МУКОФОТҲОИ ҒАЛАБА

№58 (3359) 22.04.2015

МЕДАЛИ «БАРОИ ИШҒОЛ НАМУДАНИ КЁНИГСБЕРГ»

 kenigsberga копияМедали «Барои ишғол намудани Кёнигсберг» бо Укази Президиуми Совети Олии СССР аз 9 июни соли 1945 аз рӯи лоиҳаи таҳиянамудаи рассом А.И.Кузнетсов тасдиқ шуда буд.

Бо медали мазкур хизматчиёни ҳарбии Армияи Сурх, Флоти ҳарбии баҳрӣ ва қӯшунҳои НКВД, ки дар давраи аз 23 январ то 10 апрели соли 1945 бевосита дар ҳуҷум ва ишғоли қаҳрамононаи Кёнигсберг иштирок намудаанд, инчунин ташкилотчиён ва роҳбарони амалиётҳои ҷангӣ, ки ҳангоми ишғоли шаҳр саҳм гузоштаанд, мукофотонида шудаанд.

Медали «Барои ишғол намудани Кёнигсберг» дар тарафи чапи  сина, дар қатори дигар медалҳои СССР баъди медали «Барои ишғол намудани Будапешт» часпонида мешавад.

То соли 1987 бо медали «Барои ишғол намудани Кёнигсберг» 760 000 нафар сазовор гардидаанд.

 МЕДАЛИ «БАРОИ ОЗОД КАРДАНИ ВАРШАВА»

 varshavi копияМедали «Барои озод кардани Варшава» бо Укази Президиуми Совети Олии СССР аз 9 июни соли 1945 аз рӯи лоиҳаи рассом Курытсина тасдиқ шуд. Бо медали мазкур хизматчиёни ҳарбии Армияи Сурх, Флоти ҳарбии баҳрӣ, қӯшунҳои НКВД, ки дар ишғол ва озодкунии Варшава дар давраи 14 -17 январи соли 1945 бевосита иштирок кардаанд, инчунин ташкилотчиён ва роҳбарони амалиётҳои ҷангӣ, ки баҳри озод кардани ин шаҳр саҳм гузоштаанд, мукофотонида шудаанд.

Сарфарозгардонӣ бо медали «Барои озод кардани Варшава» бо Укази Президиуми Совети Олии СССР дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи иштирок дар озод намудани Варшава, ки онро командирони қисмҳои ҳарбӣ ва сардорони муассисаҳои ҳарбӣ- табобатӣ додаанд, ба амал омадааст.

Шахсони зерин бо ин медал мукофотонида мешаванд:

-шахсони дар қисмҳои ҳарбии Армияи Сурх ва Флоти ҳарбии баҳрибуда ва командирҳои қисмҳои ҳарбӣ;

-шахсоне, ки аз ҳайати армия ва флот ҷавоб шудаанд, тариқи комиссариати ҳарбии ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятӣ дар ҷойи  зисташон мукофотонида мешаванд.

Медали «Барои озод кардани Варшава» дар тарафи чапи сина, дар қатори дигар медалҳои СССР, баъди медали «Барои озод кардани Белград» овехта мешавад. То 1 январи соли 1995 бо медали «Барои озод кардани Варшава» 701 700 нафар мукофотонида шудаанд.

 МЕДАЛИ «БАРОИ ОЗОД КАРДАНИ ПРАГА»

pragi копия Медали «Барои озод кардани Прага» бо Укази Президиуми Совети Олии СССР аз 9 июни соли 1945 аз рӯи лоиҳаи таҳиякардаи рассомон А.И. Кузнетсов ва Скоржинская тасдиқ шудааст. Бо медали мазкур  хизматчиёни  Армияи Сурх, Флоти ҳарбии баҳрӣ ва қӯшунҳои НКВД, ки бевосита дар ишғол ва озод кардани Прага, дар давраи 3-9 майи соли 1945, иштирок намудаанд, инчунин ташкилкунандагон ва роҳбарони амалиётҳои ҷангӣ баҳри озодкунии ин шаҳр сарфароз гардидаанд.

Медали «Барои озод кардани Прага» дар тарафи чапи  сина, дар қатори дигар медалҳои СССР, баъд аз медали «Барои озод кардани Варшава» овехта мешавад. То соли 1962 бо ин медал зиёда аз 395 000 нафар мукофотонида шудаанд.

 МЕДАЛИ «БАРОИ ИШҒОЛ НАМУДАНИ БЕРЛИН»

berlina копияМедали «Барои ишғол намудани  Берлин» бо Укази Президиуми Совети Олии СССР аз 9 июни соли 1945 ба ифтихори ишғол намудани Берлин дар рафти Ҷанги Бузурги Ватанӣ тасдиқ шудааст.

Мутобиқи Низомномаи медал, он ба хизматчиёни ҳарбии Армияи Советӣ, Флоти ҳарбии баҳрӣ ва қӯшунҳои НКВД, ки иштирокчии бевосита дар забт (штурм) ва ишғоли қаҳрамононаи Берлин буданд, инчунин ташкилотчиён ва роҳбарони амалиётҳои ҷангӣ ҳангоми ишғоли ин шаҳр тақдим шудааст.

Дар маҷмӯъ, бо медали «Барои ишғол намудани Берлин» зиёда аз 1 100 000 нафар мукофотонида шудаанд.

МЕДАЛИ «БАРОИ ИШҒОЛ НАМУДАНИ БУДАПЕШТ»

 будапештМедали «Барои ишғол намудани Будапешт» бо Укази Президиуми Совети Олии СССР аз 9 июни соли 1945 аз рӯи лоиҳаи таҳиякардаи рассом А.И.Кузнетсов тасдиқ шудааст.

Бо медали «Барои ишғол намудани Будапешт» хизматчиёни ҳарбии Армияи Сурх, Флоти ҳарбии баҳрӣ ва қӯшунҳои НКВД, ки дар давраи аз 20 декабри соли 1944 то 15 феврали соли 1945 бевосита иштирок кардаанд, инчунин  ташкилотчиён ва роҳбарони амалиётҳои ҷангӣ, ки барои ишғол намудани ин шаҳр иштирок доштаанд,  мукофотонида  шудаанд.

Медали «Барои ишғол намудани Будапешт» дар тарафи чапи сина, дар қатори дигар медалҳои СССР, баъди медали «Барои Ғалаба бар Япония» часпонида мешавад.

То 1 январи соли 1995 бо ин медал тахминан 362 050 нафар мукофотонида шудаанд.

Фароҳамсоз Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»

(Идома дар шумораи оянда)