Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 январи соли 2015) чунин иброз доштанд: «Бо вуҷуди дастгирӣ аз ҳуқуқу манфиатҳои занону ҷавонон дар ин самт проблемаҳои ҳалталаб ҳанӯз зиёданд.
Аз ҷумла масъалаи пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, ки шумораи онҳо сол ба сол зиёд мегардад, ташвишовар мебошад». Ҳамчунин Сарвари давлат бо нигаронӣ хотиррасон намуданд, ки соли 2014-ум 9 ҳазор ақди никоҳ бекор шудааст, ки нисбати соли қаблӣ 9,5 фоиз зиёд аст.
Бо пош хӯрдани оила мушкилот ҳал намегардад. Он проблемаҳои зиёдро ба миён меорад, ки боиси баҳсҳои судӣ мегарданд. Вобаста ба ин дар суд парвандаҳои оилавӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд, ки ҷонибҳо доир ба ҳалли масъалаҳои манзил, баҳси фарзандон ва ғайра муроҷиат менамоянд.
Аз ҷумла доир ба рӯёндани алимент баҳсҳо зиёданд. Оилаҳое ҳастанд, ки на бо роҳи расмӣ, балки бо никоҳи мусулмонӣ зиндагии якҷоя доранд. Баъди аз ҳам ҷудо шудан шавҳарони ин гуна оилаҳо бо ҳар баҳона аз кумаки моддии фарзандон саркашӣ менамоянд. Ҳатто баъзеҳо гумон доранд, ки чун никоҳи онҳо тариқи динист, пардохти алимент ҳатмӣ намебошад. Ҳол он ки мутобиқи қонунгузории ҷорӣ волидайн вазифадоранд, фарзанди ноболиғи худро таъмин намоянд. Чунончӣ, дар суд парвандаи оилавӣ бо даъвои Фирӯза Абдулова ба ҷавобгарии Маҳмад Мирзомуродов оид ба рӯёнидани алимент баррасӣ гардид.
Фирӯза Абдулова даъвояшро бо он асоснок кардааст, ки бо ҷавобгар Маҳмад Мирзомуродов соли 2000 тариқи динӣ оила барпо намуданд. Аз зиндагии якҷояашон соҳиби як фарзанд гаштаанд. Аз соли 2013 замоне, ки муносибатҳои оилавиашон вайрон шуд, ҷавобгар Маҳмад Мирзомуродов барои таъмини фарзандаш ягон кумаки моддӣ нарасонидааст. Духтарашон хонандаи синфи 4-уми гимназия мебошад ва барои сару либос, хӯрока, ашёи мактабӣ, роҳпулӣ маблағи зиёде лозим аст. Ҷавобгар Маҳмад Мирзомуродов дар яке аз ширкатҳо дар вазифаи директори завод кор мекунад ва даромади хуб дорад. Даъвогар дар ин хусус аз ҷойи кори ӯ маълумотнома гирифта наметавонад, чунки ӯ директори завод мебошад. Бинобар ин, аз суд хоҳиш мекунад, ки суд бо ташаббуси худ маълумотномаро аз ҷойи кори ӯ талаб кунад ва аз ҳисоби ҷавобгар Маҳмад Мирзомуродов ҳар моҳ ба андозаи чоряк музди меҳнат аз тамоми намуди даромадҳо ё тариқи устувор ҳар моҳ ба андозаи 500 сомонӣ барои тарбия ва таъмини фарзанди ноболиғашон то ба синни балоғат расидан ба фоидаи ӯ рӯёнида шавад.
Даъвогар Фирӯза Абдулова дар маҷлиси судӣ, аризаи даъвогиашро бо пуррагӣ дастгирӣ ва аризаи норозигии пешниҳоднамудаи Маҳмад Мирзомуродовро ҷонибдорӣ накарда, аз суд хоҳиш дорад, ки даъво қонеъ карда шавад.
Суд баъди шунидани баёноти тарафҳо ва омӯхтани маводи парванда ба хулоса омад, ки даъворо қонеъ гардонад.
Мувофиқи талаботи моддаи 80 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон волидон уҳдадоранд ба фарзанди ноболиғ, ки муҳтоҷи ёрдам мебошад, таъминоти моддӣ расонанд.
Тибқи талаботи қисми 1-уми моддаи 81 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми набудани созишнома дар хусуси пардохти алимент барои фарзандони ноболиғ суд аз волидони онҳо ҳар моҳ ба андозаи зерин алимент мерӯёнад: барои як фарзанд ба андозаи чоряк, ду фарзанд сеяк, се фарзанд ва зиёда аз он – нисфи музди меҳнат ва аз дигар даромадҳои волидон алимент мерӯёнад.
Аз маълумотномаи пешниҳоднамудаи Маҳмад Мирзомуродов маълум гашт, ки ҷавобгар дар вазифаи таъминотчӣ фаъолият карда, дар як моҳ аз 1000 то 1150 сомонӣ маош мегирад.
Аз ин лиҳоз, ҳолатҳои дар боло зикршударо ба инобат гирифта, суд ба чунин хулоса омад, ки ба фоидаи даъвогар барои тарбия ва нигоҳубини фарзандаш, то ба синни балоғат расидани вай, аз ҳисоби ҷавобгар Маҳмад Мирзомуродов чоряки музди меҳнат ва аз тамоми даромадҳояш алимент рӯёнад.
Бо ҳалномаи суд барои тарбия ва нигоҳубини фарзандаш, то ба синни балоғат расидан, ҳар моҳ аз ҳисоби ҷавобгар Маҳмад Мирзомуродов чоряк ҳиссаи музди меҳнат, ки маблағи алимент 287 сомониро дар бар мегирад ва аз тамоми даромадҳояш алимент рӯёнида шавад.
Ҳамин тариқ, даъво оид ба рӯёндани алимент ҳал гардид. Аммо дар оилаи солим ба воя расидани фарзандро ҳеҷ гуна кумаку дастгирӣ наметавонад иваз намояд. Кӯдак ба ғамхорӣ ва меҳри падару модар ниёзманд аст.
Маърифат АЗИМОВА, судяи Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе