ЗАФАРОБОД. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Дар маркази ноҳия якбора ду иншоот — бинои нави ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва маркази хизматрасонии Ширкати мобилии «TCELL» ба истифода дода шуд. Понздаҳ нафар корҷӯён дар бинои нави маркази хизматрасонии мазкур бо кор таъмин шуданд. Бинои мазкур бо дастгирии Ширкати мобилии «TCELL» ва ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Ҷ.Содиқов бунёд ёфтааст.
Матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд.
Эмомалӣ Раҳмон