Дар ноҳияи Ҷиргатол корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотӣ оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Натиҷаи ҳамин гуна чораҷӯйиҳо буд, ки имсол аз оғози моҳи апрел 12 нафар ҷавонони ватандӯсти ноҳия барои ихтиёрӣ хизмат намудан дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Комиссариати ҳарбии ноҳия ариза навиштаанд.
Ҳамчунин дар ин ҷо бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумори ҷавонони боистеъдод, ки хоҳиши хизмат карданро доштанд, 27 нафар ба курсҳои думоҳаи ронандагӣ ҷалб гардида буданд, ки ба онҳо дар рӯзи гусел ҳуҷҷатҳои ронандагӣ супорида шуд. Акнун ин ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ чун шахсони соҳибкасб ворид мегарданд.
Ҳамин тариқ, то имрӯз чил нафар ҷавонони ғаюру ватандӯсти ноҳияи Ҷиргатол барои иҷрои қарзи фарзандӣ ба хизмат рафтанд.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»