Дар ҳафтае, ки гузашт, ҲНИТ бори дигар расонаӣ шуд. Баҳс даври пешниҳоде мерафт, ки дар хутбаи намози ҷумъа қироат шуд ва дар он баста шудани фаъолияти ин ҳизби сиёсӣ тақозо мегардид. Андешаҳо дар ин замина мухталифанд. Аксари онҳое, ки ҷонибдори нигоҳ доштани ҲНИТ дар саҳнаи сиёсии ҷумҳурӣ мебошанд, якбора аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ёд карданду аз ҳуқуқу озодиҳо ва ғайра. Вале аз чӣ бошад, ки маҳз ҳамин гурӯҳ чанд соли охир зери мафҳуми ин озодиҳо ташвиқи идеологияи ғайрро ба роҳ мондаву заминаи ба созмонҳои террористӣ пайвастани ҷавонони тоҷикро фароҳам сохтанд. Зани тоҷикро даруни ҳиҷобу либоси аҷнабӣ дароварданду риши хашину почаҳои тобдодаро ба ҷузъи фарҳангу тамаддунамон табдил доданд.
Дар ин росто, саволҳои зиёде дар зеҳн пайдо мешаванд, ки посух мехоҳанд. Нахуст саволи матраҳ ин аст: оё дар кишваре, ки аксари кулли сокинонаш мусулмонанд, ниёз ба мавҷудияти ҳизби исломӣ ҳаст ё не? Вуҷуди он магар мусулмонони кишварро ба ҳуҷҷатдор (ҳизбӣ ва азизтар дар назди Худо) ва беҳуҷҷат (бегона) табақабандӣ намекунад? Магар бо ин роҳ наҳзатиҳо гуфтанӣ нестанд, ки ислом моли мост? Мақсади асосӣ, аҳдофи ниҳоии ин ҳизб чист? Агар мақсад шинос намудани мардум бо ислом бошад, ҳатмӣ нест, ки аъзои ҳизб бошӣ. Пас ҳадаф дигар аст. Дастрасӣ ба ҳокимият, ба даст гирифтани зимоми он. Мақсади ҳар ҳизбу ҳаракати сиёсӣ ҳам ҳамин аст. Аз ин ҷо бармеояд, ки кӯшиш дар роҳи ислом не, балки ба истифодаи он равона шудааст. Вожаи «ҳизб» ҳамеша бо сиёсат тавъам будаву боқӣ мемонад. Ба он часпонидани калимаи «ислом» фақат истифодаи ғаразнокро дар пай дорад. Ин ҷо ҳатто бӯйи ҳимояи ислому арзишҳояш ба машом намерасад. Яъне, ин ҷо дин ба сиёсат табдил дода шудааст. Бояд тазаккур дод, ки аксарияти рӯҳониҳои суннатии кишвар ҳамин нуктаро дарк карданд ва аз узвият ба ин ҳизб дурӣ ҷустанд, зеро мефаҳманд, ки ба ҳизб додани унвони исломӣ танҳо ба як хотир- гӯл задани мардум ва ба худ ҷалб кардани онҳост. То ҷое наҳзат тавонист, ки дар ин самт комёб ҳам гардад. Дар сафҳои худ аслан ҷавонҳои дар макотибу таълимгоҳҳои олӣ дарснадида ва занону духтарони хонанишинро гирд овард. Албатта, теъдоди соҳибмаълумотҳо дар доираи роҳбарияти ҳизб ва баъзе намояндагон –сарварони бахшҳои маҳаллии он ҳастанд, вале хеле маҳдуд. Аз нахустин рӯзҳои таъсиси ҳизб чунин буду чунин боқӣ монд. Ҳамеша ин ҳизб пайи пиёда намудани аҳдофи гурӯҳӣ талош дошт ва ҳаргиз манофеи миллиро ормони худ қарор надод, зеро ҲНИТ аз ниҳоди миллат бурун наомадаю решааш ба хориҷи кишвар пайвандӣ дорад ва аз ҳамон ҷо, аз сарчашмаи ақоиди барои тоҷик бегона ғизо мегирифту мегирад.
Дар саромади он ашхосе қарор доранд, ки сарфи назар аз дараҷаи баландтарини саводнокии мардуми шӯравӣ, аз ҷумла сокинони Тоҷикистон, камбуди дониши дунявӣ доштаю пинҳонӣ саводи динӣ гирифта буданд. Табиист, ки шуури ин гурӯҳ аз лиҳози таъсиррасонӣ осебпазир буд ва маҳз ин гурӯҳ, бодарназардошти маҳбубияте, ки ба ислом доштанд, ҳадафи берун қарор гирифтанд. Онҳоро ба хориҷ аз ҳудуди Тоҷикистон кашиданду дар шаҳри Астрахани Федератсияи Россия барояшон Ҳизби наҳзатро таъсис дода, бо нақшаи мушаххаси тарҳрезишуда ба Тоҷикистон баргардониданд. Он таърихи беш аз чилсолаи ҳизбиеро, ки алоҳида наҳзатиҳо мегӯянд, қисмати дигари ҳамҳизбонашон, онҳое, ки дар конфронси Астрахан ширкат доштанд, инкор мекунанд ва таъсиси ҳизбро бо номи худ тавъам медонанд. Дар ҳамин шаҳр ва дар ҳамон рӯзҳо Ҳизби исломии растохези Ӯзбекистон низ созмон дода шуда буд, ки баъдтар дар пояи он Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ташкил ёфт ва ҳоло ҳамчун созмони террористӣ шинохта шудааст.
Ана дар ҳамин сафҳаи барои ҲНИТ таърихӣ исми Ҳайдар Ҷамол (шаҳрванди Федератсияи Россия, раиси Кумитаи исломии Федератсияи Россия) рӯ мезанад ва аз ӯ ҳамчун муассиси Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Шӯравӣ ном бурда мешавад. Мавсуф дар навбати хеш, худро яке аз поягузорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон медонад ва ҳамчун пешвои маънавии онҳо дар аксарияти чорабиниҳои муҳими сиёсии ҲНИТ то имрӯз ширкат мекарду мекунад.
Пешниҳод дар хусуси қатъ кардани ҲНИТ такони сахте барои Ҳайдар Ҷамол гардид, зеро, тавре худи ӯ чандин дафъа таъкид карда буд: «аз фарзанди таъсисдодааш нишона танҳо дар Тоҷикистон монда буд». Ӯ Ҳукумати Тоҷикистонро зери интиқоди шадид гирифт ва таҳти таъсири эҳсосот, шояд алорағми хостаи худаш, пайвастагии ҲНИТ-ро бо хориҷи кишвар ифшо кард («Озодагон», 28 марти соли 2015 ). Баҳсеро нуқтаи таммат гузошт, ки солҳо идома дошт. Ҳукумат ҳамеша бо иртиботи ҲНИТ бо хориҷ мегуфту наҳзатиҳо онро инкор мекарданд. Ҳ.Ҷамол мегӯяд: «Эмомалӣ Раҳмон ҳис кард, ки дигар Муҳиддин Кабирӣ — раиси ҲНИТ пуштибонии ҷиддиеро аз хориҷ надорад. Маъмулан пуштибони ин ҳизб эрониҳо буданд, вале ин кишвар низ муддатҳо инҷониб аз ин ҳизб норозӣ буд. Эрониҳо бар ин назар ҳастанд, ки Кабирӣ сиёсатмадори аз ҳад зиёд нармтабиату муросокор аст ва аз тамоми имкониятҳои ҳизбаш истифода намекунад». Ҳамин тавр, Ҳайдар Ҷамол бо хориҷа иртибот доштани ҲНИТ-ро дақиқан ошкор кард.
Сарфи назар аз он ки ҲНИТ дар даргириҳои миёни тоҷикон дасти бевосита дошт, манфиатҳои умумимиллӣ аз қаҳру ситеза, ҳисси ниқору интиқом болотар гузошта шуданду ба он ҳуқуқи фаъолияти қонунӣ дода шуд. Вале муддати мадиде сипарӣ гашту шуури бо андешаи бегона махлутгашта натавонист худро бо шароити навин мутобиқ созад. Наҳзатие, ки дар замони шӯравӣ худро ба оғӯши ақидаи аз берун воридшуда партофта буд, дар шароити кишвари соҳибистиқлол низ тарки он оғӯш накард. Ҳатто баъди он ки дар мақоми сарвариаш галстук ҷойи салларо гирифт, муносибат бо арзишҳои миллӣ тағйир нахӯрд. Тазоди рӯзгорро бубинед, ки Имоми Аъзам бо донишу фазли оламшумули исломии худ араберо, ки бо захму тарси табар дигаронро мусулмон мекард, маҷбур сохт, ки ба хондани намоз бо забони тоҷикӣ-форсӣ ризоият диҳад. Шоҳ Исмоили Сомонӣ, бо он ки дар давлати билкул исломӣ фармонравоӣ дошт, таҳти таъсири устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гуфтугӯ ва ҳуҷҷатгузориро дар дарбор бо арабӣ манъ кард. Фирдавсии бузургвор, ки дар муҳити саропо исломӣ ба сар мебурд, аз арабу фалсафаи араб ба танг омадаву хитоб кард: «Чу бахти араб бар аҷам чира гашт, Ҳама рӯзи ирониён тира гашт». Лекин наҳзатии имрӯзаи мо талқину ташвиқ мекунад, ки «ба ҳама халқ саромад араб аст».
Имрӯз дар ҷумҳурии ҳамсоя ва бародарамон Афғонистон садҳо ҳизбҳои исломӣ амал мекунанд. Беш аз 35 сол аст, ки яке бо дигаре дар «ҷиҳод» асту мусулмонкушӣ доранд. Чунин ҳолат Покистон, Ироқ, Миср, Сурия, Либия, Тунис, Яман ва дигар кишварҳои арабиро фаро гирифтааст, вале барои наҳзатиҳои мо дарс намешавад. Сиёсатмадори шинохтаи тоҷикасл ҳамаи ин даҳшату офатҳоро бо чашми худ дар ҷони худ чашида, маҳз барои мо- тоҷикони Тоҷикистон қабл аз маргаш насиҳат карда буд: «Доштани давлат ба унвони як бистар масъалаи бисёр асосист, ҳамаи неруҳо ва ҳамаи мардум бояд донанд, ки имрӯз ҳифзи давлат асл аст. Аввал давлат, аввал ҳифзи давлат, баъд аз он идеологияҳо, тарҳҳо ва ҳадафҳои дигар» («Миллат» №20(298) аз 19 майи соли 2011, саҳ.8).
Чӣ метавон гуфт баъди ин нуктаҳо? Нисбати давлате, ки аз мавҷудияташ собиқ Президенти кишвари дигар бо эҳтиром, эҳтимом, эҳтиёт ва ҳамзамон бо ифтихор ҳарф мезаду ҳифзи онро мисли гавҳараки чашм тақозо мекард. Муллоҳои галстукдори хондаву донандаи мо бошанд, замоне толибонро мояи намуна ва пешвои онҳо — мулло Умарро «прагматик» эълон карданд. Иртиҷоиёнеро, ки садҳо ҳазорро муҷиби марг кардаву бо инфиҷори осори тамаддуни насли башарият душмани инсоният буданашонро ифшо карданд. Чуноне ки ваҳшиёни Давлати исломӣ имрӯз худро намоиш дода истодаанд.
Акнун, баъди ин ҳама ҳарфҳо, боз сари ҳамон пешниҳоде мегардем, ки ҷомеаи мо ба ҲНИТ ниёз дорад ё не? Мардуми тоҷик дар интихоботи охири парлумонӣ андешаашро ҳамчун посух ба ин савол баён дошт. Ҳоҷати такрор нест. Яке аз асосгузорони аслӣ ва пешвои маънавии ҲНИТ Ҳайдар Ҷамол рӯирост робитаи ҲНИТ-ро бо хориҷа, идорашавӣ ва пуштибонии онро аз берун эълон кард. Пас нигаҳдории ҳизбе, ки манфиати ғайрро аз оромии миллати худ болотар мегузорад, барои мо зарурат дорад?
Валиҷони Камол