор ҳосилнокиро зиёд мекунад. Аз ҳар як гектар аз 400 то 700 сентнерӣ ҳосил гирифтан мумкин аст.
- Мушкили дигар сифати пасти нуриҳои минералӣ аст, ки имрӯз тоҷирони мо аз дигар кишварҳо ба Тоҷикистон ворид мегардонанд. Паёми имсолаи Президенти мамлакатро тариқи телевизион тамошо намуда, баъди чанд рӯз онро аз саҳифаи рӯзномаи «Садои мардум» мутолиа кардам. Суханони Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мо рӯҳу илҳоми тоза бахшид. Имсол ният дорам даҳ гектар картошка кишт кунам. Барои овардани тухмӣ маблағ пайдо кардам ва бо як нафар соҳибкор, ки ба овардани тухмӣ машғул мебошад, шартнома бастам. Айни ҳол дар хоҷагии деҳқонии мо 12 нафар кор мекунанд. Агар мо даҳ гектар картошка кишт кунем, шумораи коргарон низ меафзояд. Ман коргаронамро аз ҳисоби оилаҳои камбизоат ва бепарастор мегирам. Аз як тараф онҳо соҳиби ҷойи кор шаванд, аз тарафи дигар дар баробари гирифтани музди меҳнат аз ҳосили гирифтаам онҳоро бенасиб намемонам. Бовар дорам, ки фаъолияти мо боз беҳтар мешавад, зеро барои ин шароит фароҳам аст, — гуфт дар хотимаи суҳбат Шомуддин Алиев.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»