ДУШАНБЕ. (Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум») Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» анҷом ёфт. Тайи як ҳафта дар китобхонаҳо, қасрҳои фарҳанг, боғҳои фароғату фарҳанг маҳфилҳои адабӣ, намоишгоҳҳои китоб, суҳбату мулоқотҳои ҷолиби нависандагону шоирон, олимону китобдорон, ноширон бо бачаҳо баргузор шуд.
Рӯзи 9 апрел дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар бо иштироки масъулони вазоратҳои фарҳангу маорифи кишвар, аъзои Кумитаи ташкилӣ ва китобдӯстони наврас маросими ботантанаи ҷамъбасти фестивал доир гардид. Иштирокчиёни фаъоли фестивал ва соҳибистеъдодҳои наврас бо туҳфаҳои хотиравӣ, дипломи фестивал ва дигар мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд.