6 апрели соли 2015 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи масъулинро ба натиҷагирии амиқ аз ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи аввали соли ҷорӣ ва иҷрои нишондодҳои барномавӣ оид ба таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр нигаронида, дастур дод, ки дар ин самт тамоми потенсиали мавҷуда баҳри фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи сокинон сафарбар карда шавад.
Бо дарназардошти анҷоми муваффақонаи мавсими зимистонгузаронӣ ва бо мақсади роҳандозии омодагиҳо ба тирамоҳу зимистони навбатӣ дар ҷаласа аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев супориш дода шуд, ки лоиҳаи қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе бо дақиқ намудани нақшаҳои реалии фаъолияти самарабахш ва вазифаҳои сохторҳои муҳандисии хизматрасону роҳбарони субъектҳои хоҷагидорӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ то 15 апрели соли ҷорӣ, баъд аз ба мувофиқа расонидан бо раисони шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, барои ба тасвиб расонидан ба Раиси шаҳр пешниҳод карда шавад.
Ҳамчунин тибқи супориши Маҳмадсаид Убайдуллоев то 1 июни соли 2015 фаъолияти шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар шаҳр аз ҷониби комиссияи босалоҳияти ҷамъиятӣ ва прокуратураи шаҳр оид ба риоя ва таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» мавриди санҷиш қарор мегирад. Ҳамзамон баҳри мусоидат ба рушди соҳибкорӣ ва таъмини волоияти қонун дар пешбурди фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ дар шаҳр роҳбарони сохторҳои марбута муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати роҳ надодан ба санҷишҳои ғайриқонунии мақомоти дахлдор чораҳои муассир андешанд.
Дар иртибот ба таъмини хизматрасонии бонизоми нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ ва дар хатсайрҳо ҳамарӯза, шурӯъ аз 15 апрел, аз соати 6-и субҳ барои то 70 фоизи иқтидор сафарбар кардани воситаҳои нақлиёти коммуналию хусусӣ дар ҷаласа масъулини соҳа вазифадор карда шуданд. Инчунин баҳри коҳиш додани тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар шаҳр муқаррар карда шуд, ки аз 9 апрел воридшавии ҳама гуна воситаҳои нақлиёти ғайришаҳрии мусофиркашонӣ ба ҳудуди шаҳр манъ ва таваққуфи онҳо дар чор даромадгоҳҳои шаҳр муайян карда шавад.
Ба изофа дар ҷаласа масоили таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, беҳбудбахшии вазъи санитарию экологӣ, вусъати корҳои сабзкорию ниҳолшинонӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, 11 апрел мутобиқ ба Қарори марбутаи Раиси шаҳр сафарбарсозии аҳли ҷамоатчигӣ ба маъракаи оммавии ниҳолшинонию ободонӣ, назорати риояи муқаррароти қонунгузорӣ оид ба манъ доштани парвариш ва нигоҳдории чорвои хурду калон дар қаламрави шаҳр, безараргардонии сагҳои дайду, дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани каналу селпартоҳо, раҳнамунсозии иқтидори соҳибкорон, сохторҳои худфаъолияти ҷамъиятию аҳли ҷомеа, сокинону субъектҳои хоҷагидорӣ дар ободонии роҳҳои дохилишаҳраку маҳаллагузар, роҳандозии либоси ягонаи таъинотӣ дар тамоми субъектҳои хизматрасонӣ ва роҷеъ ба иҷрои нишондодҳои Сарвари давлат бобати ҷудо намудани қитъаи замини зарурӣ дар шаҳр баҳри бунёди «Муҷассамаи Модар» ва Маҷмааи кӯдакон бо номи «Меҳри Модар» мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас ироа гардиданд.
Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев тибқи анъана қабули шаҳрвандоне, ки муроҷиатҳояшон дар сатҳи муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо ҳалли худро пайдо накардаанд, сурат гирифт.
Ш. САИДОВ, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе