8 апрели соли 2015 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.
РАИС: — Вакилони арҷманд!
Тавре огоҳӣ доред, рӯзи 3-юми апрели соли равон дар деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод дар натиҷаи фаромадани ярч даҳ нафар сокинони ин деҳа таври фоҷиавӣ ба ҳалокат расиданд.
Ин даҳ нафар барои тармими қубурҳои канали оби деҳа, яъне ба нияти кори савоб ба пушта баромада, баъди анҷоми кор ба чунин фалокат гирифтор шуданд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Асозода ба ҷойи ҳодиса рафта, таъзияи мову шуморо ба наздикону ақрабони ҳалокшудагон расонида буд.
Бо вуҷуди ин, мехоҳам бори дигар аз номи вакилони Маҷлиси намояндагон, шахсан аз номи худам, ба ҳама наздикон, хешу табор ва ҳамдеҳаҳои ҳалокшудагон изҳори тасаллият намуда, барояшон аз даргоҳи Худованди мутаол сабри ҷамил талаб намоям.
Ҳамаамон ба даргоҳи Худованд дуо менамоем, ки рӯҳи ҳалокшудагон шод ва ҷояшон ҷаннат бошад.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:
1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015»
2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи мутақобила»
3. Дар хусуси Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳо- иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ
4. Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими амният
5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»
6. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
7. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоб намудани ҳайати Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
8. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоб намудани ҳайати Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба одоби вакилон»
9. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоб намудани ҳайати Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор».
РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дода мешавад.
Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият пайваста барои рушди соҳаи фарҳанг, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоию фарҳангӣ ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Сохтмон ва барқарорсозии якчанд муассисаҳои фарҳангӣ, бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонидан ва беҳтар намудани базаи моддию техникии онҳо, аз ҷумла сохтмони Театри миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳанд.
Ҳамин тавр, аз ҳисоби Буҷети давлатӣ барои рушди соҳаи фарҳанг дар солҳои 2012-2014 зиёда аз 1,5 млрд. сомонӣ равона карда шуда, дар соли 2015 барои ин мақсад 736,5 млн. сомонӣ пешбинӣ карда шудааст. Аз ҷумла барои нигоҳдорӣ ва фаъолияти китобхонаҳо – 51,8 млн. сомонӣ, осорхонаҳо ва намоишгоҳҳо -10,8 млн. сомонӣ, барои телевизион ва радиошунавонӣ – 77,3 млн. сомонӣ, барои матбуоти даврӣ ва нашриётҳо -19,7 млн. сомонӣ, барои чорабиниҳои фарҳангӣ — 180,3 млн. сомонӣ ва барои фаъолияти дигар соҳаҳои фарҳанг – 396,6 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Бо ҳамин мақсад лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия ва ба баррасии шумо пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи қарори мазкур бо мақсади озод намудани кор ва хизматрасонии фармоишгар ва пудратчии асосии сохтмони Театри миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида таҳия шудааст.
Бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишгар ва пудратчии сохтмони театри мазкур тасдиқ шудааст.
Тибқи маълумоти мавҷуда муҳлати сохтмони театри мазкур панҷ сол муқаррар шуда, барои сохтмони он тақрибан 680 млн. сомонӣ равона мешавад.
Ҳамзамон хотирнишон менамоям, ки сохтмони Театри миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 январи соли 2012 таҳти №30 «Дар бораи ворид намудани илова ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 таҳти №369 «Дар бораи объектҳои махсусан муҳим» ҳамчун объекти махсусан муҳим эътироф шудааст, ки воридоти мол ва маводҳои сохтмонӣ барои объекти мазкур аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод мебошанд.
Ҳадафи сохтмони иншооти мазкур ин мубаддал гардонидани театри миллии мазкур ба маркази бузурги фарҳангии ҷумҳурӣ, ки аз се толори барҳавои дорои 2460, 1200 ва 940 ҷойҳои нишаст дар алоҳидагӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ, иттилоотию фарҳангӣ иборат мебошад, маҳсуб меёбад.
Шароити имрӯзаи иқтисодиёти кишварро ба инобат гирифта, бо дарназардошти он ки сохтмони иншооти мазкур баҳри таъмини қисмати зиёди шаҳрвандон бо ҷойи нави корӣ ва мусоидат намудан ба сарчашмаи иловагии даромади онҳо, инчунин ворид гардидани маблағҳои иловагӣ ба Буҷети давлатӣ аз ҳисоби андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ дар назар дошта мешавад, хоҳишмандем, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Доир ба ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.
ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул: — Муҳтарам Раис, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2015 таҳти № 2 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади озод намудани фармоишгар ва пудратчии асосӣ оид ба сохтмони Театри миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида пешниҳод шудааст.
Мувофиқи лоиҳа пешниҳод мешавад, ки ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» қисми 7 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Дар соли 2015 иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгар ва пудратчии асосӣ оид ба сохтмони Театри миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида озод карда мешаванд».
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» Фармоишгар ва Пудратчии асосии объекти мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст ва инчунин воридоти мол барои сохтмони иншоот тибқи номгӯй ва дар ҳаҷме, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, аз пардохти андоз озод карда мешаванд.
Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон баҳри такмили он се таклиф пешниҳод намуданд. Аз таклифҳои пешниҳодшуда 1-тоаш қабул, 1-тоаш қисман қабул ва 1-тоаш қабул нашуд. Таклифҳои қабулшуда дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.
Дар ҷаласаи васеи кумита 1 апрели соли 2015 лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибдорӣ шуд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории он овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи мутақобила» сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дода мешавад.
Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи мутақобила» пешниҳод шудааст.
Мақсад аз пешниҳоди илова ба қонуни мазкур эҳё ва фаъол намудани фаъолияти иштирокчиёни ҷамъиятҳои суғуртавии мутақобила дар бозори суғуртавӣ, ки аз фишангҳои муосири хизматрасонии бозори суғуртавӣ аст, ба ҳисоб меравад.
Гарчанде аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи мутақобила» шаш сол гузашта бошад ҳам, мутаассифона, то ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҷамъияти суғуртаи мутақобила таъсис дода нашудааст.
Бояд зикр кард, ки ҷамъиятҳои суғуртаи мутақобила яке аз иштирокчиёни фаъоли бозори суғуртавии аксари давлатҳои ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар кишварҳои пасошӯравӣ — Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон чунин ҷамъиятҳо мунтазам фаъолият менамоянд.
Механизми истифодаи суғуртаи мутақобила ҳар як иштирокчии худро муайян месозад.
Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъияти суғуртаи мазкур ташкилоти ғайритиҷоратии суғурта ба ҳисоб рафта, дар асоси узвияти ихтиёрӣ таъсис дода мешавад.
Принсипҳои суғуртаи мутақобила ин умумӣ будани манфиатҳои молу мулк, баробарии ҳуқуқ, уҳдадориҳо, ҳимоя ва масъулияти мутақобилаи аъзои ҷамъият мебошад.
Якҷоя амал кардани ҷамъиятҳои суғуртаи мутақобила дар бозори суғурта бо ташкилотҳои суғуртавии шакли моликияташон гуногун (саҳомӣ) баҳри рақобати солим шароит фароҳам менамояд.
Фаъолияти ҷамъиятҳои номбурда дар навбати худ, ҳаққи суғуртавии намудҳои суғуртаи шахсиро, ки бо ҳаёт, саломатӣ, қобилияти корӣ ва таъмини нафақавии аъзои ҷамъият вобаста аст, нисбат ба ҳаққи суғуртавии ташкилотҳои суғуртавии саҳомӣ, ки шаҳрвандон ва ташкилотҳо мехоҳанд кормандони худро аз ҳисоби худ суғурта намоянд, бо арзиши нисбатан арзон метавонанд хизматрасонӣ кунанд.
Фаъолияти ҷамъиятҳои мазкур ва механизми ҳаҷми фондҳо, пардохти ҳаққи суғуртавӣ, ҷуброни суғуртавӣ ва дигар меъёрҳои суғуртавӣ дар маҷмӯъ, сохтори идоравии фондҳои мазкур аз рӯйи оинномаи худи ҷамъиятҳо ба роҳ монда мешавад.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ объектҳои суғуртаи мутақобила тибқи моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи мутақобила» танҳо суғурта намудани молу мулк, масъулияти шаҳрвандӣ ва таваккали соҳибкориро дар бар мегирад, яъне ҳуқуқи амалӣ намудани суғуртаи шахсиро (ҳаёт, саломатӣ, қобилияти корӣ ва таъмини нафақавӣ) надоранд.
Бинобар ин, пешниҳод мегардад, ки ба моддаи 4-и қонуни мазкур зербанди нав бо мазмуни зерин «-ҳаёт, саломатӣ, қобилияти корӣ ва таъмини ихтиёрии нафақаи аъзои ҷамъият (суғуртаи шахсӣ)» ворид карда шавад.
Дар ин ҳолат дар доираи фаъолияти ҷамъиятҳои суғуртаи мутақобила ҳаёт, саломатӣ, қобилияти корӣ ва таъмини нафақаи аъзои ҷамъият, яъне кормандон бо нархи арзон бо суғурта фаро гирифта мешаванд.
Афзалияти дигари ворид кардани объекти суғуртаи шахсӣ дар моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи мутақобила» аз он иборат мебошад, ки маблағҳои «муваққатан озод»-и ҷамъиятҳои суғуртаи мутақобила дар суғуртаи шахсӣ, метавонад маблағҳои сармоягузориро дар бозори молиявӣ низ зиёд намояд.
Бинобар ин, ворид намудани объекти суғуртаи шахсӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи мутақобила» сифати хизматрасониро дар бозори суғурта баланд карда, шумораи хизматрасонии суғуртаи шахсиро бо ҳаққи суғуртавии арзон зиёд мегардонад.
Қонуни мазкур эҳтимолияти мукаммалгардониро дар оянда талаб менамояд, ки бо беҳтар гардонидани фазои бозори суғурта ва андӯхтани таҷрибаи муосир қисматҳои алоҳидаи қонун низ таҷдиди назар карда мешаванд.
Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Низом Қосим дода мешавад.
Низом ҚОСИМ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи мутақобила», ки бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли равон таҳти №4 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Ҳадафи он ҳифзи бештари ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандон ва ба вуҷуд овардани рақобати солим дар бозори суғурта мебошад. Он аз як ҷониб, алтернативаро дар ин соҳа таҳким бубахшад, аз тарафи дигар, барои шаҳрвандон ва ташкилотҳое, ки илова ба суғуртаи ҳатмии давлатии иҷтимоӣ кормандонашонро аз ҳисоби худ суғурта мекунанд, имконияти иловагӣ ба вуҷуд меорад ва ба гардиши маблағҳои иловагӣ дар ин соҳа мусоидат менамояд.
Шаш кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ карданд. Аз ҷониби Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ шаш таклиф пешниҳод шуд ва аз ин шумора се таклиф қабул, ду таклиф қисман қабул шуд ва як таклиф қабул нашуд.
1 апрели соли 2015 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи мутақобила» дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ бо иштироки намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифта, дастгирӣ ёфт.
Бо мақсади баррасии эроди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров, ки дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён шуд, бо иштироки аъзои кумита, намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, ҳуқуқшиносон ва мутахассиси соҳа –корманди Хадамоти давлатии назорати суғуртавии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳа бори дигар мавриди назар қарор гирифт ва ба он калимаи «ихтиёрӣ» илова карда шуд.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ буда, амалӣ намудани он маблағи иловагиро талаб намекунад.
Хоҳишмандем, ки ба ҷонибдории он раъй диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар хусуси Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳо – иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ сухан ба муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паноев Суҳроб Музофирович дода мешавад.
Суҳроб ПАНОЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳо-иштирокдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ 20 ноябри соли 2013 дар шаҳри Санкт-Петербург аз ҷониби сарони ҳукуматҳои ИДМ ба имзо расонида шудааст.
Созишномаи мазкур дар асоси қоидаҳои Изҳороти муштараки давлатҳо-иштирокдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷиҳати иҷрои дастурамалҳо, Консепсияи ҳамкории давлатҳо-иштирокдорони ИДМ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ, ки аз 10 октябри соли 2008 бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тасдиқ гардидааст, таҳия шудааст.
Созишнома аз дебоча ва 15 модда иборат буда, дар он зарурати таҳия ва ба имзо расонидани Созишнома, инчунин масъалаҳои ҳамкорӣ пурра ва мушаххас дарҷ гардидаанд.
Моддаи 1-уми Созишнома гузаронидани чорабиниҳои муштараки мувофиқашударо барои таъмини амнияти иттилоотӣ талаб менамояд, ки самтҳои асосии он дар моддаи 3-юми Созишнома нишон дода шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки солҳои охир дар натиҷаи ба роҳ мондани робитаҳои самаранок ва мутақобилан судманд миёни давлатҳо-иштирокдорони ИДМ баҳри таъмини амнияти иттилоотӣ корҳои назаррас анҷом дода шудааст.
Ҳамзамон вазъияти мураккаби сиёсӣ-амниятӣ дар шароити муосир, пурзӯр гардидани фаъолияти созмонҳои террористӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ҳамчун воситаи муваффақ гардидан ба амалҳои ҷиноятӣ зарурати муборизаи дастаҷамъонаро ба ин падидаи манфӣ ба миён овардааст.
Фаъолияти минбаъдаи давлатҳо-иштирокдорони ИДМ дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ, ки дар доираи талаботи ҳамин Созишнома ба роҳ монда мешавад, воситаи муносибест барои густариши бештари ҳамкориҳои судманд ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳо бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ.
Бо дарназардошти нукоти зикргардида, аз шумо, вакилон хоҳиш менамоем, ки тасдиқи Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Сафаров Зайниддин дода мешавад.
Зайниддин САФАРОВ: — Муҳтарам Раис, аъзои Раёсат, вакилони гиромӣ!
Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳо – иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ, ки 20 ноябри соли 2013 дар шаҳри Санкт – Петербург ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Созишномаи мазкур тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2015 таҳти №6 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният ворид гардида, ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Созишномаи мазкур бо мақсади маҳдуд намудани таҳдидҳои амнияти иттилоотӣ, истифодаи муштарак ва самараноки технологияҳои навтарини иттилоотӣ – коммуникатсионӣ барои пурзӯр намудани муқобилият ба таҳдидҳои амнияти иттилоотӣ, аз ҷумла гузаронидани чорабиниҳои муштараки мувофиқашуда ба таъмини амнияти иттилоотӣ дар давлатҳо – иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил равона шудааст.
Созишнома аз муқаддима ва 15 модда иборат буда, дар муқаддима асосҳо ва зарурати ба имзо расидани Созишнома баён шудааст.
Дар моддаҳои 1 ва 2 мақсади Созишномаи мазкур, истилоҳот ва мафҳумҳои дар он истифодашуда ифода ёфта, моддаҳои 3 – 5 самтҳои асосии ҳамкории Тарафҳо ва марҳила ба марҳила андешидани чораҳоро оид ба бурдани фаъолият ҷиҳати амалигардонии талаботи Созишнома муқаррар намудааст.
Тибқи муқаррароти моддаҳои 6 – 9 уҳдадориҳои Тарафҳо, хароҷоте, ки дар рафти амалисозии Созишномаи мазкур ба вуқӯъ меоянд, пешбинӣ шуда, инчунин табодули таҷриба ва иттилоот байни Тарафҳо, иҷрои муқаррароти Созишнома аз ҷониби мақомоти ваколатдор инъикос гардидааст.
Ҳалли ихтилофоти байни Тарафҳо ҳангоми тафсир ё татбиқи Созишномаи зикршуда, дахолат накардан ба ҳуқуқ ва уҳдадории Тарафҳо, ки аз дигар шартномаҳои байналмилалӣ сарчашма мегиранд, инчунин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳамин Созишнома ва муҳлати эътибор пайдо намудан, муҳлат ва тартиби қатъи амали он, аз ҷумла тартиби шомил шудани дигар давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳуҷҷати мазкур моддаҳои 10 – 15 ба танзим даровардааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулоса онро ҷонибдорӣ намуданд.
Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 1 апрели соли 2015 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод.
Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳо – иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ гардида, ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Дар хусуси тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС: — Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими амният сухан ба муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Икром Ислом дода мешавад.
: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими амният 10 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз муқаддима ва 11 модда иборат мебошад.
Дар муқаддима асосҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими амният, дар ин замина аҳамияти рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, манфиатҳои тарафайн дар таъмини бехатарии миллии ҳар ду давлат, рушди ҳамкорӣ бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, аз ҷумла терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, ки бо дарназардошти амалӣ намудани талаботи конвенсияҳои дахлдор алоқамандӣ дорад, барои баста шудани Созишномаи мазкур ифода ёфтааст.
Дар моддаи 1 самтҳои асосии пешгирӣ, ошкор ва кушодани ҷиноятҳо, аз ҷумла пешгирӣ ва муқовимат бо хариду фурӯши одамон, муносибати бераҳмона бо занон ва кӯдакон, ҷиноятҳое, ки аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккил содир мегарданд, мубориза бар зидди интиқол, мубодила ва истифодаи маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва моддаҳои тарканда, муқовимат бар зидди ҷиноятҳои кибернетикӣ ва дигар ҷиноятҳое, ки бо истифода аз воситаҳои алоқа ва асбобҳои телекоммуникатсионӣ содир гардидаанд, дарҷ карда шудаанд.
Дар моддаҳои 2-3 усулҳои ҳамкорӣ оид ба амалишавии самтҳои ҳамкорӣ ва ҳолатҳои даст кашидан аз иҷрои дархости ҳамкорӣ инъикос гардидаанд, дар моддаҳои 4-6 қоидаҳои тасниф ва истифодабарии иттилоот ва ҳуҷҷатҳо, махфияти онҳо, хароҷот вобаста ба амалишавии Созишномаи мазкур ва тартиби ташкили комиссияи муштарак пешбинӣ гардидааст.
Дар моддаҳои 7-8 мақомоти салоҳиятдори ҳамкорӣ ва тартиби ҳалли баҳсҳои вобаста ба тафсир ва амалинамоии Созишнома инъикос гардидаанд.
Дар моддаҳои 9-11 масъалаҳои вобаста ба муносибат бо дигар созишномаҳои байналмилалӣ, тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома, эътибори қонунӣ пайдо намудан, муҳлати амали Созишнома ва забонҳои кории ҳамкориҳо миёни Тарафҳо муқаррар гардидааст.
Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад.
Бинобар ин, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқи Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир дода мешавад.
МАҶИДЗОДА Ҷӯрахон Зоир: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими амният, ки 10 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Созишномаи мазкур тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2015 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният ворид шуда, ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Созишномаи мазкур бо мақсади рушди фаъолонаи ҳамкориҳо байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан дар шаклҳои муташаккили он, аз ҷумла мубориза бар зидди маводи нашъадор, савдои одамон ва дигар ҷиноятҳои вазнини хусусияти экстремистию террористидошта равона карда шудааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.
Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 1 апрели соли 2015 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод.
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими амният аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ гардида, муайян карда шуд, ки он ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Дар хусуси тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафаров Бахтовар дода мешавад.
Бахтовар САФАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мутобиқ намудани рӯзи иди касбии кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ марбут ба ташкил ва фаъолияти мақомоти прокуратура дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Мувофиқи лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда рӯзи иди касбии кормандони мақомоти прокуратура аз 14 декабр (14 декабри соли 1924 -рӯзи таъсиси прокуратураи давлатии ҶМШСТ) ба 14 март (14 марти соли 1992 –рӯзи таъсиси мансаби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додситонии Ҷумҳурии Тоҷикистон») гузаронида шудааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон барои такмил ёфтани он аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон чор таклиф пешниҳод гардид ва онҳо дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонуни мазкур ворид карда шуданд.
Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд.
Лоиҳаи қонуни мазкур 2 апрели соли 2015 дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифта, дастгирӣ карда шуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.
Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ дода мешавад.
Қаландарзода Мавлуда САТТОРӢ:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!
-Ба баррасӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» манзур мешавад.
Қобили зикр аст, ки бо мақсади ташаккули низоми самараноки идоракунии давлатӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013 сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдид гардидааст. Аз ҷумла Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.
Вобаста ба ин, бо мақсади танзими ҳуқуқии салоҳиятҳои идоравӣ лоиҳаи номбурда бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва ироа шудааст.
Дар лоиҳа пешниҳод гардидааст, ки ба ном ва матни моддаи 94-уми Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид шуда, аз ваколатҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ марбут ба масъалаҳои суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки дар моддаҳои 140, 619, 621, 622 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд, хориҷ карда шавад.
Ҳамзамон дар лоиҳа ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова кардани моддаи 1211 бо мазмуни Мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва ба ваколатҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намудани баррасии ҳуқуқвайронкуниҳои бо моддаҳои 140, 619, 621, 622 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида ва татбиқи ҷазои маъмурӣ барои ин кирдорҳо дар назар дошта мешавад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намудаанд.
Инчунин кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба лоиҳаи қонуни мазкур дар маҷмӯъ ҳашт таклифу хулоса пешниҳод карданд, ки аз он 6- тоаш қабул, як таклиф қисман қабул ва як таклиф қобили қабул ҳисобида нашуд.
Кумитаи масъул рӯзи 2 апрели соли 2015 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои манзургардидаро муҳокима намуд. Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро тақозо намекунад.
Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои қабули он овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС:- Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоб намудани ҳайати Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоев Олимҷон дода мешавад.
Олимҷон БОБОЕВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, равандҳои номатлуби глобалии экологӣ ба кишвари мо низ бетаъсир намемонад, зеро бо суръати баланд тағйир ёфтани иқлим ба обшавии пиряхҳо, хушк шудани ҷангалзорҳо, зуд вайроншавии партовҳо, кам гардидани олами набототу ҳайвонот ва умуман гуногунии биологӣ, инчунин дар натиҷаи фаъолияти инсон заҳролудшавии замин, об ва ҳаво мушкилоти экологии ҷаҳони муосирро мураккаб сохтаанд.
Аз ин хотир, бояд Комиссияи экологӣ аз нуқтаи назари илмӣ ва равандҳои инноватсионии ҷаҳони муосир лоиҳаи қонунҳо ва барномаҳои иқтисодию иҷтимоии пешниҳодшавандаро бо дарназардошти манфиатҳои миллию давлатӣ арзёбӣ кунад, рафти иҷрои онҳоро таҳлил ва арзёбӣ намуда, оид ба масъалаҳои ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ хулоса ва тавсияҳо диҳад, баҳри баргузории муҳокимаи парламентӣ таклиф пешниҳод намояд.
Бо дарназардошти ин омилҳо ба ҳайати Комиссияи экологӣ аз ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 вакил пешниҳод шудаанд. Ба ин ҳайат чор доктор ва шаш номзади илм шомил гардидаанд. Аз нуқтаи назари фаъолияти истеҳсолиашон панҷ нафар аз соҳаҳои кишоварзӣ, шаш нафар аз саноат, сохтмон ва коммуникатсия, чор нафар аз соҳаи иҷтимоӣ ҳастанд.
Боварӣ ҳаст, ки ҳайати пешниҳодшуда аз ҳама ҷиҳат салоҳиятнок буда, метавонад вазифаҳои дар назди Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташударо мутобиқ ба талаботи банди 97- уми Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти манфиатҳои кишвар доир ба ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ташаккул ва таҳкими маърифати экологии аҳолӣ, муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар бахши сиёсати экологӣ дар ҳамаи сатҳҳо, чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар берун аз он, малака, маҳорат ва донишу таҷрибаи худро равона месозанд.
Аз вакилони муҳтарам хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қарори мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Дар барои интихоб намудани ҳайати Комиссияи экологӣ Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС:- Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоб намудани ҳайати Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба одоби вакилон» сухан ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба одоби вакилон Давлатов Муродулло Исматович дода мешавад.
Муродулло ДАВЛАТОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Лоиҳае, ки ба шумо барои баррасӣ пешниҳод шудааст, дар бораи интихоби ҳайати Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба одоби вакилон мебошад.
Ҳайати Комиссияи пешниҳодшуда аз нуҳ нафар иборат аст. Комиссия ба тартиби узвияти як вакил аз ҳар як кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин бо дарназардошти мутааллиқ будани аъзои он ба ҳавзаҳои интихоботӣ ва мансубияти ҳизбию ғайриҳизбӣ ташкил мешавад. Рӯйхати ҳайат барои баррасӣ ба шумо пешниҳод шудааст. Боварӣ дорам тамоми аъзои ҳайати мазкур ба принсип ва арзишҳои ахлоқии одоби фаъолияти касбии парлумонӣ содиқанд.
Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҳайати пешниҳодшударо дастгирӣ намоед ва ба ҷонибдории онҳо овоз диҳед.
Дар бораи интихоб намудани ҳайати Комиссия оид ба одоби вакилон Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
РАИС:- Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоб намудани ҳайати Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор» сухан ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад дода мешавад.
ХОЛМУҲАММАДЗОДА Азизмуҳаммад Холмуҳаммад: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Мувофиқи талаботи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии шумо ҳайати Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор пешниҳод мешавад.
Бояд зикр намуд, ки ба Комиссияи мазкур намояндагони ҳамаи Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мебошанд ва шумораи онҳо нуҳ нафарро ташкил медиҳанд. Ба баррасии шумо рӯйхати ҳайати Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор пешниҳод мешавад.
Боварӣ дорам, ҳайати мазкур метавонад аз иҷрои он вазифаҳое, ки дар назди Комиссия гузошта мешаванд, ба хубӣ бароянд.
Хоҳиш менамоем, ки ҳайати пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
Дар бораи интихоб намудани ҳайати Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».
Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ