Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Сохтори зиддитеррористии минтақавӣ тақвият меёбад

№62 (3363) 30.04.2015

DSC_1327

29 апрели соли 2015 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин  Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозхонд намудани Шоҳиён  Шермуҳаммад аз вазифаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Дар хусуси ҳамроҳ-шавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба пешгирии ҷинояти генотсид ва ҷазо барои он

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015»

4. Дар бораи Созишнома оид ба ҳифзи техникии иттилоот дар Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: -Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шурӯъ менамоем. Масъалаи аввал — «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозхонд намудани Шоҳиён Шермуҳаммад аз вазифаи раиси Комиссияи марказии интихобот  ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Тавре огоҳӣ доред, Шермуҳаммад Шоҳиён бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Аз ин сабаб лозим аст, ки Шермуҳаммад Шоҳиён аз вазифаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд шавад. Дар ин бора пешниҳод ё дигар таклиф нест? Ба овоз монда шавад? Хоҳишмандам, мавқеи худро муайян намоед.

Доир ба ин масъала Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар хусуси ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба пешгирии ҷинояти генотсид  ва ҷазо барои он сухан ба муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад.

РАҲМОН Озода Эмомалӣ: — Муҳтарам Раис,  Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба пешгирии ҷинояти генотсид  ва ҷазо барои он, ки мутобиқи Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 9 декабри соли 1948 қабул карда шудааст, пешниҳод карда мешавад.

Мутобиқи муқаррароти ин Конвенсия, давлатҳои аъзои СММ таъкид менамоянд, ки генотсид, сарфи назар аз он, ки дар давраи сулҳ ва ё ҷанг содир шудааст, ҷиноят  ба ҳисоб рафта, меъёрҳои  ҳуқуқи байналмилалиро поймол менамояд. Онҳо уҳдадоранд нисбати генотсид чораҳои пешгирикунанда андешанд ва ҷазо татбиқ намоянд.

Дар маҷмӯъ, меъёрҳои ҳуқуқии Конвенсияи мазкур масъалаҳои зеринро ба танзим медароранд:

- мафҳуми «генотсид»;

- кирдорҳое, ки нисбати онҳо ҷазо пешбинӣ мешавад;

- ба ҷавобгарии ҳатмии ҷиноятӣ  кашидани шахсоне, ки генотсид содир намудаанд;

- андешидани тадбирҳои муассир, тибқи қонунгузорӣ, бо мақсади пешбинӣ намудани ҷазо нисбати генотсид;

- тартиби эътибор пайдо кардани Конвенсия, ҳамроҳ шудан ба Конвенсия ва денонсатсияи он, вазифаи маҳфуздоранда ва ғайра.

Бояд таъкид сохт, ки тибқи маълумоти расмии Котиби генералии СММ дар ҳолати то 1 январи соли 2015-ум 146 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои ИДМ, ба монанди Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Россия, Украина ва Ӯзбекистон аъзои Конвенсия мебошанд.

Лозим ба ёдоварист, ки гарчанде Тоҷикистон аъзои Конвенсияи зикршуда набошад ҳам, генотсид, мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ҷиноят эътироф шудааст. Аз ин бармеояд, ки муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон ба муқаррароти Конвенсияи зикршуда мухолифат намекунад ва ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи мазкур аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ қобили қабул аст.

Ҳамзамон бояд таъкид кард, ки ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи номбурда паҳлуҳои мусбии иқтисодӣ ва тиҷоратӣ низ дорад. Аз ҷумла лозим ба ёдоварист, ки Иттиҳоди Аврупо қоидаҳо оид ба татбиқи низоми умумии имтиёзҳоро (Generalized System of Preferences – GSP+) бо қарори муштараки Шӯрои Аврупо ва Комиссияи Аврупо таҳти № 978/2012 аз 25 октябри соли 2012 қабул намудааст.

Дар асоси муқаррароти қоидаҳои зикршуда Иттиҳоди Аврупо ба кишварҳои рӯ ба инкишоф имконият медиҳад, ки зимни ворид намудани молу маҳсулот ба бозори Иттиҳоди Аврупо аз онҳо боҷҳои воридотӣ ситонида нашавад. Мувофиқи моддаи 9-уми қоидаҳои зикршуда, яке аз шартҳои муҳими татбиқи имтиёзҳои тиҷоратӣ нисбати  кишварҳои рӯ ба инкишоф ин ратификатсия ва ё ҳамроҳ шудани кишварҳои рӯ ба инкишоф ба 27 конвенсия ва протоколҳои байналмилалӣ мебошад.

Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 конвенсия ва протоколҳои байналмилалие, ки дар Қоидаҳо оид ба татбиқи низоми умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо пешбинӣ шудаанд, ба 25-тои он ҳамроҳ шудааст ва барои ба даст овардани ҳуқуқи истифодаи савдои имтиёзнок бо Иттиҳоди Аврупо бояд ба ду конвенсияи дигар низ аъзо гардад. Аз ҷумла Конвенсия оид ба пешгирии ҷинояти генотсид ва ҷазо барои он ва Конвенсия доир ба савдои байналмилалии намудҳои ёбоии наботот ва ҳайвонот, ки онҳоро хатари аз байн рафтан таҳдид менамояд.

Бояд зикр кард, ки татбиқи Низоми умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо нисбати Тоҷикистон ба молсодироткунандагони ватанӣ имкон медиҳад, ки ҳангоми содирот ба бозорҳои Иттиҳоди Аврупо ҳуқуқи истифодаи боҷҳои гумрукии имтиёзнокро барои 6350 намуди молҳо дар сатҳи сифр ё ин ки наздик ба он ба даст оранд. Бархӯрдор гаштан аз Низоми мазкур меъёри боҷи содиротии молҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз сатҳи миёнаи 4,8 фоиз то ба сифр коҳиш дода, бо ин васила қобилияти рақобатпазирии онҳоро таъмин ва ба рушди содиротии кишвар мусоидат хоҳанд кард.

Бояд ишора кард, ки ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи мазкур инчунин хусусияти мусбии сиёсӣ дошта, нуфуз ва манзалати Тоҷикистонро дар самти таъмини эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон дар назди шарикони аврупоӣ ва америкоӣ таҳким бахшад. Мавзӯи ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба ин Конвенсия борҳо дар машваратҳои сиёсии дуҷониба бо кишварҳои Аврупо ва Америка, инчунин дар муколамаҳои дуҷониба оид ба ҳуқуқи инсон мавриди муҳокима қарор гирифта буд.

Бо дарназардошти оқибатҳои сиёсӣ ва иқтисодии изҳоршуда, аз шумо муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи номбурда ҷонибдорӣ карда шавад.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон  Сафаров Бахтовар Амиралиевич дода мешавад.

Бахтовар САФАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Конвенсия оид ба пешгирии ҷинояти генотсид ва ҷазо барои он, ки 9 декабри соли 1948 дар шаҳри Париж қабул шудааст, ҷиҳати ҳамроҳшавӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Конвенсия оид ба пешгирии ҷинояти генотсид ва ҷазо барои он мутобиқи Қатъномаи 260 (III) Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 9 декабри соли 1948  қабул карда шуда, 12 январи  соли 1951 мавриди амал қарор гирифтааст.

Конвенсия оид ба пешгирии ҷинояти генотсид ва ҷазо барои он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №39 аз 13 апрели соли 2015 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсия оид ба пешгирии ҷинояти генотсид ва ҷазо барои онро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.

Конвенсия оид ба пешгирии ҷинояти генотсид ва ҷазо барои он дар таърихи 22 апрели соли 2015 дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, дастгирӣ карда шуд.

Конвенсия оид ба пешгирии ҷинояти генотсид ва ҷазо барои он ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи номбурдаро ҷонибдорӣ намоед.

Дар хусуси тасдиқи Конвенсияи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС:- Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонмамадова Меҳринамо Худододовна дода мешавад.

Меҳринамо ҶОНМА-МАДОВА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ба муҳокимаи шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» пешниҳод карда шавад.

Зикр кардан зарур аст, ки Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соли 2014 бинои гузаргоҳи назоратӣ ва бино барои вохӯрии сарҳадчиёнро барои қисми низомии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти «Лаккон» — и шаҳри Исфара аз ҳисоби маблағҳои худӣ ба маблағи 7,9 миллион сомонӣ сохта, ба истифода додааст.

Бояд тазаккур дод, ки маблағи мазкур (7,9 миллион сомонӣ) дар нақшаи хароҷотии ҳисоби хоҷагии Агентии мазкур пешбинӣ нагардида буд.

Иҷрои корҳои сохтмонӣ бо санади муқоисавии байни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчии сохтмони иншооти дидбонгоҳи сарҳадӣ- Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Мубин» тасдиқ шудааст.

Дар ин давра аз ҷониби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корҳои иҷрокардашуда 5,1 миллион сомонӣ пардохт гардидааст.  Айни ҳол қарзи Агентӣ дар назди пудратчии сохтмон 2,8 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Аз ин лиҳоз, лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади дастгирии давлатии молиявии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар соли 2015 пардохт намудани ин қарз аз ҳисоби 50 фоизи маблағи аз додани сертификат бадастовардаи Агентӣ, ки тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» ба Буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад, таҳия гардидааст.

Қабули қонуни мазкур имконият медиҳад, ки маблағҳои аз ҳисоби хоҷагӣ бадастомада барои рушди базаи моддию техникии Агентии мазкур равона карда шаванд.

Бинобар ин, аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС:- Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Салимзода Комил дода мешавад.

Комил САЛИМЗОДА: -Муҳтарам Раис, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 2015 таҳти № 35 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади дастгирии молиявии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати дар соли 2015 аз ҳисоби 50 фоизи маблағи аз додани сертификат бадастовардаи Агентӣ, ки тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» ба Буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад, пардохт намудани қарзи Агентӣ дар назди пудратчӣ барои сохтмони биноҳои гузаргоҳи назоратӣ ва вохӯрии сарҳадчиён дар шаҳри Исфара пешниҳод шудааст.

Мувофиқи лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳод карда мешавад, ки ҷумлаи якуми қисми 5 моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

«Дар соли 2015-ум 50 фоизи маблағи аз додани сертификат бадастовардаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои 2758619 сомонӣ, ки ба пудратчии сохтмони бинои гузаргоҳи назоратӣ ва бино барои вохӯрии сарҳадчиён дар шаҳри Исфара пардохта мешавад, ба даромади Буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.».

Лоиҳаи қонуни мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда, ҳамзамон се таклиф  пешниҳод намуданд. Аз таклифҳои пешниҳодшуда 1-тоаш қабул  ва 2-тоаш қабул нашуд.

Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул 16 апрели соли 2015 лоиҳаи қонун бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибдорӣ карда шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи Созишнома оид ба ҳифзи техникии иттилоот дар Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай сухан ба муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паноев Сӯҳроб Музофирович дода мешавад.

Сӯҳроб ПАНОЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба ҳифзи техникии иттилоот дар Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай 15 июни соли 2006 аз ҷониби роҳбарони давлатҳо — аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ба имзо расонида шудааст.

Дар ҳудуди Созмони Ҳамкории Шанхай Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ (СМЗТ) амал менамояд, ки он мақомоти доимоамалкунандаи Созмони Ҳамкории Шанхай ба ҳисоб меравад. Сохтори мазкур аз ҳисоби мутахассисони мақомоти салоҳиятдори давлатҳо — аъзои СҲШ ташкил шудааст. Вазифаи асосии ин Сохтор ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои мутақобилаи мақомотҳои салоҳиятдор дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва сепаратизм мебошад.

Мувофиқи муқаррароти Созишнома оид ба ҳифзи техникии иттилоот дар Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай мақоми салоҳиятдор мубодилаи иттилоотро амалӣ менамоянд. Бо ин мақсад тибқи Созишнома аз 17 июни соли 2004 «Бонки маълумотдиҳии маҳфуз»-и СҲШ таъсис дода шудааст, ки аз ҷониби роҳбарони давлатҳо — аъзои СҲШ ба имзо расонида шудааст.

Тибқи муқаррароти Созишномаи мазкур дар «Бонки маълумотдиҳии маҳфуз» иттилооти махфӣ нигоҳ дошта мешаванд. Масъалаи ҳифзи техникии иттилоот бо Созишномаи иловагӣ ба танзим дароварда мешавад.

Дар доираи Созишномае, ки имрӯз таҳти баррасӣ қарор дорад, аз тарафи мақомоти салоҳиятдор як қатор чорабиниҳо ҷиҳати ҳифз намудани иттилоот ба анҷом расонида шудааст. Ҳамзамон барои пешгирии ифшои иттилоот ва дастрасии ғайриқонунӣ ба он такмили доимии барномаи «Бонки маълумотдиҳии маҳфуз» анҷом дода мешавад.

Илова бар ин, айни ҳол дар самти таъсиси Низоми маҳфузи алоқаи иттилоотию коммуникатсионӣ дар байни давлатҳо — аъзои СҲШ корҳои тахассусӣ идома ёфта истодаанд. Бо мақсади таъсиси Низоми мазкур тендери пӯшида гузаронида шуд, ки дар натиҷа ширкатҳои таҷрибадори Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой интихоб карда шуданд. Баъд аз таъсис ва гузаронидани санҷиши махсус Низоми маҳфузи алоқаи иттилоотию коммуникатсионӣ имконият медиҳад, ки алоқаи пӯшида фароҳам оварда шуда, мубодилаи иттилооти махфӣ ба роҳ монда шавад.

Бояд зикр кард, ки дар доираи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай ба ҳифзи иттилооте, ки сирри давлатиро ташкил медиҳад ва иттилооти пешниҳодшавандаи давлатҳо диққати махсус дода мешавад. Ҳифзи иттилоот тариқи ҳуқуқӣ ва техникӣ амалӣ карда мешавад.

Вобаста ба ин, Созишнома оид ба ҳифзи техникии иттилоот дар Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай таҳия, қабул ва барои тасдиқ пешниҳод карда шудааст.

Созишнома аз дебоча ва 17 модда иборат буда, дар дебоча зарурати бастани Созишнома оварда шудааст.

17 моддаи Созишнома масъалаҳои зеринро дар бар мегиранд:

- ҳадафҳои бастани Созишнома;

- коркард ва таклифҳои мутахассисони Тарафҳо дар доираи Созишномаи мазкур;

- масъули амалисозии Созишномаи номбурда дар СҲШ;

- талабот оид ба ҳифзи иттилоот дар Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай;

- тартиби ҳалли баҳсҳое, ки ҳангоми татбиқи Созишномаи мазкур пайдо мешаванд;

- муқаррароти хотимавӣ.

Тарҷумаи матни тоҷикии Созишнома дар асоси хулосаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардидааст.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоем, ки тасдиқи Созишнома оид ба ҳифзи техникии иттилоот дар Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхайро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Қудратов Рустам Раҳматович дода мешавад.

Рустам ҚУДРАТОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Созишнома оид ба ҳифзи техникии иттилоот дар Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай 15 июни соли 2006 дар шаҳри Шанхай ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Созишномаи мазкур тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 2015 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 21 апрели соли 2015 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод.

Созишнома оид ба ҳифзи техникии иттилоот дар Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ гардида, муайян карда шуд, ки он ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Бинобар ин аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Дар хусуси тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад дода мешавад.

ХОЛМУҲАММАДЗОДА Азизмуҳаммад Холмуҳаммад: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромиқадр!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намуда, бо мақсади пурраву оммафаҳмгардонии он ҳамагӣ 20 пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 14-тоаш қабул ва 5-тоаш қисман қабул гардиданд.

Мутобиқи моддаи 84-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 4-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазифаи суд аз таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ иборат буда, ҳокимияти судӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон эълон намудаанд, ҳифз менамояд.

Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мегардонанд. Ҳамин тавр, таъиноти тамоми судҳои мамлакат, аз ҷумла Суди конститутсионӣ, аз баамалбарории адолати судӣ иборат мебошад.

Бар замми ин, мутобиқи моддаҳои 56 ва 69-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби интихоб ва бозхонди раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ як хел буда, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Аз ин лиҳоз, лоиҳаи пешниҳодгардида чунин муқаррар менамояд: «Кор дар вазифаҳои Раис, муовини якум ва муовинони Раис, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раис, муовини якум ва муовинони Раис, судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раис, муовини якум ва муовинони раис, судяи Суди ҳарбӣ, раис, муовини якум ва муовинони раис, судяи Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, раис, муовини якум ва муовинони раис, судяи Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе ҳамчун собиқаи кории Раис, муовини Раис ва судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта шавад».

Ҳамин тариқ, лоиҳаи қонун дар заминаи мутобиқгардонии меъёрҳои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба меъёрҳои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар як вақт, адолати иҷтимоиро ҷиҳати амалигардонии адолати судӣ таъмин менамояд.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории мамлакат мухолифат надошта, татбиқи он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.

Аз ин рӯ, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории қабули лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур овоз диҳед.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионӣ ба овоз монда, қонуни конститутсионӣ қабул шуд. Вобаста ба қабули қонуни конститутсионӣ Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ дода мешавад.

ҚАЛАНДАРЗОДА Мавлуда Сатторӣ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Тайи солҳои охир аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими ҳокимияти судӣ, рушди сохтори судии мустақилу беғараз, баланд бардоштани мавқеи  суд дар ҷомеа, ҳамчун мақомоти таъминкунандаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон се Барномаи мукаммали ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, иҷрои ду Барнома таъмин ва ҷараёни амали Барнома барои солҳои 2015-2017 идома дорад.

Дар ин раванд қонунгузории кишвар, аз ҷумла қонунгузории фаъолияти соҳаро танзимкунанда, такмил дода шуда, дар низоми судии мамлакат  дигаргуниҳои куллӣ ворид гардиданд.

Дар Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ  барои солҳои 2011-2013, аз 3 январи соли 2011 таҳти №976, пурзӯр намудани талаботи тахассусӣ ҳангоми таъин ва интихоби судяҳо, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии онҳо таъкид шуда, зикр гардидааст, ки маърифати баланди ахлоқӣ ва дараҷаи касбию зеҳнӣ, дониши амиқи ҳуқуқӣ, одоби муоширати касбии судягӣ, адлу инсоф, беғаразӣ, ҳисси баланди эҳтиром ба халқу Ватан, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо, адолатнокию поквиҷдонӣ бояд меъёри асосии муайянкунандаи шахсият ва фаъолияти ҳар як судя бошад. Хоста гирифтан ва таъину интихоби судяҳо, инчунин фаъолияти онҳо аз рӯи талаботи мазкур бояд амалӣ карда шавад.

Ҷиҳати таъмини ин ҳадафҳо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар Конфронси судяҳои ҷумҳурӣ  Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардиданд.

Ҳадафи пешниҳоди лоиҳа такмил додани меъёри қонуни конститутсионии номбурда марбут ба  ҷавобгарии интизомии судя мебошад.

Дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар низоми судии ҷумҳурӣ судҳои иқтисодӣ низ амал намуда, парвандаҳои иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Зиёда аз ин, судҳои ҷумҳурӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавӣ дархосту пешниҳодҳоро низ ҳал менамоянд.

Сархати якуми моддаи 123 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» нисбати судя барои вайрон намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баррасии парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷавобгарии интизомиро пешбинӣ намуда, вале аз рӯи парвандаҳои иқтисодӣ ва дархосту пешниҳодҳо бошад, муҷозоти интизомиро муқаррар накардааст. Лоиҳаи манзургардида номукаммалии санади меъёрии номбурдаро бартараф менамояд.

Кодекси одоби судяи  Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои одобу рафтори судяҳоро зимни фаъолияти корӣ ва ғайрикорӣ пешбинӣ намудааст.

Вале барои вайрон ё риоя накардани талаботи он  дар қонунгузории амалкунанда ягон муҷозот муқаррар нашудааст. Аз ин хотир, дар лоиҳа бо мақсади баланд бардоштани ҳисси масъулияти судяҳо ҷиҳати таъмини баррасии саривақтии парвандаҳои судӣ, қабули қарорҳои қонуниву асоснок ва риояи дақиқи меъёрҳои Кодекси мазкур пешниҳод гардидааст, ки  ба моддаи 123 Қонуни конститутсионии мазкур сархати чорум  бо мазмуни зайл: «- барои риоя накардани талаботи Кодекси одоби суди Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова карда шавад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуда, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон онро ба қонунгузории амалкунанда мутобиқ ҳисобидааст.

Ҳамзамон кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, оид ба иқтисод ва молия, оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия ва оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ доир ба лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур дар маҷмӯъ шаш таклифу пешниҳод манзур кардаанд, ки аз онҳо се таклиф қабул гардида, се адади дигар қобили қабул ҳисобида нашуд.

Кумитаи масъул рӯзи 22 апрели соли 2015 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро муҳокима  намуда,  бо дарназардошти онҳо лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур такмил дода шуд. Аз ҷумла лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ ва  матни русии лоиҳа бо матни тоҷикӣ мувофиқ гардонида шуд.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Инчунин аз Буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро тақозо намекунад.

Муҳтарам вакилон, кумитаи масъул лоиҳаро ба муҳокимаву баррасии шумо пешниҳод намуда, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки барои қабули он овоз диҳед.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионӣ ба овоз монда, қонуни конститутсионӣ қабул гардид. Вобаста ба қабули қонуни конститутсионӣ Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».

 Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ