4 апрел – Рӯзи байналмилалии кумак ба амалиёти зидди минаҳо

Масоҳати минтақаҳои хатарнок коҳиш меёбад

№48 (3349) 02.04.2015

Ба муносибати Рузи байналмилалии кумак ба амалиёти зидди минаҳо дар Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо ҷамъомад доир гашт.

Дар ин чорабинӣ муваффақиятҳои дурнамои Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо ва ҳамшарикони он (ташкилоти Кумаки мардуми Норвегия, Фонди швейтсарии безарарсозии башардӯстонаи минаҳо ва Гурӯҳи поксозии башардӯстонаи минаҳо аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла гурӯҳи минаҷӯйии занони тоҷик) дар мавриди поксозии минтақаҳои хатарнок аз минаҳо, дигар муҳимоти нотаркидаи ҷангӣ ва дастгирии шахсоне, ки аз онҳо зарар дидаанд, зикр карда шуд. Намояндагони вазоратҳои мудофиа, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллӣ, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, инчунин Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, дигар ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ дар ин нишаст ширкат доштанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2000 узви Конвенсияи Оттава оид ба манъи истифода, захирасозӣ, истеҳсол ва таҳвили минаҳои зиддипиёдагард ва нобудсозии онҳо буда, дар коҳиши таҳдиди хатари минаҳо ва маводи нотаркидаи ҷангӣ баҳри амният, солимӣ ва ҳаёти мардуми кишвар саҳми муносиб дорад.

4 апрел, тибқи Қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ аз 8 декабри соли 2005, расман Рӯзи байналмилалии кумак ба амалиёти зидди минаҳо эълон гардидааст. Дар Тоҷикистон аз соли 2006 ин рӯз қайд шуда, бо ин восита сатҳи огоҳкунии аҳолӣ аз таҳдиди хатари минаҳо ва муҳимоти нотаркидаи ҷангӣ баланд бардошта мешавад. Тибқи иттилооти нопурра, дар Тоҷикистон аз соли 1992 инҷониб аз минаҳо ва муҳимоти нотаркида қариб 482 нафар одамон маҷрӯҳ ва 369 нафар ҳалок шудаанд, ки 30 фоизи онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд. Тӯли фаъолияти Барнома (солҳои 2003-2014) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масоҳати 14,5 млн. метри мураббаъ аз минаҳо тоза ва 55773 минаи зидди пиёдагард, 22 минаи зиддитанкӣ, 8454 муҳимоти нотаркидаи ҷангӣ, 501 адад бомбаҳои хӯшавӣ ошкору нобуд карда шудааст.

Конвенсияи байналмилалии ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдудро то ин дам 127 давлати ҷаҳон тарафдорӣ ва имзо кардаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон дар марҳилаи шиносоӣ ва омӯзиши ин Конвенсия қарор дорад.

Аз соли 1999 инҷониб Конвенсияи Оттаваро 161 ва Конвенсияи манъи муҳимоти хӯшавиро 111 кишвари дунё имзо намудаанд. Чорабинии мазкур имконият медиҳад, ки тарғиби манъи минаҳо тавассути табодули маълумот ва изҳори якдилӣ бо ҷабрдидагон ҷиҳати дастгирии конвенсияҳои байналмилалии дахлдор (аз ҷумла Конвенсияи Оттава, Конвенсияи ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд ва Конвенсия оид ба муҳимоти хӯшавӣ) дар сатҳи баланд гузаронида шавад.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»