Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ, масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, пойдории ваҳдату суботи ҷомеа ва воридшавии мафкураи бегона андешаву дастурҳои мушаххас пешниҳод намудааст. Аз ҷумла дар Паём омадааст:
«Бо дарназардошти вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаҳои тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоию сиёсии ҷомеа, иттиҳоди неруҳои созандаи кишвар ва ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ, инчунин таҳқиқи масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон эътибори аввалиндараҷа диҳанд».
Дарвоқеъ, масъалаҳои зикрёфта бояд мавриди таҳлили муҳаққиқони илмҳои ҷомеашиносӣ қарор гиранд, зеро баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ як гурӯҳ ҷомеашиносон аз арзишҳои илмии он замон ба куллӣ рӯй гардонида, яке худро диншиносу исломшинос, дигаре демократу сеюмин мухолифи сохти нав эълон намуда, ба зеҳну тафаккури мардуми кишвар таъсири манфӣ расониданд. Ҳатто андешаҳои барғалати бархе аз онҳо нисбати миллати тоҷик, арзишҳои миллӣ ва марзу буми кишварамон дар рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ ба назар мерасад. Ин як шакли фиреби сиёсиест, ки дар раванди ташаккули истиқлолияти том барои миллат хеле таассуфовар аст.
Замоне, ки илмҳои ҷомеашиносӣ рӯ ба таназзул меоранд ва мақоми худро аз даст медиҳанд, дар тафаккури мардум холигие пайдо мегардад, ки намояндагони дигар идеологияҳо барои таъсир расонидан ба мафкураи мардум аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд. Ҳамин тавр, бунёди мафкураи бегона дар чунин раванд барои рушди ҷомеаи мо хатарҳои воқеӣ эҷод карда метавонад.
Бояд зикр кард, ки маънои миллат, пеш аз ҳама, ифодагари мазмуни рамзӣ ва ҳолати рӯҳӣ буда, мардуми дар ҳудуди як давлат маскунбударо дар бар мегирад. Сарфи назар аз оне ки имрӯз дар зери мафҳуми миллат ҳам шаҳрвандони як мамлакат ва ҳам намояндагони як гурӯҳи этникӣ фаҳмида мешавад, он ҳамчун воҳиди иҷтимоӣ боз ҳам боқӣ хоҳад монд.
Ҳамчунин гуногунрангии ин мафҳум, аз ҷумла ба воситаи он ифода намудани умумияти этникӣ ва сиёсӣ ҳанӯз ҳам идома меёбад. Ба ақидаи бархе аз олимон истифодаи мафҳуми миллат дар мазмуни дуюм сермаҳсул ва самаранок ба шумор меравад. Ин аст, ки ҷомеашиносон Тоҷикистонро хонаи умеди тамоми тоҷикони дунё меноманд.
Бояд тазаккур дод, ки алоқамандии мафҳумҳои «миллат» ва «давлат» дар симои давлатҳои миллӣ ва давлатдории миллӣ таҷассум меёбад. Чунин ҳолат аз ҷониби кулли давлатҳои соҳибистиқлоли дунё, ки ҳамзамон узви комилҳуқуқи СММ ба шумор мераванд, эътироф карда мешавад. Дар миёни давлатҳои соҳибистиқлоли узви СММ пайдо намудани давлате, ки худро давлати миллӣ намешуморад, номумкин аст. Ҳатто он давлатҳое, ки таркиби этникии аҳолиашон хеле мураккаб аст, аҳолии худро миллат ва давлати худро давлати миллӣ эълом доштаанд.
Аз ин рӯ, масъалаи идеяи ташаккули миллат, шинохт ва устувор намудани омилҳои асосии он бояд зери назорати давлат қарор дошта бошанд, зеро бунёди ҳувияти миллӣ ва рушди ояндаи он низ аз ирода ва шуҷоатмандии шаҳрвандони давлат вобастагӣ дорад.
Боз яке аз омилҳое, ки ба манфиати ҳаётан муҳими миллӣ таҳдиду хатари воқеӣ эҷод мекунад, ин терроризм ва экстремизми сиёсию динӣ мебошад. Тавассути вусъат бахшидани ҳамкориҳои худ бо марказҳо, созмонҳои террористию экстремистии байналмилалӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои алоҳидаи хориҷӣ ин хатарҳо имрӯз ба проблемаи бузурги ҷамъиятию сиёсии башарият мубаддал гардидаанд.
Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз чунин хатару таҳдидҳо дар канор монда наметавонад. Ин зуҳуроти хавфноки ҷаҳонӣ ҳар замон метавонад сабабгори ба амал омадани ҳодисаҳои барои ҷамъият ва давлат хатарноку фалокатбор гардад. Мутаассифона, солҳои охир далелҳои шомилшавии ҷавонону наврасон ба сафи созмону ҳаракатҳои иртиҷоӣ-экстремистӣ афзоиш ёфта истодааст.
Бо вуҷуди он ки мо низоми дунявии давлатдориро ҳамчун роҳи рушди давлати миллӣ интихоб кардаем, аммо нақши рӯҳоният дар ҷомеа бештар рӯ ба афзудан дорад, ки он таваҷҷуҳи ҷавононро ба худ ҷалб менамояд.
Афзудани миқдори масҷидҳо нисбат ба муассисаҳои таълимӣ худ далели он аст, ки шакл гирифтани як низоми устувори динӣ ҳамчун як сохти мукаммал ба амал омада истодааст, ки мутаассифона, аз назари муҳаққиқону сиёсатмадорон дур мондааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки хусусан дар деҳот ҳаёти маънавии шаҳрвандон бештар зери нуфузи рӯҳониён қарор дорад.
Аз ҳамин сабаб омӯзгорон, махсусан ҷомеашиносон бояд ҳамчун роҳнамои маънавӣ дар ҷомеа мавқеи худро дошта бошанд. Тавре дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст».
Таҳсили ғайрирасмии толибилмони тоҷик дар муассисаҳои динии давлатҳои исломӣ ва будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафҳои ташкилотҳои террористии байналмилалӣ ин хатари ҷиддиест, ки метавонад ба ояндаи миллати мо таъсири манфӣ расонад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари толибилмонро нафароне ташкил медиҳанд, ки дониши дунявӣ надошта, ҷаҳонбинии онҳо дар доираи ғояҳои таассуб ташаккул ёфтаанд.
Илова бар ин, ҳоло дар шаҳри Душанбе ва минтақаҳои ҷумҳурӣ мактабҳои динии ғайрирасмӣ дар хонаву масҷид ва назди муллоҳои бо ном нуфуздор фаъолият менамоянд, ки чунин шакли таълим дар ояндаи наздик барои давлат ва миллати тоҷик эҳтимолияти хатари воқеӣ ба миён оварда метавонанд. Чунин ҳолат боиси зиёдшавии таъсири манфии фарҳангу маънавиёти бегона ва ҷаҳонбинии маҳдуд дар рафтори кӯдакону ноболиғон шудааст, зеро аксари кулли мударрисони ғайрирасмӣ маълумоти расмии динӣ надоранд ва аз саводи ҳуқуқӣ ва дунявӣ бехабаранд.
Бояд тазаккур дод, ки муқовимати намояндагони дин ба давлат ин баҳсест, ки мушкилоти зеҳнӣ дорад, зеро масъалаи асосӣ на баҳси вазъи динӣ, балки бо кадом роҳу воситаҳо ба даст овардани мавқеъ ва нуфуз дар ҷомеа мебошад.
Мутаассифона, ҳамаи ин мавқеъгириҳо ва кӯшишҳои бунёд намудани мафкураи бегона дар вуҷуди миллату дин заминаро барои афзудани сатҳи таассубу хурофоти динӣ, зуҳури радикализму экстремизми динӣ муҳайё месозад, ки қудратҳои ҷаҳонӣ он ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти динидоштаро дар амалӣ сохтани ҳадафҳои стратегӣ ва геополитикии худ метавонанд васеъ истифода намоянд.
Ҳамин тавр, агар таълимоти дурусти миллӣ ва тарбияи таҳаммулпазирӣ дар мактабу маорифи кишвар таҳти назорати ҷиддӣ қарор ёфта тавонад, бунёди мафкураи бегона зуҳур намеёбад. Маълум аст, ки абадияти ҳар миллат ин бардошти рӯҳи солим ва тарбияи маънавии он аст, вазифаи дин бошад, аз назорат ва ташаккули шуури ахлоқи ҳамида беш нест. Пас ҳар он чизе, ки имрӯз мо ба ҷавонон меомӯзем, фардо ахлоқу одоби миллиамон ҳамон хоҳад шуд. Ба андешаи мо, кишваре, ки элитаи таъсисдиҳандаи давлатӣ надошта бошад ва ё онро тарбия карда натавонад, бо мурури замон пойдории давлати миллиро аз даст медиҳад. Мабодо агар дин асоси ҷаҳонбинии мардум гардад, ҷой барои дигар шакли ҷаҳонбинӣ дар ҷомеа нахоҳад монд.
Ф.Энгелс дар мавзӯи дин баҳсе дорад, ки гӯё он дар натиҷаи тарсу ваҳми инсон дар назди ҳодисаҳои табиӣ ба вуҷуд омада бошад. Агар чунин аст, пас чаро мардум имрӯз на аз тарсу ваҳми ҳодисаҳои табиию динӣ, балки аз ҷаҳолати авомфиребони муллобашара зиёдтар хавфу хатарро эҳсос мекунанд? Ҳатто агар дар раванди ташаккулёбии одамони ибтидоӣ чунин ҳолат ҳам ҷой медошт, пас асоси мардумфиребиҳо на ба дину ҳодисаҳои табиӣ, балки ба торикии мафкураи онҳо вобаста мебуд.
Шояд чунин бошад, ки андешаи бегонаи ифротӣ ва ҷаҳонбинии паст ҳамеша ба манфиатҳои миллӣ хатари воқеӣ меоваранд. Аз ин бармеояд, ки ҳимояи арзиш ва манфиатҳои миллӣ бояд нақшаи дурнамои давлатӣ дошта, ҷомеашиносон дар тақдири насли оянда хеле масъулиятшинос бошанд.
А. МАҲМАДОВ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессори ДМТ