Кордонӣ ҳунар аст

Масъулиятшинос

№45-46 (3030-3031) 12.04.2013

ФатоевМасъулият ва дарки он барои ҳар инсон аз оила оғоз мегирад ва минбаъд аз омӯзиш, рӯшанбинӣ ва натиҷагириҳои ҳаётӣ пайваста такмил меёбад. Фаттоев Неъматулло Самадович, директори КВД «Маркази касбомӯзию соҳибкорӣ», дар оилаи фарзанди барӯманди диёри куҳистон Самад Фаттоев (рӯҳаш шод бод), ки ҳамчун машъали дурахшон солҳои панҷоҳуму шастуми асри гузашта соҳаи маорифи ҷумҳуриро мунаввар карда буд, ба камол расидааст. Неъматулло фарзанди ҳамин муаллими зиндаёду асил мебошад, ки ҳамзамон роҳбари кордону ғамхор ва инсоне ниҳоят хоксор, меҳрубону дилсӯз буд. Аммо Неъматулло гирди номи қиблагоҳ нагашт, аз пайроҳаи худ қадам зад, падари хеш шуд. Муҳимтар аз ҳама, худ дарк кард, ки бе масъулиятшиносӣ ва сариштаи корҳои муфид ба пирӯзӣ муваффақ шудан мушкил аст. Барои худ кашф кард, ки дар кор принсипи ягона доштан ва серталаб будан боиси барори кору равнақи тоза мегардад, аммо дар ҳама ҳолат, мисли падари зиндаёд, адолату меҳрубониро аз одамон набояд дареғ дошт, зеро одамӣ як умр муҳтоҷи навозиш ва сухани гарм аст ва танҳо бо дилҷӯиву якдигарфаҳмӣ метавон ба қуллаи баланди мурод дасти нарм гузошт. Неъматулло бо ҳамин роҳи мунаввар қадам ниҳод.

Неъматулло Фаттоев баъди хатми факултети иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (соли 1994) фаъолияти меҳнатиашро аз таҷрибаомӯзи фабрикаи ҷӯроббофии «Нафиса»-и шаҳри Душанбе оғоз бахшида, сипас ба ҳайси хизматчии қисмҳои ҳарбии Федератсияи Россия, мутахассиси дараҷаи якуми шуъбаи иқтисод ва робитаҳои иқтисоди хориҷии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, директори хоҷагии моҳипарварии «Чубек», директори хоҷагии ниҳолпарварӣ, сардори мақомоти андоз, мудири шуъбаи умумии дастгоҳи раис ва муовини раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ифои вазифа дошт ва ҳақиқати воқеии масъулиятшиносиву адолатпарвариро равшан дарку касб намуд.

Мавсуф аз соли 2005 инҷониб сарнавишти худро ба самти касбомӯзию соҳибкории Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст. Ӯ набзи замону талаботи бозори меҳнатро ба хубӣ дарк намуд ва корро дар Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази касбомӯзию соҳибкорӣ» аз мутахассиси пешбар оғоз бахшид. Баъди се моҳ дар ин корхона муовини директор таъин гардид ва акнун комилан бар он буд, ки ин ришта таҳаввулоти зиёдеро тақозо дорад.

Дар корхона камбудӣ ва мушкилиҳо зиёд буданд, аммо ибтидо дар беҳбуд бахшидан ва ҳалли масоил дасти норасо доштанд. Саъю талош ва пешниҳодашон рӯйи коғазҳо мемонд. Ӯ пас аз як сол дар ин ҷо директор таъин шуд. Он замон корхона на танҳо пойгоҳи таълимӣ, ҳатто шароити мусоиди корӣ ҳам надошт. Дар як утоқи кории хурд ва бетаъмир чор нафар мутахассис бо душворӣ иҷрои вазифа мекард. Компютери дурусти корӣ, мошинаҳои дӯзандагӣ, таҷҳизоти омӯзиши касбҳо ва синфхонаҳои омӯзишии табъи дил набуданд. Бар замми ин, қарзи зиёде дар назди мақомоти андоз, стипендия ва музди меҳнат мероси асосии корхона ба ҳисоб мерафт. Ин буд, ки масъалаи аз байн бурдан, барҳам додани марказ ба миён омад. Модом ки дарёфти ташкилотчӣ душвор бошад, чӣ манфиат аз нигоҳ доштани чунин як марказ ба ном? Лекин бозори меҳнат талаботи дигар дошт. Ташкил кардан шарт ва тарбияи ташкилотчӣ зарур! Чаро ҷавонони мо натавонанд? Дар ин дунё ивазнашавандагон вуҷуд надоранд. Ана ҳамин гуна ташкилотчии корро дар симои Неъматулло Фаттоев дарёфтанд. Ҳама ба ӯ умед бастанд. Роҳбарияти тозаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва мухоҷират, бавижа директори ҷавону кордони он Нурулло Маҳмадуллоев, марказро ҳамаҷониба дастгирӣ кард.

Неъматулло Фаттоевро лозим омад, ки бо мадади агентӣ корро аз сифр оғоз намояд. Албатта, барои ҳалли мушкилоту ташкили корхонаи тоза заҳмат ва саъю талоши зиёд кард. Охир, дуруст гуфтаанд:

«Бе саъйи дурусту азми комил,

Касро нашавад мурод ҳосил».

 Хушбахтона, меҳнати шабонарӯзиаш барабас нарафт. Воқеан ҳам ӯ бояд собит месохт, ки уҳдабарост ва роҳбарият дар интихоби ӯ иштибоҳ накардааст. Ин буд, ки танҳо дар соли 2009 зиёда аз 65 ҳазор сомонӣ қарзи музди меҳнат ва стипендия аз ҳисоби чорабиниҳои шуғли аҳолӣ барқарор гардид. Соли 2010 чор синфхона аз таъмири пурра бароварда шуд. Дар онҳо директори ҷавон базаи нави таълимӣ созмон дод, аз ҷумла синфҳои компютерии замонавӣ, дӯзандагӣ, омӯзиши забонҳо, омӯзиши касбҳои кафшергарӣ ва барқгарӣ. Аз ин пас кор ривоҷ ёфт.

Соли 2011 дар корхона боз ду синфхонаи нав ва чор утоқи корӣ пурра таъмири замонавӣ дида, бо таҷҳизоти ҳозиразамони корӣ ва омӯзишӣ муҷаҳҳаз гардид. Нақ-шаҳои таълимию омӯзишӣ комилан иҷро шуд. Барои омӯзиши 11 касби нави ҷавобгӯйи бозори меҳнат дар шаҳри Норак аз Хадамоти иҷозатномадиҳии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ризоият ба даст омад.

Дар шароити кунунӣ нашъаи ҳамкориҳои судманд бо ташкилотҳои мададрасон шарти асосии пешрафт маҳсуб мешавад. Неъматулло Фаттоев барои таъмиру тармим ва ташкили вусъатноки кор ҳамкориҳои судмандро бо шарикони рушд, аз ҷумла бо намояндагони Ҷумҳурии Корея, ки дар шаҳри Душанбе мустақар ҳастанд, густариш дод. Дар натиҷа боз шаш синфхонаи нави замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин синфхонаҳо омӯзиши касби мураббия – парастор роҳандозӣ шуда, он ба шароиту таҷҳизоти беҳтарин таъмин гардид. Дар ин кор ташкилоти байналмилалии «Ҳамкорӣ ва тараққиёт», ки директораш Ю Ҷе Чоол мебошад, саҳм гирифт. Синфхонаи маҳсгар низ, ки устодони он аз Ҷумҳурии Корея ва Амрико мебошанд, бо тамоми таҷҳизоти омӯзишӣ ба фаъолият пардохт ва филиали марказ дар шаҳри Қайроққум низ таъсис ёфт.

Ҳамзамон устуворӣ ва обруву нуфузи ҳар як корхонаро кадрҳо, мутахассисони соҳибтаҷрибаву дилсӯз ҳимоя мекунанд. Бо ин мақсад Неъматулло Фаттоев бисёр устодону омӯзгорони ботаҷрибаро барои омӯзиши шаҳрвандон даъват кард. Бо мадади онҳо 43 касби нави замонавӣ ташкил ва барномаҳои таълимӣ таҳия гардид. Ҳамин тавр, дар давоми чор соли фаъолияти Н. Фаттоев беш аз 12 ҳазор шаҳрвандони корҷӯй марказро хатм намуда, соҳиби касбҳои гуногун шуданд, ки аксарияти онҳо занҳо ва мардони калонсол буда, айни ҳол дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ кору фаъолият доранд.

- Ғояи омӯзиш тӯли тамоми ҳаёт мисли дунё пир шуда бошад ҳам, аммо то ҳол моҳияти худро гум накардааст, — мегӯяд директор. – Мардуми рус зарбулмасале дорад: «Асре зиндагӣ кун – асре биомӯз». Вирди забони мардуми хитойӣ ин калимаҳост: «Аз надонистан матарс – аз наомӯхтан битарс!». Бузургони хирадманди мо фармудаанд: «Аз гаҳвора то гӯр дониш биомӯз!». Касбомӯзӣ рӯҳи инсонро бо ахлоқи ҳамида, заҳматписандӣ, ростқавлӣ ва инсондӯстӣ қавитар мепайвандад. Ҳикмати мазкур тӯли ҳазорсолаҳо, пушт ба пушт ҳамнафаси мардуми ҳунарманди мо буд ва дар шароити имрӯз аҳамияти бештар касб кардааст. Рӯ овардан ба касбу ҳунар на танҳо тақозои бозори кори ҷумҳурӣ, балки сарчашмаи хушбахтии ҳар як инсон дар оила аст ва мо бахусус аз ҷавонону калонсолон даъват мекунем, ки худро аз ин ҷодаи бошарафу давлати бегазанд ҳеҷ гоҳ канор нагиранд.

Маркази мазкур ҳоло соҳиби базаҳои беҳтарини омӯзиши касбҳои нави замонавӣ буда, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ филиалу намояндагиҳои худро соҳиб шудааст. Барои ин дастовардҳо директори ин марказ бо нишони фахрии «Аълочии соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» сазовор гардид.

Ҳоло Неъматулло Фаттоев бо рӯҳи болида барои ташкили маркази намунавии касбомӯзию соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ пайваста талош меварзад. Бо ин мақсад, пеш аз ҳама, бобати нигоҳ доштани мутахассисони варзида дар корхона ҳамеша тадбир меандешад. Ногуфта намонад, ки музди меҳнати кормандони корхона, дар қиёс ба дигар марказҳои таълимии касбдиҳӣ, ду баробар зиёд аст ва ин аз ҳисоби ҳамкориҳо бо шарикони рушд ҳосил шудааст. Ҳамчунин ӯ ният дорад, ки тавассути чунин ҳамкориҳои судманд дар шаҳри Норак филиали маркази номбурдаро дар арафаи Рӯзи Истиқлолият мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад. Бо пиёда гаштани чунин амали нек боз даҳҳо нафар соҳиби касбҳои замонавӣ хоҳанд шуд.

Чӣ хубе, ки саъю талоши як ҷавонмарди ватандӯст, эҳтимом ва талошҳои ободгаронаи ӯ дар роҳи касбомӯзии калонсолон боиси ибрату дастгирии дигар роҳбарони марказҳои таълимию модулии системаи вазорат мегардад.

 

С. ЗАРДОН, нависанда