Хабарҳо аз кишвар

№58 (3359) 22.04.2015

      Шаҳрро ободу зебо мегардонанд

ТУРСУНЗОДА. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»)  Аз ҷониби Муассисаи манзилию коммуналии шаҳр маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ бомуваффақият идома дорад. Кормандони муассисаи мазкур аз боду ҳавои фасли баҳор самаранок истифода бурда, дар кӯчаву хиёбонҳо, роҳраву назди муассисаҳо ва даромадгоҳи шаҳр беш аз 1200 бех дарахтони сояафкану ҳамешасабз шинонида, зиёда аз 1700 метр ҷӯю заҳбурҳои атрофи шаҳрро аз партовҳо тоза карданд. Натиҷаи меҳнати онҳост, ки на танҳо биноҳои маҳаллӣ, балки мавзеъҳои алоҳидаи шаҳр рӯз то рӯз зеботар гардида истодаанд.

Таъсиси Фонди хайриявӣ

ҚУМСАНГИР. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Бо иқдоми раиси ноҳия Аминзода Фотеҳи Файзуллоҳ  Фонди хайриявии «Эҳёи Қумсангир» таъсис ёфт. Фонди мазкур ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёди иншооти фарҳангӣ,  маорифу тандурустӣ, таъмиру мумфарш гардонидани кӯчаҳои маркази ноҳия-шаҳраки «Дӯстӣ» ва дигар амалҳои хайр  созмон дода шудааст.

Бо мақсади таъмини шаффофияти сарфи маблағҳои фонд қарор дода шудааст, ки ҳар семоҳа оид ба корҳои ба сомон расонидашуда  ва масрафи маблағҳои ҷамъомада ба вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ҳисобот пешниҳод карда шавад. Ҳамчунин тариқи рӯзномаи ноҳиявии «Навиди дӯстӣ» ва дигар сарчашмаҳои иттилоотӣ ба мардум маълумоти дақиқ пешниҳод гардад.

 Вохӯрии раиси ноҳия бо донишҷӯдухтарон

РАШТ. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тибқи нақшаи корӣ имсол низ дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе бо донишҷӯдухтароне, ки дар донишгоҳ ва донишкадаҳои олии кишвар тариқи квотаи президентӣ таҳсил менамоянд, вохӯрӣ ташкил намуд.

Вохӯрӣ дар толори маҷлисгоҳи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он раиси ноҳия Лоиқзода Қаноатшо, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Холмаҳмад Ортиқов, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар иштирок карданд. Зимни суҳбат бо устодону донишҷӯён Қаноатшо Лоиқзода ба дараҷаи дарсазхудкунии толибилмон шинос шуд. Донишҷӯён дар суханрониҳои худ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт барои ғамхорӣ ва ташкили шароити мусоиди таҳсил арзи сипос намуданд.

Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт барои 91 нафар духтарони донишҷӯ ба маблағи 100 сомонӣ бар ҳар кадом кумаки яквақта расонида шуд.

 Кишти пунбадона суръат мегирад

КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Вобаста ба мусоид омадани вазъи ҳавои даҳаи дуюми моҳи апрел  суръати маъракаи кишти пунбадона дар хоҷагиҳои пахтакори минтақа дучанд афзуд. Алҳол дар  дар майдони 13729 гектар кишти пунбадона гузаронида шудааст, ки ин рақам  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11681 гектар зиёд мебошад. Хусусан дар ин маъракаи муҳим саҳми деҳқонони ноҳияи Фархор назаррас аст. Онҳо то имрӯз дар майдони 7070 гектар кишти босифати пунбадона гузаронидаанд, ки 70,7 фоизи нақшаи дурнамои кишти пунбадонаро ташкил менамояд. Имсол деҳқонони фархорӣ мақсад доранд, ки  майдони кишти пунбадонаро ба 10000 гектар расонанд.

Бунёди иншоот меафзояд   

БАЛҶУВОН. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Дар ноҳия корҳои сохтмонӣ хуб ҷараён доранд. Сохтмончиён кӯшиш менамоянд, ки сохтмони иншооти базиммагирифтаашонро дар муҳлатҳои муқарраршуда ба итмом расонанд. Чунончӣ, биноҳои муассисаи таҳсилоти асосии №16-и деҳаи Некмардон, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и деҳаи Шаҳиди Бобохон, бинои дармонгоҳ дар маркази ноҳия, биноҳои маъмурии деҳоти Сари Хосор ва ба номи Сафар Амиршоев, хобгоҳ барои  тарбиятгирандагони мактаб-интернати деҳаи Шайдон ва роҳи Балҷувон-Чорбоғ аз ҷумлаи  иншооте ҳастанд, ки онҳоро сохтмончиён мувофиқи талаботи имрӯзаи меъморию роҳсозӣ бунёд карда, ба ихтиёри сокинони ноҳия вогузор намудаанд.

Телефони «Боварӣ»

Б. ҒАФУРОВ. (Ҳ. НАЗРУЛЛО,  «Садои мардум»)  Аз шуъбаи маорифи ноҳия хабар доданд, ки аз оғози соли таҳсили имсола ба телефони «Боварӣ» -и шуъба аз ҷониби волидайн ва мактабиён зиёда аз 100 муроҷиат сурат гирифтааст. Муҳтавои ин муроҷиатҳоро масъалаҳои таълиму тарбияи хонандагон ва мушкилоти мавҷудаи мактабҳо ташкил менамоянд.

Бо мақсади таъмини шаффофият  дар кори муассисаҳои таълимӣ телефони «боварӣ» дар ҳамаи 89 муассисаи таълимии ноҳия амал мекунад.

 Роҳи кӯчаро таъмир карданд

ИСФАРА. (Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Сокинони кӯчаи «Дӯстӣ»-и деҳаи Лаккон сарвари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 Фурқатxон Тошбоевро вакили ҷамоат интихоб намуда, ғалат накарданд, зеро баъди вакил интихоб шуданаш тариқи ҳашар аз ҳисоби шахсиаш роҳи кӯчаро шағалпӯш кард.

Дар ин амали хайр Ҳусниддин Ёдгоров, Ҳайдарxон Ёқубов, Дилшод Болтаев, Баҳриддин Ғаффоров бо мошинҳои шахсӣ ва Абдуxалил Маликов бо трактори худ заҳмат кашиданд. Дар натиҷа 1,8 км роҳи кӯча обод гардид.

 Ярмарка — фурӯши ниҳолҳо дар Хоруғ

ХОРУҒ. (Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Мувофиқи иттилои Раёсати кишоварзии вилоят дар ярмарка — фурӯши ниҳолҳо, ки рӯзҳои аввали моҳи апрел дар бозори «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и шаҳри Хоруғ баргузор гардид, 25890 бех ниҳол ба фурӯш бароварда шуд, ки 90 фоизи онҳоро ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда ташкил медоданд.

Ҳамчунин дар рӯзҳои баргузории ярмарка аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Пажӯҳишгоҳи биологии Помир, Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва Шабакаи навъсанҷии зироатҳои кишоварзии вилоят ба миқдори зиёд тухмии картошкаю сабзавот ба фурӯш бароварда шуд.

Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91