Аслан дар мавриди он ки чаро суханони ман бо гуфтаҳои Абӯалӣ ибни Сино оғоз шуданд, баъдтар ҳарф хоҳам зад, аммо ба ҳолати имрӯза ва рӯи коғаз овардани суханони зер рабт дорад. Зеро медонам, ки баъд аз навиштани ин сатрҳо шояд аксарият манро низ кофир эълон кунанд, чуноне ки як замон Синоро… ва аммо дар хотима низ суханони ман ҳамон хоҳад буд, ки Сино ба ин тоифа ҳазорсолаҳо пеш иброз дошта буд.
Тоҷикон ва тоҷикистониён баъд аз зуҳури ислом то имрӯз мардуми мусулмон ба шумор мераванд ва аз оғоз то ба имрӯз, яъне аз замони ҳазрати Муҳаммад (с) то кунун баҳс сари имону диндорӣ мерафт. Сухане сари сатрпӯшиву ҳиҷоб набуд ва ҳайратам меомад, ки нобиғаҳое ба мисли Айниву Рӯдакӣ, ки яке Қуръонро дар ҳафтсолагӣ аз бар карда буду дигаре тартиби хондани Қуръонро ба мо омӯхта буд («Тартиб-ул-Қуръон»), касе нагуфта буд, ки тоҷикон бояд сатрпӯшу ҳиҷобпӯш бошанд.
Баъзе ривоятҳо меоварданд, ки мардуми ғайримусулмонро кофист, ки калимаи шаҳодат ба забон бигирад, то мусалмон шавад. Ва ҳамчунин пандамон медоданд: «Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир». Ҳатто замоне, ки лашкари араб кишвари моро забт намуд ва мо дини мубини исломро аз арабҳо қабул кардем, то кунун ният кардани намоз бо забони тоҷикӣ сурат мегирад. Яъне, на ҳар чиро, ки моли арабҳост, мо қабул кардем, фақат он чизеро, ки ниёз доштем (дин) қабул гардид.
Мутаассифона, таи чандест, ки дар воситаҳои ахбори омма ин мавзӯъ мавриди баҳси ҳамагон қарор гирифта, ҳар кас ба таври худ нисбати ҳар амалкард баҳо медиҳад. Ба таври мисол, ахиран хабаргузории «Озодагон» низ матлаберо таҳти унвони «Ранги либос пешрафт ё ақибмондагиро нишон намедиҳад» (31 марти соли 2015) нашр гардид. Ин навиштаҳо ба қалами Далер Шарифов тааллуқ дорад, ки як замон номаш расонаӣ низ гашта буд. Навиштаҳояш нишон медиҳанд, ки ин ҷавон аз дарки масъала канор монда ва ё умуман қобилияти баррасии масоили сиёсиро надорад.
Дар мавриди ранги либос ё ҳиҷоб муаллифи гиромии ин матлаб менависад: «Дар асри XXI баҳс сари ранги либос ё дахолат ба он кори хандаовар аст». Ман намедонам, ки муаллиф дар ин навишта чиро дар назар дошт, аммо тахмин мекунам, ки манзур ҳамон суханрониҳои Президенти кишвар аст, ки ба муносибати «Рӯзи Модар» садо дода буд (аммо дар ин маврид баъдтар).
Дар мавриди асри XXI шояд беҳтар мешуд, ки муаллиф менавишт: -Дар асри XXI пайравӣ кардан ба асри VIII ва урфу одатҳои миллати ғайр хандаовар аст! Тавре, ки худи Далер Шарифов дар як матлаби худ ба Мулло Ҳайдар хитоб карда буд: «Фаромӯш накунед, ки дар асри XXI-ем!». Аз он ки чаро ин замон муаллифи муҳтарами мо фикри худашро дар ин бора дигар кардааст, барои мо алҳол норавшан аст. Иловатан ҳаминро бояд зикр намуд, ки либос ва зоҳири шахс ҳеҷ вақт имондории ӯро нишон намедиҳад ва намешавад аз рӯи либос нисбати дину имондории одамон (чӣ тавре ки шумо мекунед) ҳукм баровард. Розиед? Мутмаинам, ки розиед ва ин ҳарфҳои моро қабул мекунед. Маҳз ҳамин нуктаро Сарвари давлат дар суханронии худ зикр намуда буд. Яъне, либос бо дин робита надорад. Ҳамин тавр? Албатта, ки ҳамин тавр аст!
Пас шуморо мебояд ба суханони Сарвари давлат бори дигар ва бодиққат гӯш кунед! Дар он ҷо сухан аз «тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар» меравад на ғайр! Пас, шуморо (Далер Шарифов!) низ мебояд, ки ин нуктаро дар ҳамин шакл қабул кунед ва ин масъаларо бо дин вобаста накунед.
Дар идомаи ҳамон матлабаш муаллиф шояд ба хотири нишон додани сатҳи саводнокиаш бошад, ки овардааст: «Зан ва мард новобаста аз сатҳи ҷаҳонбинӣ, эътиқоди динӣ, мансаб, ҳолати иҷтимоӣ ва нажоду миллат дар интихоби либос ва ранги либос соҳибихтиёр аст». Хеле хурсандам, ки шумо ин нуктаро дарк кардед ва агар чунин аст, пас чаро имрӯз бонувону хоҳарон ва занҳои худро соҳибихтиёр намегузоред? Ё давлат ҳуқуқи маҷбур карданро надораду танҳо шумо доред? Пас чаро намегузоред, ки хонумони азизи мо ба хости худ либос пӯшанд, пас чаро намегузоред, ки бо хости худ амал кунанд, ба марказҳои дилхушӣ раванд, бегоҳӣ хӯроки шомро дар тарабхонаҳо тановул кунанд? Акнун дарк кардед, ки соҳибихтиёрӣ чист? Ё шояд соҳибихтиёрии шумо дигар асту аз он мо хабар надорем?
Биёед, мардонавор иқрор шавем, ки аз муллоҳову падарону модарон сар карда ва худи шумо низ имрӯз духтаронро маҷбур мекунед, ки «агар сатр напӯшӣ, туро оқ мекунам, агар сатр напӯшӣ, ба занӣ намегирам» ва ғайраву ҳоказо. Ин ҳақиқат аст ва онро бояд мардонавор иқрор шуд ва ҳатто духтарон аксар вақт ин нуктаро тасдиқ кардаанд, ки агар сатр напӯшанд, бародар ё падар ё амаку тағо онҳоро таҳқир мекунанд, ба кӯча баромадан намемонанд. Эй мардум, муллои деҳ ва ё гузар чӣ кор дорад ба сару либоси хоҳарону модарони шумо, агар сухан сари соҳибихтиёрӣ меравад?!
Шояд беҳтар мешуд, як-ду оёте аз Қуръони карим низ меовардем, то бидонанд, соҳибихтиёрӣ чист ва ё озодии виҷдон гуфта, чиро дар назар бояд дошт? Ё муллоҳои моро ҳанӯз дар ин маврид аз ҳадисҳову ривоятҳо касе дар ин бора чизе нагуфта, зеро худ қобилияти хондану дарки Қуръонро бо забони арабӣ надоранд!
Ва баъдтар дар мавриди либосу фоҳишагӣ овардааст, ки ҳиҷоб барои зани мусулмон рукни муҳими ислом -эмону тақводорист.
Пас гузаштагони мо, модарони мо, ки сатр напӯшиданд, мусулмон набуданд ё мусулмонии мо аз мусулмонии шумо фарқ дорад? Пас тӯли 1400 сол мардуми мо гумроҳ буду мо нав дарк кардем, ки мусулмонӣ чист ва ё шумо мусулмонии навро кашф кардед? Аҳсант!
Дар ҳамин ҳол дар дини ислом иҷозат аст, ки вақти муомилоти молӣ, яъне, замони хариду фурӯши мол беҳтараш, ки чеҳраҳо шинохта шаванд. Агар манзур аз пӯшидани сатру ҳиҷоб пинҳон намудани чеҳраи зан аз нигоҳи мард бошад, то ки ба ин васила аз зино эмин монад, пас суоле ба миён меояд, ки замони хариду фурӯш магар ҳисси шаҳвонии зану мард хомӯш мемонад ё хайр?
Дар хотима танҳо ҳаминро гуфтаниам, ки эй мардум, ба худ оед! Ақаллан боре андешидаед, ки ин баҳсҳо аз куҷо сарчашма мегиранд? Давлат онро ба хубӣ дарк кардааст ва ҳар иқдоме пеш мегирад, ба хотири некуаҳволии шаҳрвандонаш хоҳад буд, тавре ки шумо аз баъзе амалҳои фарзандони худ ҷилавгирӣ мекунед!
Пас низоъандозиро як тараф монед ва боре даст бар рӯи сина гузореду бигӯед, ки мусулмониро бо дил мешиносед ё бо ҳиҷоб? Ва медонед, ки кишварҳои исломӣ низ аксар вақт ба хотири сарҷамъии миллат аз баъзе манофеи ҷузъии динӣ гузар мекунанд, то миллат сарҷамъ бошад. Дар акси ҳол, агар миллат сарҷамъ нест, пас аз ҳамин имконоти мавҷуда низ маҳрум хоҳем монд, чуноне ки мо худ шоҳид будем ва гуфтаҳои Одам-уш-шуаро Рӯдакиро низ беҳуда дар боло наоварда будем.
Агар тавони дарки масъаларо надорем, биёед дигаронро ба бединиву бесаводӣ айбдор накунем ва аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, манофеи миллиро бо манфиатҳои динӣ омехта нагардонем! Дар акси ҳол мухотаби гуфтаҳои бобои Сино мову шумо қарор хоҳем гирифт, ки гуфтааст: «Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир…».
Н.Раҳимов, коршиноси сиёсӣ