Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№50 (3351) 07.04.2015

DSC_1444

6 апрели соли 2015  таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров  ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи ҷаласаи Шӯро тасдиқ шуд. Сипас, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ш.Раҳимзода, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ҳ.Қурбонзода, оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон М.Ватанов, оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷ.Маҷидзода, раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон О.Бобоев, раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба одоби вакилон М.Давлатов ва раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор А.Холмуҳаммадзода масъалаҳои зерини рӯзномаро ба муҳокимаи аъзои Шӯро пешниҳод намуда, тавзеҳ доданд: «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи суғуртаи мутақобила», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар хусуси Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ», «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими амният», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоб намудани ҳайати Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоб намудани ҳайати Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба одоби вакилон» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоб намудани ҳайати Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор».

Дар ҷараёни баррасии масъалаҳои рӯзнома дар ҷаласаи Шӯро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба як қатор масъалаҳо пешниҳоду эродҳо  баён доштанд. Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти нукоти зикргардида, аз рӯйи масъалаҳои мавриди муҳокима қароргирифта таври алоҳида қарорҳо қабул намуд ва ин масъалаҳо барои баррасӣ ба ҷаласаи Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод шуданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои дигари рӯзнома -  «Дар бораи ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ», «Дар бораи пешниҳоди вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шомил шудан ба ҳайати комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ва «Дар бораи тасдиқ кардани ҷадвали қабули шаҳрвандон аз тарафи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарорҳои алоҳида қабул кард.

Ҳамзамон қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои охирини рӯзнома — «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қабул гардиданд.

Дар фарҷоми ҷаласаи Шӯро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров доир ба масъалаҳои марбут ба фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар намуда, ба масъулону мутасаддиён дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҷумъахон НАБОТОВ,  «Садои мардум». Суратгир А.ИСОЕВ