Якуми апрели соли 2015 Амири Давлати Кувайт Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта шудааст:
«Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони дӯст!
Бо арзи дуруду паём…
Бо сипоси беандоза номаи хуҷастаи Шуморо, ки зимни он моро ба муносибати 20 -солагии барпо шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намудед, қабул кардам.
Бо изҳори ташаккури самимӣ ба Шумо барои таманниёти некатон мо низ Шуморо, Ҷаноби Олӣ, ба ин муносибати фархунда табрику таҳният мегӯем ва ҳамзамон аз муносибатҳои неки дуҷонибаи ду кишвари дӯст, ки онро рӯҳияи ҳамдигарфаҳмиву қадршиносиву эҳтироми мутақобила фарогир аст, меболем. Мо талоши бардавом ва муштараки худро баҳри таҳкими ин равобит ва тавсеаи зарфиятҳои ҳамкории муштарак байни ду кишвар ба самтҳои фарохтар, ки дар хидмати манфиатҳои мутақобила хоҳад буд, таъкид менамоем.
Бо беҳтарин таманниёт, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, камоли сиҳатмандиву хушбахтӣ, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми дӯсти он пешрафту шукуфоии комил ва ба муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳои дӯстамон густаришу нумӯи беш аз пешро орзумандем.
Ҷаноби Олӣ, сипоси самимии моро бипазиред».
www.president.tj