-Маъракаи кишти баҳорӣ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ бо захираи тухми пунбадона ва дигар анвои зироатҳо, сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ, омода намудани техника муташаккилона идома дорад, — гуфт зимни суҳбат корманди масъули Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом Солеҳаҷон Ваҳҳобова.
Имрӯз сари заминҳои ба кишт омодашуда шумораи деҳқонони ба истилоҳ «каландбадаст» дар муқоиса ба солҳои пешин зиёдтар ба назар мерасанд, зеро онҳо ба шарофати аз нав ташкил кардани хоҷагиҳои кишоварзии калонҳаҷм соли дуюм аст, ки соҳиби замин гардида, зироати дилхоҳашонро мекоранд.
Бино ба гуфтаи С. Ваҳҳобова деҳқонон то санаи 14 апрел дар майдони 3 ҳазору 288 гектар замин кишти зироатҳои ғалладонагӣ, сабзавоту полезӣ, хӯроки чорво ва дар майдони 2700 гектар кишти пунбадона гузаронидаанд.
Деҳқонон ният доранд, ки имсол дар майдони 6 ҳазор гектар пунбадонаи навъҳои «Ориёӣ», «Деҳқон-бобо», «Хориҷӣ», «Амрикоӣ» ва «Туркӣ» кишт намуда, 14 ҳазору 100 тонна тиллои сафед рӯёнанд.
Дар ин маърака заркорони Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Маҳмудхон Назаров, Неъмат Қарабоев, Канди куҳан, ҶСШК ба номи Энаҷон Бойматова пешсаф мебошанд.
Кишоварзон азм доранд, ки дар муҳлати кӯтоҳ кишти пунбадонаро ба анҷом расонида, ҳосили баланд ба даст оранд.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»