Қаноат ва тасаллут бар шаҳват бузургтарин покдоманӣ ва тақвост (Ҳадис)
Тайи чанд моҳи охир расонаҳои хабарии телевизионӣ ва сомонаҳои интернетӣ аз наворҳои фаҳш, ки дар онҳо аслан «қаҳрамонон» намояндагони Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ҳастанд, пур шуда истодаанд. Ҳатто ин наворҳо дар телефонҳои ҳамроҳ (манзур мобилӣ) даст ба даст гузашта, шояд аллакай «назарзада» шуда ҳам бошанду дигар он қадар таваҷҷуҳи мардумро ба худ ҷалб накунанд. Вале дар радифи ин наворҳо видеои охирин, ки бо ширкати яке аз роҳбарони ҲНИТ Саидиброҳими Назар дар шабакаи Ютуб пайдо шуда, дар як муддати кӯтоҳ чандин ҳазор истифодабарандагон онро тамошо карданд, сару садоҳои зиёдеро ба миён овард.
Шояд назари аксари намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа ба ин навор низ, ки бештар характери инфиродӣ дорад, муқаррарӣ бошад. Вале дар қиёс бо наворҳои қаблӣ, ки дар онҳо намояндагони қатории ҲНИТ «зинда нақш меофариданд», саҳнаҳои фаҳшу фосиқӣ бо ширкати яке аз пешвоёни ҳизбе, ки бештар дар бораи аркони ислом аз минбарҳои баланд сухан мекунанд, наметавонад баҳсбарангез набошад. Зино худ гуноҳ аст, вале чӣ сон метавонад, шахсе, ки тарғибгари аҳкоми ислом асту ҳизберо муаррифӣ мекунад, ки мақсади аслияш бунёди давлати исломӣ аст, худ зинокор бошад? Вақте ки ҳазорон нафар пайравони ҲНИТ дар симои аъзои Шӯрои сиёсии он беҳтарин намояндагони содиқу ҷонсипорро мехоҳанд бинанд, баъди тамошои ин наворҳо эътимодашон ба роҳбарият заиф намешавад?
Барои ҳеҷ касе пӯшида нест, ки дар давлатҳои исломӣ, дар он сохте, ки барқарорсозиаш орзуи Саидиброҳими Назару ҳамҳизбонаш ҳаст, ба ин қабил зинокорон кадом муҷозотеро пешбинӣ кардаанд. Шояд номбурда хуб ҳам медонад. Дар ҳадис ҳам омадааст, ки «Фосиқ ғайбат надорад» ва гумон дорам С. Назар даъво ҳам мекунад, ки ин наворҳо тариқи ғайриқонунӣ ба даст омадаанд. Бигузор ин наворбардориҳо саҳми душманони ӯ бошад, вале роҳбари идеологии ҳизбе, ки бе ин ҳам дар назди мардум обрӯяш рӯз аз рӯз коҳиш меёбад, ба ҳеҷ ваҷҳ ҳақ надорад, ки даст бар чунин гуноҳи нобахшиданӣ бизанад. Ҳар касе, ки дар ҳаёт даъвои пешвоӣ бар иддае аз мардум мекунад, дар рафтору кирдор бояд намунаи дигарон бошад. Дар амалкарди роҳбарони ҲНИТ бошад, мо акси ҳолро мебинем.
Аҷиб ин аст, ки нисбати ин навор аз ҷониби роҳбарияти ҲНИТ вокунише ва ё баҳои сиёсие дода нашуд. Якчанд моҳ қабл, вақте ки ду таппончаи мутааллиқ ба аъзои Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, мушовири сиёсии раиси ҲНИТ Маҳмудов Ҷамолиддин аз ҷониби сохторҳои қудратӣ ёфт гардид, роҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ оҷилан изҳорот дод, ки аз ду як таппончаи мусодирашуда воқеан ба номбурда тааллуқ дорад. Шояд барои оғои Кабирӣ, ки аз соҳаи ҳуқуқшиносӣ хеле огаҳ аст, ба гардан гирифтани танҳо як таппонча аз ҷониби Маҳмудов аҳамият дошта бошад, вале барои ман ва фикр мекунам барои аксарияти аҳолии кишвар, ин ҷо теъдоди яроқи тариқи ғайриқонунӣ нигаҳдоришуда умуман фарқ надорад. Муҳим ҳатто на он аст, ки чӣ қадар яроқ ва тир барои ягон рӯзи мабодо нигоҳ дошта шудааст. Аҷибаш он аст, ки «ягон рӯз даркор мешавад», -гуфтааст, узви Раёсати олии ҲНИТ. Оё наҳзатиҳо боз мунтазири Хаттабу даҳҳо мисли ӯ одамкушоне мебошанд, ки бори дигар ба Тоҷикистон омада, бо ин яроқҳои «ягон рӯз даркор мешуда» тоҷиккушӣ кунанд? Агар мақсад боз ноором сохтани вазъи Тоҷикистон ва даст задан ба истифодаи яроқ бошад, аввалаш, чунин пиндор хиёнат ба миллат аст ва баъдан, чунин ашхос худ душмани исломанд. Он ки ҲНИТ бо манфиатхоҳони хориҷӣ алоқамандӣ дорад, пӯшида нест, зеро яке аз асосгузорони берунаи ҳизб Ҳайдар Ҷамол бидуни пардапӯшӣ, рӯирост эълон кард, ки ҳизб аз ҷониби кадом кишварҳо дастгирию пуштибонии моддию маънавӣ меёфт. Дигар ҳоҷати баррасию гӯшкунии талошҳои худсафедкунии роҳбарони ҲНИТ намондааст. Аз ин зовияҳо, фикр мекунам барои Ҳукумат ҳама намуд чораҷӯйӣ, ҳатто манъ кардани фаъолияти ҲНИТ аллакай асоснок шудааст.
Ҳамагон медонанд, ки қисмати зиёди роҳбарони чӣ сатҳи болоӣ ва чӣ поёнии ҲНИТ аз имтиёзу дастрасии бемаҳдуд истифода бурда, сармояи зиёде ҷамъ кардаанд ва танҳо барои аз даст надодани ин боигарӣ ҷонибдори бесарусомонӣ нестанд. Ҳатто бархе аз пешвоёни ҲНИТ дар роҳи расидан ба манофеи худ мехоҳанд бо Ҳукумат пайванданд, то масунияти худ ва дороии худро таъмин намоянд. Вале шояд, аз як тараф тарс аз ҳамсангаронашон, алалхусус аз онҳое, ки фиребашон додаву узви ҳизбашон кардаанд ва аз тарафи дигар, ба истилоҳи мардумӣ «гардан» намегузорад, ки бефоида будани фаъолияти ҲНИТ-ро эътироф кунанду аз муборизаи сиёсӣ даст кашанд. Ё ақаллан шукргузорию ҷонибдории худро аз сулҳу субот кушоду равшан баён кунанд.
Ба ҳар сурат, мо умед бар он мебандем, ки ҳаводиси Афғонистон ва кишварҳои араб барои аксарияти онҳое, ки талоши тазоҳуроту таҳаввулоти ҷиддиро доранд, алалхус, ҳоло, дар давраи ҳассосе, ки ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ ва ба ҳар як фарди он, сарфи назар аз мансубият ба ҳизбу ҳаракат ва дороӣ, дар алоҳидагӣ хатарҳои маргборе таҳдид мекунад, сабақ мешавад. Мо ба ин бовар дорем.
Додарбек Сайдалиев, номзади илмҳои сиёсӣ, ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ