Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№64 (3365) 06.05.2015

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Дар бораи аз вазифаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Ширинзода А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Ширинзода Абдуҷаббор бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 4 майи соли 2015 №477

 

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Дар бораи раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Нурмаҳмадзода Ҷ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Нурмаҳмадзода Ҷамшед раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 4 майи соли 2015 №478

 

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Юсуфиён Ҷ.

 Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Юсуфиён Ҷамшед аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 4 майи соли 2015 №479

 

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Дар бораи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Нуралиев Ҷ. К.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Нуралиев Ҷамолиддин Камолович муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 4 майи соли 2015 №480

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Малоҳат Холиқзода

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Малоҳат Холиқзода аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 4 майи соли 2015 №481

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Неъматов А. Ҳ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Неъматов Абдукарим Ҳакимович аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 4 майи соли 2015 №482

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Дар бораи аз вазифаи раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Азиззода З. Н.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Азиззода Зафар Нусрат бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 5 майи соли 2015 №485

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Дар бораи раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Муродзода Д. Ҳ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Муродзода Дустмурод Ҳайит раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 5 майи соли 2015 №486