Рисола доир ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ

№61 (3362) 28.04.2015

MБа муносибати 70-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ рисолаи библиографӣ таҳти унвони «Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)»  таҳия ва нашр гардид. Рисолаи мазкурро муҳаққиқон Ф. Қараев ва Ф. Аминов зери назари олими китобшинос, номзади илмҳои педагогӣ Шариф Комилзода омода карданд.  Зимни шарҳи ин китоб  Ш. Комилзода, аз ҷумла, чунин иброз намуд:

- Матонату ҷонбозиҳое, ки мардуми шӯравӣ дар мубориза алайҳи фашистон нишон доданд, сазовори таҳсин ва таҳқиқи дақиқ аст. Ҷанги Бузурги Ватанӣ даҳшатноктарин воқеа аст, ки он 1418 шабонарӯз идома ёфта, аз рӯи миқёсу андоза бузургтарин ҳодисаи фоҷиабори асри ХХ ба ҳисоб меравад. Дар он зиёда аз 70 давлати хурду бузурги ҷаҳон иштирок карда, амалиётҳои ҷангӣ ҳудуди 40 давлати ҷаҳонро фаро гирифта буд. Ба фронт зиёда аз 110 млн. шаҳрвандон сафарбар шуданд, ки беш аз 60 фоизашон ҷон нисор кардаанд.

Фарзандони Тоҷикистон низ ба ҳимояи Ватан рафта, дар  паҳлуи русҳо, украинҳо, белорусҳо, ӯзбекҳо, қазоқҳо, гурҷиҳо, арманиҳо ва дигар халқҳои шӯравӣ зидди адӯ далерона ҷангиданд. Сарбозони шӯравӣ на танҳо ҳудуди кишвари хеш, балки давлатҳои Аврупоро аз истилои фашизм озод намуданд. Ҳарчанд миёни хатти фронту Тоҷикистон масофаи тӯлонӣ буд, мардуми ҷумҳурӣ тамоми кӯшишро ба харҷ дод, то ӯрдуи шӯравӣ таъмин бошад. Зиёда аз 300 ҳазор шаҳрвандони ин миллати кӯҳантаърих баҳри ҳимояи марзу буми давлати хеш ва ҳаёти дурахшони наслҳои оянда ҷангида, аз худ корнамоиҳои зиёдеро нишон додаанд, 92 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон аз ҷанг барнагаштанд. Ҷасорату шуҷоат ва диловариву қаҳрамонии ҳазорон тоҷикистониён бо ордену медалҳои ҷангӣ қадр шудааст. 63 нафар бо унвони пурифтихори Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сазовор гардиданд. Корнамоӣ ва номи некашон аз саҳифаи таърих зудуда нахоҳад шуд.

Рисолаи «Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)» доир ба ҳаёт ва пайкори Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ аз Тоҷикистон мебошад, ки ҳосили ҷустуҷӯҳои зиёд аст. Дар он акси қаҳрамонон ва роҷеъ ба зиндагиномаашон маълумоти муфассал ҷой дода шудааст. Хонанда ҳамзамон бо рӯйхати адабиёти марбут ба ҳаёту фаъолияти қаҳрамонон, ки ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мураттаб шудааст, метавонад шинос шавад. Аҳамияти илмии рисолаи мазкур дар он аст, ки муаллифон дар такя ба маводи бойгонӣ корнамоиҳои ҷангии фарзандони ҷумҳуриро дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавриди таҳқиқ қарор додаанд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»