Ҳамкорӣ бо САҲА афзалияти муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

№49 (3350) 04.04.2015

Рахмон

Якуми апрели соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси амалкунандаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), муовини якуми сарвазир-вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия Ивитса Дачичро ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат чунин изҳор дошт: «Мо Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупоро бузургтарин созмони минтақавӣ дар соҳаи бехатарӣ мешуморем ва ҳамкорӣ бо он аз самтҳои афзали сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст». Ҳамчунин ба нақши САҲА дар пешгирӣ аз муноқишаҳо, ҳалли буҳронҳо ва барқарорсозии пасазмуноқишавӣ баҳои баланд дода шуд.

Аз ин хотир, изҳори бовар карда шуд, ки дар пешгирӣ аз буҳронҳо ва бартарафсозии монеаҳои сунъӣ дар роҳи рушди ҳамкории созандаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ нақши САҲА эҳсосшаванда хоҳад буд.

Ба масоили ҳамкорӣ дар самти пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, пешгирӣ аз хатарҳои терроризму ифротгароӣ, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шуд.

Масъалаҳои вобаста ба рушди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодии матбуот низ аз мавзӯъҳои суҳбат буд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Сербия сурат гирифт.

www.president.tj