Мулоқоти раиси вилояти Суғд бо соҳибкорони Ҷумҳурии Халқии Хитой

№50 (3351) 07.04.2015

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар шаҳри Хуҷанд бо сарвари тозатаъини Ширкати кӯҳӣ — саноатии Тоҷикистону Хитой Эн Джи Сай ва ҳайати ҳамроҳонаш мулоқот намуд. Зимни ин дидор Эн Джи Сай оид ба фаъолияти кунунии корхона иттилоъ дод ва гуфт, ки баҳри афзун намудани истеҳсоли маҳсулот тадбирҳои мушаххас амалӣ мешавад.

Алҳол корхонаи коркарди маъданҳои кӯҳии Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой дар шаҳраки Зарнисор фаъолият дорад, ки он ба коркарди аввалияи маъдани руҳ ва сурб машғул буда, дар ин корхона беш аз 1100 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд, дар ҷараёни суҳбат сохтмони Комбинати металлургӣ дар шаҳри Истиқлол низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Соли ҷорӣ дар ҳудуди Корхонаи муштараки Тоҷикистону Хитой қисмҳои эҳтиётӣ барои таҷҳизоти корхонаву автомобилҳо ва сохтмони корхонаи истеҳсоли аккумулятор оғоз мегардад, ки барои иҷрои ин тарҳҳо маблағҳои сармоягузорони Ҷумҳурии Халқии Хитой равона мешавад.

Раиси вилояти Суғд таъкид намуд, ки корхона барои ободонии шаҳри Истиқлол, аз ҷумла таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, таъмиру ба истифода додани хобгоҳҳои истиқоматӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои иҷтимоӣ саҳмгузор аст.

Абдувосит САЛИМЗОДА