Чанде пеш дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назриев ҷаласаи васеи панҷуми Гурӯҳи корӣ доир ба ҳамоҳангсозии кор ҷиҳати татбиқи Нақша-чорабиниҳо оид ба такмил ва рушди савдо, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» баргузор гардид.
Аз рӯи натиҷаи ҷаласа қарор оид ба тасдиқи чорабиниҳои Гурӯҳи кории байниидоравӣ вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» барои нимсолаи аввали соли 2015 қабул карда шуд. Мақсади асосии қабул ва татбиқи қонуни мазкур таъмини шаффофияти фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи савдо, хӯроки умумӣ ва хизматрасониҳои маишӣ, муҳайё кардани фазои мусоид барои рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна, ҷалби сармоя бо мақсади рушди минбаъда ва такмили савдо, инчунин хӯрокӣ умумӣ дар кишвар, баланд бардоштани сифати молу маҳсулоти фурӯхташаванда ва ғайра мебошад.
Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ш. АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»