ҒОНЧӢ. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ғончӣ барои эҳёи хатҳои муҳофизатии ду ҷониби шоҳроҳ ҳашари умумӣ ҷараён гирифт. Зиёда аз 400 нафар сокинони деҳоти «Яхтан», гурӯҳи калони хонандагони мактабҳои ҳудуди деҳот, намояндагони ташкилоту корхона ва муассисаҳо дар ин рӯз бештар аз панҷ ҳазор бех ниҳоли сояафкану ороишӣ шинониданд.
Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон