Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз муҳимтарин санаи таърихии халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла халқи тоҷик, мебошад. Ин ид, пеш аз ҳама, поси хотираи дурахшони ҳазорон нафар ҳамватанонест, ки баҳри озодии халқҳои кишвари абарқудрати шӯравӣ дар майдони набардҳои хунин қаҳрамонию далерӣ нишон додаанд. Миллионҳо одамони гуногунмиллат аз як гиребон сар бароварда, дар набардҳои ин ҷанги даҳшатноктарини таърихи башарият, ки 1418 шабонарӯз давом кард, матонату далерии бемисл нишон дода, фашистонро то лонаашон Берлин ронда, саркӯб намуданд ва оқибат сарбаландона табли зафар навохтанд.
Яке аз чунин фарзандони далери халқи тоҷик Фахриддин Саидов мебошад, ки соли 1922 дар деҳаи Учқули деҳоти «Алмосӣ»-и ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст. Ӯ акнун ба синни нуздаҳ даромада буд , ки ҷанги даҳшатбор сар шуд. Аввалҳои моҳи июли соли 1941, аз оғози ҷанги хонумонсӯз ҳамагӣ ду ҳафта нагузашта буд, ки ба ҷавонмардони ноҳия, аз ҷумла деҳаи Учқул хабарнома омад. Фахриддин аввалин шуда, тӯшаи роҳ гирифту ба Комиссариати ҳарбии Гарнизони шаҳри Душанбе омад. Дар ин ҷо давоми ду- се рӯз ҷавонони зиёд ҷамъ омаданд ва беш аз 300 нафари онҳоро тавассути поезд ба Москва ва баъдан ба сарҳади Иттиҳоди Шӯравӣ, ба Финландия, ки дар он ҷо барои минтақаи Карелия ҷанг мерафт, сафарбар карданд. Дере нагузашта, якчанд қисмҳоро бо фармони Сарфармондеҳи Олии қӯшунҳои Армияи Советӣ барои мудофиаи Москва оварданд, ки дар яке аз қисмҳо Фахриддин низ буд.
Аввалҳои моҳи декабри соли 1941 муҳорибаҳои шадиду хунин барои муҳофизати Москва оғоз шуданд. Дар муҳорибаҳо 75 дивизия, се ҳазор танк, 1400 самолёт ва наздик ду миллион афсарону сарбозони Германияи фашистӣ барои забт кардани шаҳри Москва ба ҳуҷуми навбатӣ гузаштанд. Хушбахтона, хати армияи пурқудрати фашистон рахна гардида, Армияи Советӣ бо тамоми қувва ба ҳуҷум гузашта, фашистонро то охири моҳи декабр 200 километр дуртар аз Москва бурданд, ки ин муваффақияти аввалини Армияи Советӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 буд. Фашистони немис дар остонаи Москва шикасти бузург диданд ва аз ин марҳила ақибнишинии онҳо сар шуд. Ин шикасти бузург ба фронтҳои ҷанубӣ ва шимолии армияи немис зарари ҷиддӣ расонида, рафти амалиётҳои онҳоро хеле суст гардонид
-Вақте ки фашистҳоро аз наздикии Москва то 200 километр зада пеш кардем, дигар ҳама тарсу ҳароси ҷанг ба фаромӯшӣ рафт. Дигар тасмими ба қафо баргаштан набуд, мақсад танҳо ба пеш, ба сӯйи ғалаба буд, — мегӯяд бобои Фахриддин канда –канда ва нақлашро идома медиҳад:- Баъди немисҳоро аз Москва дур кардан, қисми моро ба самти шаҳри Сталинград равон карданд, зеро дар ҳамон шабу рӯзҳо немисҳо ин шаҳрро пурра забт карда буданд. Муҳорибаҳои шадид сар шуда, аз қисмати шарқию шимолӣ ва шарқию ҷанубӣ ба армияи немис зарбаҳои сахт зада, Сталинградро аз дасти фашистон озод кардем. Баъди чанд рӯз тариқи радио шунидем, ки дар ҳама самтҳои ҷанг Армияи Советӣ ба ҳуҷум гузашта, ба армияи немис шикасти калон додааст. Аз байн дере нагузашта, қисми моро ба фронти 2-юми Украина ҳамроҳ карданд. Дар он ҷо маро ба шуъбаи 7-уми баталёни муҳарриконидашудаи кӯпруки пантон- созӣ шомил карданд. Кори мо асосан техникаву яроқ ва лавозимоти ҷангиро ба воситаи паромҳои ҳарбӣ аз дарёҳо ва дигар минтақаҳои обии душворгузар ба соҳили даркорӣ гузаронидан буд.
- То охирҳои соли 1944 дар ҳамин баталён хизмат кардам. Тирамоҳи соли 1943 буд. Фармон шуд, ки техникаи ҳарбиро бояд аз дарёи Днепр гузаронем. Немисҳо моро бе танаффус тирборону бомбаборон мекарданд. Илоҷи дигар набуд, зеро фармонро бояд дар вақти муайяншуда иҷро намоем. Командири шуъбаи 7-уми баталёни муҳарриконидашудаи кӯпруки пантонсозӣ майор Сундстрем ба мо бародарвор изҳор кард, ки фармонро бояд таъҷилан иҷро намоем. Тири тӯпу танкҳо ва бомбаборонкунии самолётҳои фашистони немисро нигоҳ накарда, шабона яроқу техникаи ҳарбии вазнини ҷангиро аз дарёи Днепр ба соҳили муайяншуда гузаронида, супоришро бо сари баланд иҷро кардем. Дар ҳамин вақт командири баталён моро ба оғӯш гирифта гуфт: «Ребята, мы победим эту войну».
Бобои Фахриддин ашк мерехт, ашке, ки 72 сол пеш дар сарзамини Украина — соҳили дарёи Днепр аз шодӣ рехта буд, боз ба ёдаш омад.
Мавсуф дар рафти озодкунии шаҳрҳои Харков, Одесса ва Киев фаъолона иштирок карда, супоришҳои фармондеҳонро бо сари баланд иҷро кардааст. Ба гуфти худаш, ӯро дар баталён «передовой» меномиданд, зеро ӯ ҳамеша дар сафи пеш буд, ҳатто аз супоришҳои вазнин наҳаросида, пайи иҷрояшон мешуд. Ҳамин хислатҳо буд, ки дар варақаи мукофотиаш омадааст: «Фахриддин Саидов ҳамчун ҷанговари содиқ дар гузаронидани танку нақлиёти вазнини ҳарбӣ аз дарёҳои Прут, Бахлуй, Серет чусту чолокӣ нишон дода, дар сохтани кӯпруки паромӣ дар дарёи Ойтоз барои гузаронидани нақлиёт ва лавозимоти ҳарбӣ чун пештара супоришҳои додашударо бо сарбаландӣ иҷро кард».
Дар сархати дигари ҳамин варақаи мукофотӣ чунин омадааст: «31 августи соли 1944 дар вақти ба ҳам бастани кӯпруки паромӣ дар дарёи Ойтоз кӯпруксозон зери муҳосира ва тирборонкунии фашистон қарор гирифтанд. Бомбаборонкунӣ онҳоро маҷбур кард, ки ба паноҳгоҳ ҷойгир шаванд, дар ин ҳолат Фахриддин Саидов бо овози баланд коргаронро ба паноҳгоҳ даъват карда, онҳоро аз тиру тӯпи душман наҷот дод. Барои ин корнамоиаш ба дарёфти ордени «Ситораи Сурх» пешниҳод карда шуд.
2 сентябри соли 1944. Командири шуъбаи 7-уми БМКП майор Сундстрем».
Мутаассифона, аз ин мукофоти ҷангӣ то ҳол дараке нест. 22 сентябри соли 1944 Фахриддин Саидов барои шуҷоату далерӣ ва иҷрои супоришҳои ҳарбӣ дар майдони ҷанг бар зидди фашистон бо медали «Барои шуҷоат» мукофотонида шуд.
Бобои Фахриддин дар ҷангҳои мудофиаи Москва, Сталинград, озодкунии Украина ва шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Венгрия иштирок намуда, шаҳди ғалабаро дар ин сарзамин чашидааст.
Давоми солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ армияи Квантуни давлати Япония аз ин вазъият истифода бурда, қисмати Шарқи Дури Иттиҳоди Шӯравӣ, Манҷурия ва Муғулистонро забт кард. 2 августи соли1945 Иттиҳоди Шӯравӣ бар зидди Япония ҷанг эълон кард. Армияи пурқудрати озодихоҳи ИҶШС бо қувваи бузург, давоми як моҳ армияи япониҳоро шикаст дода, 2 сентябри соли 1945 санади таслимшавии армияи Япония ба имзо расид ва ба Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ хотима дода шуд.
Дар ин ҷанг Фахриддин Саидов иштирок карда, дар торуморшавии душман саҳм гузоштааст. Ҷанг ба охир расид, вале мавсуф ҳамоно дар хизмат буд. Ӯ то моҳи декабри соли 1946 дар барқарорсозии шаҳрҳои аз ҷанг валангоргардида иштирок карда, аввалҳои соли 1947 сиҳату саломат ба Ватан баргашт.
Имрӯз сари синаи ҷанговари ҷасур Фахриддин Саидовро ордени «Ҷанги Ватанӣ» дараҷаи II, медали «Барои шуҷоат» ва дигар нишонҳо оро медиҳанд. Ӯ ҳамчунин борҳо бо раҳматномаҳо сарфароз гардонида шудааст. Ҳоло 94 — сола буда, дар иҳотаи ҳафт фарзанд, 30 набера ва 16 абераву ҳашт чабера ҳаёти хушу гуворо дорад.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»