Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барқияи табрикӣ ирсол дошт, ки дар он, аз ҷумла гуфта мешавад:
«Муҳтарам Нурсултон Абишевич!
Басо сарфарозам, ки Шуморо ба муносибати ба мансаби олии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон такроран интихоб шуданатон самимона муборакбод менамоям.
Халқи Қазоқистон бо изҳори ризоияти худ пуштибонии васеву бешубҳаи сиёсати созандагии Шуморо ба манзури шукуфоии кишвар дар арсаи ҷаҳон, бемайлон баланд бардоштани обрӯи он ва беҳбудии халқи он ба тамоми ҷаҳон намоиш дод. Муваффақиятҳое, ки дар ин ҷода ба даст омадаанд, бо номи Шумо зич алоқаманданд.
Қаноатмандии худро аз рушди ҳамкории мутақобилан муфиди Тоҷикистону Қазоқистон иброз медорам ва аминам, ки Шумо минбаъд ҳам ба рушду густариши ҳамкории байни мамлакату халқҳоямон мусоидат мекунед. Мо аз ҷониби худ барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи байни ҳар ду давлат тамоми чораҳои заруриро меандешем.
Мехоҳам дар ин рӯзи фараҳбахш ба Шумо, муҳтарам Нурсултон Абишевич, тансиҳатии бардавом, саодати рӯзгор, умри дароз, дастовардҳои навро ба манзури рушди Қазоқистони бародар ва муваффақиятҳои минбаъдаро дар фаъолияти серсоҳаи Шумо орзу намоям».
www.president.tj