Хабарҳо аз Суғд

№48 (3349) 02.04.2015

Ҷоиза барои омӯзгорон

Баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва дар ин замина беҳтар намудани таълиму тарбияи насли наврас аз барномаҳои  меҳвари сиёсати имрӯзаи Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Дар ин иртибот қарори раиси вилояти Суғд аз 30 марти соли 2015 таҳти №158 ба тасвиб расидааст, ки мутобиқи он озмун барои дарёфти Ҷоизаи раиси вилояти Суғд дар соҳаи маориф эълон гардидааст.

Тавре аз хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд ин озмун бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи соҳаи маориф, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҳавасмандкунии моддию маънавии омӯзгорони болаёқат, пешқадаму эҷодкори муассисаҳои таълимӣ ва роҳбарони маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, ки дар таълиму тарбияи хонандагон ба дастовардҳои баландтарин ноил гардидаанд, гузаронида мешавад.

Озмун барои дарёфти Ҷоизаи раиси вилояти Суғд дар соҳаи маориф дар ду сол як маротиба гузаронида шуда, ҷоиза ба ғолибон аз ҷониби раиси вилоят дар машварати августии кормандони соҳаи маориф супорида мешавад. Ҷоизаи раиси вилояти Суғд дар соҳаи маориф  аз се мукофот иборат буда, маблағи ҳар яки он даҳ ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Абдувосит САЛИМЗОДА

Барандаи «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Дар шаҳри Душанбе барои дарёфти ҷоизаи «Ҷоми Академияи илмҳои Тоҷикистон» олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор шуд.

Тибқи иттилои корманди Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Нӯъмон Раҷабзода аз ин донишкада дар ин чорабинӣ шаш нафар донишҷӯён ширкат варзиданд. Қобили зикр аст, ки донишҷӯйи соли чоруми ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон Равшан Ҳакимов сазовори мақоми аввал, дипломи дараҷаи якум ва «Ҷоми Академияи илмҳои Тоҷикистон» гардидааст.

Ҳамчунин донишҷӯёни донишкада — Гулноза Солибоева, Муборак Қодирова, Мизроб Абдувоҳидов ва Сурайё Маъмурова дар олимпиада фаъолона иштирок карда, бо ифтихорномаҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Ҳусейни Н., «Садои мардум»

Бақайдгирӣ идома дорад

–Имсол муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Спитаменро 1603 нафар хонандагон хатм мекунанд ва бештари онҳо пас аз итмоми мактаб таҳсилро дар донишгоҳҳои олии кишвар идома хоҳанд дод.

Соли дуюм аст, ки қабул ба донишгоҳҳо тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, -  мегӯяд намояндаи ин марказ Акмал Тӯрабоев.

Бино ба гуфти ӯ, ин кор имкон медиҳад, ки пеши роҳи ҳар гуна фасодкорию ришваситонӣ гирифта шавад ва хонандагони арзандаю болаёқат ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ шомил гарданд.

Бақайдгирии довталабон аз санаи 1 март оғоз шудааст ва бино ба гуфти мавсуф, то санаи 1 апрели соли равон 483 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Спитамен аз қайди Маркази миллии тестӣ гузаштаанд. Бақайдгирии довталабон ба донишгоҳҳои олии кишвар то 15 апрели соли равон идома меёбад.

Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»