Дар партави дастуру супоришҳои Президент

Сабқати ҷавонони далеру чолок

№58 (3359) 22.04.2015

DSC_0399

Ҷавонон давомдиҳандаи сиёсати  созандае ҳастанд, ки имрӯзҳо Давлат ва Ҳукумати кишвар пеш гирифтаанд. Таълиму тарбияи намунавии онҳо, ҷалби насли ҷавон ва наврас ба чорабиниҳои манфиатбахш ба он мусоидат менамояд, ки онҳо дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ камол ёфта, ба гирдоби ҳар гуна иғвову дасисаҳо, ки имрӯз ин падидаҳо боиси ташвиши ҷаҳониён гаштааст, наафтанд.

Ҷиҳати тавсеаи ин раванд Шӯрои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (МТМК ҶТ)  мусобиқаи бонуфузи варзиширо байни донишҷӯёни  МТМК ҶТ ташкил намуд. 21 апрели соли ҷорӣ ба ифтихори 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар толори варзишии ба номи Саидмӯъмин Раҳимови Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ маросими ботантанаи ифтитоҳи даври ниҳоии ин мусобиқаи варзишӣ баргузор шуд.

Раиси Шӯрои директорони  МТМК ҶТ, директори Коллеҷи техникӣ Самариддин Яқубов чорабиниро ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва варзишгарони ҷавонро хайра мақдам гуфт ва бо ин иди варзишӣ табрик карда, таъкид намуд, ки ин чорабинии бонуфуз ба 70-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида мешавад. Маҳз қаҳрамонию ҷонбозиҳои сарбозону афсарон ва тамоми мардуми ватандӯст буд, ки он ҷанги хонумонсӯз бо ғалабаи халқи шӯравӣ анҷом ёфт ва имрӯзҳо шукр, ки дар фазои сулҳу оромӣ кору зиндагӣ карда истодаем.

DSC_0466

Сипас, сухан ба муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозоралӣ Одинаев дода шуд. Мавсуф табрикоти вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовараи вазоратро ба иштирокчиёни мусобиқаи варзишӣ расонида, ҳамзамон таъкид намуд:

- Имрӯз дар ин толор он донишҷӯёне  ҷамъ омадаанд, ки аз ҳама далертар, чолоктар ва бомаърифаттар ҳастанд. Аз ин чорабинӣ маълум мегардад, ки фаъолияти Шӯрои директорони  МТМК Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён ва дигар масъалаҳои таълиму тарбия маҳдуд набуда, инчунин барои тарғиби тарзи ҳаёти солим равона шудааст. Бояд таъкид намуд, ки дар марҳилаи кунунии пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ солимии ҷавонон барои рушду тараққии кишварҳо нақши муассир мебозад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари таълиму тарбия ба солимии шумо — ҷавонони азиз ҳавасманд буда, барои солимии миллат ва роҳ надодан ба равандҳои харобкунандаи ҷомеа аз тамоми имкониятҳо истифода мекунанд. Бояд тазаккур дод, ки чорабинии мазкур дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҷалби ҷавонон ба варзишу солимӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва тақвияти ҳисси худшиносии онҳо ташкил карда шудааст.

Яке аз собиқадорони варзиши мамлакат, Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, мураббии дастаи яккачини самбои Тоҷикистон Маҳмадшариф Сулаймонов зимни суханронии хеш аз паҳлавони машҳури тоҷик, чемпиони ҷаҳон шодравон Саидмӯъмин Раҳимов ёдовар шуда, ҷавононро даъват кард, ки саъю талош кунанд, то мисли ин паҳлавон шарафманду комёб шуда, дар муаррифии Тоҷикистони азиз ва баланд бардоштани Парчами Ватан  саҳмгузорӣ намоянд.

Самариддин Яқубов бо изҳори хушӣ ва миннатдорӣ иброз намуд, ки дар ташкили ин чорабинии варзишӣ яке аз рӯзномаҳои бонуфузи кишвар, нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» низ саҳмгузор аст ва суханро ба Сармуҳаррири рӯзнома Ҷумъахон Наботов дод.

-Аз дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки мо ба зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бояд таваҷҷуҳи бештаре дошта бошем. Ман муътақидам, ки мутахассисони зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ саҳми муносиб мегузоранд ва ин ҷавонписарону духтарон на танҳо дар варзиш, балки дар таҳсил ва азбаркунии донишҳои замонавӣ низ фаъол ҳастанд. Ширкати намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз минтақаҳои кишвар имкон медиҳад, ки ҷавонон ҳам қувваозмоӣ кунанд ва ҳам риштаҳои дӯстиро бо якдигар мустаҳкам намоянд. Ин аз баракати сулҳ, оромӣ ва осоиштагии рӯзгор аст, ки аз сиёсати бунёдкорона ва хирадмандонаи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд,- иброз дошт Ҷумъахон Наботов.

Аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Шарифзода варзишгаронро табрик намуда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки таври ҷиддӣ пайи донишомӯзӣ шаванд, дар чунин чорабиниҳои варзишӣ ширкат намоянд, ин марзу бум ва халқу Ватанро дӯст доранду дар оянда баҳри гулгулшукуфии он хизмат намоянд.

Дар поёни маросими тантанавии ифтитоҳи мусобиқа раиси Шӯрои директорони  МТМК ҶТ, директори Коллеҷи техникӣ Самариддин Яқубов тартиби гузаронидани мусобиқаҳоро хотиррасон карда, таъкид дошт, ки мусобиқа аз рӯи намудҳои шашкабозӣ, шоҳмот, давидан, гӯштии миллӣ ва волейбол сурат гирифта, то 25 апрел идома меёбад.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум». 

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ