Иҷрои Фармони Президент

Хизмат ба Ватан қарзи шаҳрвандист

№51 (3352) 08.04.2015

Ҷавонони баору номуси кишварамон бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ дар ин рӯзҳои баҳорӣ барои ҳимояи марзу буми Ватан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуда, мехоҳанд қарзи шаҳрвандии худро назди давлату миллат адо намоянд.

Дар ноҳияи Файзобод якбора 35 нафар ҷавонони синни даъватӣ ихтиёран ба Комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шуда, бо рӯҳияи баланд фарзанди ҳақиқии миллат буданашонро исбот намуданд. Ин буд, ки роҳбарияти Комиссариати ҳарбии ноҳия ба ҷавонони ихтиёран ба хизматомада арзи сипос намуда, ин рӯзро дар ҳаёти онҳо ҳамчун рӯзи фаромӯшнашаванда  номид.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон як мактаби обутоби ҳаёт аст. Аз ин рӯ, аз даъватшавандагон хоҳиш карда шуд, ки тӯли ду соли оянда онҳо бояд аз ин мактаби мардонагӣ бо сари баланд гузаранд. Он рӯз ин ҷавонони баномуси кишварро падару модарон ва наздиконашон гусел карданд.

Роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва Комиссариати ҳарбии ноҳияи Файзобод барои ба воя расонидани чунин фарзандони баору номус ба волидони онҳо миннатдорӣ баён намуданд.

***

Дар даъвати баҳории соли равон зиёда аз 50 нафар ҷавонони ноҳияи Шаҳринав барои хизмат ба сафҳои Артиши миллӣ сафарбар гардиданд. Ҳангоми гусели наваскарон комиссари ҳарбии ноҳия полковник Абдулазиз Бӯстонов суханронӣ намуда гуфт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як ҷавон шаъну шарафи бузург ва қарзи шаҳрвандии ҳар инсон дар назди Ватан-Модар мебошад.

Тантанаи гусели наваскарон дар майдони Комиссариати ҳарбии ноҳия бо иштироки падару модарон ва роҳбарону фаъолон дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ баргузор гардид. Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҷанговарони башардӯст аз номи волидайн суханронӣ карда, ба даъватшудагон дуои нек доданд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»