Сафари кории вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Рашт тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шунидани арзу шикоят ва дархости сокинони ин навоҳӣ эътимод ва эътиқоди сокинони минтақаро нисбат ба давлат боз ҳам мустаҳкамтар гардонд.
Бояд тазаккур дод, ки генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро байни мардуми ин маҳал обрӯ ва эҳтироми зиёдро соҳиб гардидааст. Соли 2010, ҳангоме ки дастаҳои ҷинояткор мехостанд минтақаро дубора ноором созанд, Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки дар вазифаи муовини якуми вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ ифои вазифа менамуд, дар қатори дигар роҳбарони мақомоти қудратии кишвар ба ин гӯшаи доғи мамлакат омад ва дар безарар гардонидани гурӯҳҳои ҷинояткор фаъолона ширкат варзид. Он рӯзҳои мудҳиш баробари мубориза бурдан алайҳи дастаҳои гумроҳу ватанфурӯш мунтазам бо аҳолӣ вохӯриҳо мегузарониданд. Натиҷаи чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ буд, ки аҳолӣ дар маҳв гардонидани ҷинояткорон бо неруҳои давлатӣ ҳамкорӣ намуданд.
Раиси Ҷамъияти «Ҷанговарони башардӯст»-и ноҳияи Рашт Шамсиддин Асоев паёми сокинони деҳаҳои Шулмак ва Шулеи деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзодаро аз дараи хушманзараи Камаров ба Раҳимзода Рамазон Ҳамро расонид ва гуфт, ки дар симои ӯ шахсеро мебинанд, ки дар барқарории сулҳу оромӣ ва таъмини зиндагии осудаи мардуми маҳал ва фаҳмондадиҳии мақсаду мароми Сарвари давлат барои ояндаи Тоҷикистон ва сокинони он хизмати шоиста кардааст.
Барои вохӯрӣ ва суҳбат аз ноҳияҳои Ҷиргатол, Тоҷикобод, Нуробод ва Рашт мардуми зиёд дар назди бинои Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт ҷамъ омада буданд.
Сокини деҳоти ба номи Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Аслиябӣ Толибова аз вазири корҳои дохилӣ хоҳиш кард, ки дар масъалаи таҳсили фарзандаш дар мактабҳои касбии кормандони милитсия ӯро дастгирӣ намояд. Ӯ аз ҷумла чунин зикр кард: — Хизмати хуби кормандони милитсия ба мардум маро водор кард, ки писарамро ба ин роҳ ҳидоят кунам. Вай ятим калон шуд ва бовар дорам, ки соҳиби таҳсилоти касбӣ шуда, ба қадри Ватан ва миллат мерасад, ба мардум хизмати арзанда менамояд.
Чанд нафар ҷавонон ба ҳамин мазмун ба Раҳимзода Рамазон Ҳамро муроҷиат намуданд ва хоҳиш карданд, ки барои таҳсил дар Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро дастгирӣ намояд. Дар навбати худ вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки онҳоро дастгирӣ менамояд.
Раиси шаҳраки «Навобод» дар мулоқот бо Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои сохтмони бинои зебову ҳозиразамони шуъбаи корҳои дохилӣ дар ин мавзеъ изҳори миннатдорӣ кард ва дар баробари ин хоҳиш намуд, ки барои кормандони зершуъбаи сӯхторхомӯшкунӣ низ кумак кунад, ки як бинои нав дар шаҳраки Навобод созанд. Аксарияти шаҳрвандони ба қабули вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ омада, аз қабили Асадулло Неъматуллоев — нафақахӯр аз ноҳияи Ҷиргатол, Абдусамад Идрисов — раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, Сафарбек Каримов — омӯзгор аз ноҳияи Рашт, Қаноат Раҳматов аз ноҳияи Нуробод, Аҳлиддин Ҳашаров аз ноҳияи Тоҷикобод, Фузайлшоҳ Идиев ва дигарон аз хизмати хуби кормандони милитсия ба хотири таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар минтақа изҳори миннатдорӣ намуданд.
Сокини деҳоти «Ясман» — сархатиби масҷиди панҷвақтаи деҳаи Воринг Барот Суфиев оид ба гароиши ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ ибрози назар кард ва зикр намуд, ки дар ҳудуди деҳоти «Ясман»-у «Ҳоит» аз ҳисоби фаъолон гурӯҳҳои таблиғотӣ ташкил карда шудааст, ки дар ҳайати онҳо уламои варзида низ ҳастанд ва эшон ба мардум оид ба пайдоиши ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва ҳадафу мақсадҳои барои ҷомеаи мо зараровари онҳо маълумоти кофӣ медиҳанд. Бовар дорем, ки ҷавонони навоҳии Рашт дигар ба доми фиреби ватанфурӯшону мазҳабфурӯшон намеафтанд.
Садбарг Додарбекова ба арзи вазир расонд, ки шавҳараш — майори милитсия Назрулло Абдуҷабборов соли 1996 ҳангоми иҷрои вазифаи хизматиаш ҳалок гардид. Ӯ фарзандонашро ба воя расонд. Маҳз ғамхориҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати корҳои дохилӣ буданд, ки фарзандони ӯ бепадариашонро эҳсос накарданд. Фарзанди калониаш Амонулло Абдуҷабборов бо роҳи падар рафт ва ҳоло дар Раёсати корҳои дохилӣ кор мекунад.
Вазири корҳои дохилӣ баъди қабули шаҳрвандон бо ҳайати кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт вохӯрда, оид ба боварии мардум нисбати милитсия ва вазифаҳои ояндаи онҳо суҳбат кард.
Бояд тазаккур дод, ки роҳбарияти раёсат ба таъмини шароити мусоид барои варзиш, истироҳати кормандони раёсат чораҳои зарурӣ андешидааст. Дар мавзеи маҳаллаи Зилзиласанҷӣ бо кумаки соҳибкорони ватанӣ ва қувваи кормандони милитсия боғи фарҳангӣ ва биноҳои истироҳатӣ сохта шудааст. Кормандони милитсия метавонанд ҳангоми рухсатӣ ҳамроҳи аҳли оилаи худ дар ин мавзеъ, ки бо шароити мусоид фарогир аст, истироҳат намоянд. Дар ояндаи наздик боз сохтмони як истироҳатгоҳ барои нафақахӯрон ва кормандони соҳа дар ин мавзеъ ба нақша гирифта шудааст.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»,
Суратгир Мирзосафар РИЗВОНОВ