Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Созишнома дар бораи содагардонии расмиёти савдо ба тасвиб расид

№65 (3366) 07.05.2015

DSC_1870

Шашуми майи соли 2015 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Ширинзода А.»

2. Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод  намудани Юсуфиён Ҷ.»

3. Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод  намудани Малоҳат Холиқзода»

4. Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод  намудани Неъматов А. Ҳ.»

5. Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба озод намудани Каримзода Х. А. аз вазифаи муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»

6. Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Нурмаҳмадзода Ҷ.»

7. Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Нуралиев Ҷ. К.»

8. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон»

9. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»     

10. Дар бораи Созишномаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба содагардонии расмиёти савдо.

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шурӯъ менамоем. Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Ширинзода А.» масъалаи аввали рӯзнома мебошад.

Сухан аз рӯи ин масъала ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ- Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич дода мешавад.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 2015 таҳти №15/1-70 манзур карда мешавад:

«Ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи банди 7 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармони зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои тасдиқ пешниҳод мекунам:

«Дар бораи аз вазифаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Ширинзода А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.Ширинзода Абдуҷаббор бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.

2.Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, шаҳри Душанбе, 4 майи соли 2015 №477».

Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.

Доир ба ин масъала Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: - Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Юсуфиён Ҷ.» сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич дода мешавад.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 2015 таҳти №15/1-70 манзур карда мешавад:

«Ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи банди 7 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармони зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои тасдиқ пешниҳод мекунам:

«Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Юсуфиён Ҷ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Юсуфиён Ҷамшед аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, шаҳри Душанбе, 4 майи соли 2015 №479».

Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.

Доир ба ин масъала Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Малоҳат Холиқзода» сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ- Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич дода мешавад.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ: -Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 2015 таҳти №15/1-70 манзур карда мешавад:

«Ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи банди 7 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармони зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои тасдиқ пешниҳод мекунам:

«Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Малоҳат Холиқзода

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.Малоҳат Холиқзода аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, шаҳри Душанбе, 4 майи соли 2015 №481».

Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.

Доир ба ин масъала Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод  намудани Неъматов А. Ҳ.» сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ- Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич дода мешавад.

 Ҷумъа ДАВЛАТОВ: -Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 2015 №15/1-70 манзур карда мешавад:

«Ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи банди 7 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармони зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои тасдиқ пешниҳод мекунам:

«Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Неъматов А. Ҳ.»

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.Неъматов Абдукарим Ҳакимович аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.

2.Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, шаҳри Душанбе, 4 майи соли 2015 №482».

Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.

Доир ба ин масъала Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

 РАИС: — Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба озод намудани Каримзода Х. А. аз вазифаи муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ- Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич дода мешавад.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ: -Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба озод намудани Каримзода Х.А. аз вазифаи муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» манзур карда мешавад:

«Ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳодро оид ба озод намудани Каримзода Хуршед Абдураҳмон аз вазифаи муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш ирсол менамоям.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 4 майи соли 2015 №15/1-71».

Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.

Дар ин хусус Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Нурмаҳмадзода Ҷ.» сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ- Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич дода мешавад.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 2015 таҳти №15/1-70 манзур карда мешавад:

«Ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи банди 7 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармони зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои тасдиқ пешниҳод мекунам:

«Дар бораи раиси Бонки миллии Тоҷикистон  таъин намудани Нурмаҳмадзода Ҷ.»

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.Нурмаҳмадзода Ҷамшед раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2.Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, шаҳри Душанбе, 4 майи соли 2015 №478».

Ба пешниҳод маводи зарурӣ оид ба шахсият ва фаъолияти Нурмаҳмадзода Ҷ. замима шудааст.

Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.

РАИС: — Нурмаҳмадзода Ҷамшед соли 1960 дар шаҳри Қӯрғонтеппа таваллуд шудааст. Маълумоти олӣ дорад. Солҳои зиёд дар соҳаи молия фаъолият намудааст. Аз ҷумла дар вазифаи муовини вазири молия, муовини раиси  вилояти Суғд кор кардааст. Баъдан раисии Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»- ро ба уҳда дошт.

Тӯли фаъолияташ Нурмаҳмадзода Ҷамшед бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории самаранок дошт.

Ба Нурмаҳмадзода Ҷамшед савол доред? Марҳамат.

Хайрулло СӮФИЕВ: - Муҳтарам Нурмаҳмадзода Ҷамшед!

Мехостам, сабаби баста  шудани нуқтаҳои  мубодилаи асъорро  фаҳмам. Барои муътадил намудани вазъияти  баамаломада чӣ чораҳо андешида мешаванд?

Нурмаҳмадзода ҶАМШЕД: -То ҳол бештар аз 1500 нуқтаи мубодилаи асъор фаъолият мекард. Аз ин ҳисоб бештар аз 800 нуқта ба шахсони воқеӣ тааллуқ доштанд.

Аз 17 апрели соли 2015 нуқтаҳои мубодилаи асъор баста шудаанд. Ҳоло мубодилаи асъор ба зиммаи бонкҳо гузошта шудаанд. Вобаста ба ин муҳлати муайян лозим аст.

Оянда барои беҳтар намудани вазъи бозори асъор Бонки миллии  Тоҷикмистон ҳамчун бонки  назораткунанда чораҳои заруриро меандешад. Дар ин бора гурӯҳи корӣ бо дигар мақомот фаъолият доранд. Ба вазъи мубодилаи асъор амалҳои беруна низ таъсир мерасонанд.

Интиқоли маблағ нисбати моҳҳои қаблӣ беҳтар шудааст. Боварӣ ҳаст, ки оянда вазъи мубодилаи асъор ба эътидол меояд.

Доир ба ин масъала Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Нуралиев Ҷ.К.» сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич дода мешавад.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 2015 таҳти №15/1-70 манзур карда мешавад:

«Ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи банди 7 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармони зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои тасдиқ пешниҳод мекунам:

«Дар бораи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Нуралиев Ҷ. К.»

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Нуралиев Ҷамолиддин Камолович муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, шаҳри Душанбе, 4 майи соли 2015  №480».

Ба пешниҳод маводи зарурӣ оид ба шахсият ва фаъолияти Нуралиев Ҷ. К. замима шудааст.

Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.

Доир ба ин масъала Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. 

РАИС: -Имрӯзҳо қабл аз ҳама мардумро ноустувории қурби пули миллӣ, якбора паст шудани қобилияти харидории он, ки боиси баланд шудани нархи молҳо, бахусус маводи ниёзи марудм гардидааст, нигарон мекунад.

Аз ин рӯ, бовар дорам, ки шумо барои ба эътидол овардани вазъи бозори асъор ва таъмини устувори қурби сомонӣ чораҳои зарурӣ меандешед. Вақтҳои охир вобаста ба мушкилиҳои иқтисодӣ болоравии қурби асъори хориҷӣ боварии соҳибкорон ба низоми бонкиро каме коста гардондааст.

Зарур аст, ки барои таъмини талаботи қонун оид ба истифодаи пули миллӣ ҳамчун воситаи ягонаи пардохт дар кишвар чораҳо андешида шавад.

Дигар чизе мехоҳам таъкид намоям, ин таъмини рушди иқтисодиёти мамлакат ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ дар шароити ҳозира бе дастгирии молиявии онҳо ғайриимкон аст. Вале фоизҳои баланди қарзҳои бонкӣ ба ин имконият намедиҳанд. Вазифаи дигаре, ки дар назди шумо қарор дорад, ин ҷалби бештари захираҳои қарзӣ аз ҳисоби пасандозҳои аҳолӣ ва сармояи хориҷӣ бо мақсади бо фоизи паст додани қарзҳо ба соҳибкорон мебошад.

Чанде пеш дар бораи фаъолияти Бонки исломӣ қонун қабул шуда буд. То ҳол ин қонун мавриди амали фаъол қарор нагирифтааст. Татбиқи ин қонун имконияти хубро барои ҷалби маблағҳои асъори хориҷӣ, бахусус аз мамолики араб ба миён меорад.

Дар ин масъала фаъолиятро беҳтар ба роҳ мондан лозим меояд.

РАИС: -Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам дода мешавад.

Рустам ШОҲМУРОД: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони муҳтарам!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ташаббуси қонунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Дар асоси банди 12 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 20 июни соли 2014 таҳти №415 «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар панҷ моҳи аввали соли 2014 ва вазифаҳо барои ҳафт моҳи минбаъдаи соли 2014» дар баробари лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тағйирот ворид карда шуд.

Тағйироти мазкур ба моддаи 123 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи мушаххас нишон додани субъекти баррасикунандаи парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ворид карда шуд.

Лоиҳаи пешниҳодгардида аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.

Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сироҷов Шарофиддин дода мешавад.

Шарофиддин СИРОҶОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №45 аз 20 апрели соли 2015 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни номбурдаро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд ва ҷиҳати такмили он 12-то таклифу пешниҳод манзур карданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур 29 апрели соли 2015 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои воридшуда лоиҳаи қонун такмил дода шуд. Аз ҷумла лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва матни лоиҳа дар забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мутобиқ карда шуданд.

Инчунин пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ба лоиҳаи қонун ҳамроҳ кардани калимаҳои «муовини якум» ба назар гирифта шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз ин лиҳоз, вакилони муҳтарам, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: - Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам дода мешавад.

Рустам ШОҲМУРОД: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони муҳтарам!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ташаббуси қонунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Дар асоси банди 12 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 20 июни соли 2014 таҳти №415 «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар панҷ моҳи аввали соли 2014 ва вазифаҳо барои ҳафт моҳи минбаъдаи соли 2014» ҷиҳати таъмини шаффофияти фаъолият, саҳеҳияти ҳисоботи аз ҷониби шахсони ҳисоботдеҳ пешниҳодшаванда, зиёд намудани манбаъҳои андозбандӣ, инчунин пешниҳоди маълумоти дақиқи оморӣ лоиҳаи қонуни мазкур таҳия шудааст.

Таҳлили Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки дар моддаи 515 Кодекс ҷавобгарӣ барои риоя накардани тартиби пешниҳоди ҳисоботи омори давлатӣ ва пешниҳоди маълумоти ҷамъбасти омории нопурра пешбинӣ гардида, дар он ҷавобгарӣ нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ муқаррар нашудааст. Бо мақсади ҳалли масъалаи зикргардида дар моддаи мазкур ҷавобгарӣ нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ низ пешбинӣ гардид.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Содиқова Насиба Нуруллоевна дода мешавад.

Насиба СОДИҚОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳозирини гиромиқадр!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолият, дуруст, сари вақт пешниҳод гардидани ҳисоботи оморӣ ва зиёд намудани манбаъҳои андозбандӣ тавассути ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани шахсони мансабдор ва ҳуқуқӣ бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод  шудааст.

Кумитаи масъул бо ширкати намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Барои такмили лоиҳаи қонун, дар маҷмӯъ 16 таклиф пешниҳод гардид, ки 15-тои он пурраву қисман қабул гашта, як таклиф қабул нашуд.

Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд. Аз ҷумла лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ карда, матни  русии лоиҳа бо матни тоҷикӣ мувофиқ гардонида шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Вакилони муҳтарам, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки  ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: - Дар бораи Созишномаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба содагардонии расмиёти савдо сухан ба муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Назриев Саидраҳмон Рустамович дода мешавад.

Саидраҳмон НАЗРИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Созишномаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) оид ба содагардонии расмиёти савдо, ки яке аз дастовардҳои муҳими нуҳумин Конфронси вазирони СУС маҳсуб меёбад, пешниҳод мегардад.

Созишномаи мазкур кишварҳои аъзои СУС-ро вазифадор менамояд, ки расмиётҳои гумрукиро шаффоф ва ҳамкориро миёни ниҳодҳои дар марз амалкунанда ва бахши тиҷорат фаъол гардонанд. Муҳимияти Созишномаи мазкур дар он аст, ки хароҷоти вобаста ба созишҳои тиҷоратие, ки пеш аз ҳама, ба арзиши расмиёти гумрукии молҳои воридотию содиротӣ алоқаманданд, тадриҷан кам мегарданд. Тибқи маълумотҳо тӯли 10-15 соли охир дар аксар кишварҳои аъзои СУС ҳолатҳои таваққуфи борҳо дар сарҳад то якчанд ҳафта мушоҳида мешаванд, ки боиси афзудани хароҷоти барасмиятдарории гумрукӣ гардида, дар ниҳоят ба афзоиши нархи маҳсулот ва пардохти хароҷоти иловагӣ аз ҳисоби истеъмолкунандагон сабаб мешавад. Ҳолати бамиёномада барои иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ мушкилӣ эҷод намуда, ҳолати рақобатпазирии онҳоро коста мегардонад.

Мавриди амал қарор гирифтани Созишномаи мазкур барои беҳтар гаштани фазои соҳибкорӣ, бахусус содагардонӣ ва мукаммалгардонии расмиёти идоравӣ (маъмурӣ) дар ҳамаи зинаҳо, маҳдуд намудани расмиёт ва талабот ба ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатсияи молу маҳсулот мусоидат менамояд.

Дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2010 таҳти №503 Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои татбиқи Барномаи ҷорӣ намудани низоми Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад, ки он 13 мақомотро ҳамоҳанг менамояд.

Бо мақсади татбиқи самараноки Созишномаи СУС оид ба содагардонии расмиёти савдо, Вазорат таъсиси Кумита оид ба содагардонии расмиёти савдоро дар заминаи Кумитаи амалкунанда оид ба масъалаҳои татбиқи Барномаи ҷорӣ намудани системаи Равзанаи ягонаи амалиётҳои содиротиву воридотӣ ва транзитӣ зарур шуморид.

Созишномаи мазкур аз 13 модда иборат буда, Кишварҳои аъзои СУС ба мувофиқа расиданд, ки ҳамчун асос барои Созишнома оид ба содагардонии расмиёти савдо моддаҳои V (транзити озод), VIII (пардохтҳо ва расмиёте, ки ба воридот ва содирот иртибот доранд) ва моддаи X (нашр ва татбиқи муқаррароти савдо)-и Созишномаи умумии соли 1994 оид ба тарифҳо ва савдо гирифта шаванд.

Моддаҳои мазкур қисматҳои асосии Созишномаи содагардонии расмиёти савдоро дар бар мегирад ва дар моддаҳои 11 (транзити озод), 6 (тартиби ситонидани хироҷ ва пардохтҳо, ки дар робита ба воридот ва содирот татбиқ мешаванд) ва 1 (нашр ва дастрас будани ахбор)-и Созишнома оварда шудаанд.

Қобили зикр аст, ки тибқи талаботи Созишномаи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф аст, ки соли 2015 расман ба Созишномаи СУС оид ба содагардонии расмиёти савдо ҳамроҳ шавад.

Лозим ба ёдоварист, ки тибқи тартиби муқарраргардида агар Созишномаи СУС оид ба содагардонии расмиёти савдо аз ҷониби аксарияти кишварҳои аъзо, яъне аз се ду ҳиссаи кишварҳои аъзо ба имзо расонида шавад, он мавриди амал қарор мегирад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки тасдиқи ин Созишномаро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.

Шариф РАҲИМЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Созишномаи Cозмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба содагардонии расмиёти савдо, ки 6 декабри соли 2013 дар Ҷазираи Балӣ (Индонезия) ба имзо расидааст, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон  2 марти соли 2013 аъзои комилҳуқуқи ин Созмон гардид ва тасдиқи Созишномаю иҷрои талаботи он марҳилаи нави ҳамгироии иқтисодиёти кишвар бо давлатҳои аъзои Созмон ба ҳисоб меравад. Дар раванди шомилшавӣ ба ин Созмон ба зиёда аз сад санади меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти савдо тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол дар давраи мутобиқгардонии низоми савдо ба шарту шароити СУС қарор дорад ва бо мақсади дар сатҳи муносиб ҳифз намудани манфиатҳои иқтисодии кишвар «Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС)» қабул гардид. Дар доираи ин барнома чорабиниҳо оид ба қабули санадҳои зарурӣ ва мутобиқ намудани меъёрҳои  истифодашаванда ба сатҳи дар уҳдадориҳо пешбинишуда дар назар аст.

Созишномаи Cозмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба содагардонии расмиёти савдо яке аз санадҳоест, ки мақсади он содагардонӣ ва мукаммалгардонии расмиёти маъмурӣ дар ҳамаи зинаҳои амалисозии амалиётҳои савдои хориҷӣ, кам кардани шумораи санадҳои пешниҳодшаванда, ба низоми электронӣ гузаштани барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо, роҳ надодан ба  ҳолатҳои коррупсионӣ ҳангоми ҳуҷҷатгузорӣ ва кам кардани хароҷотҳои соҳибкорон барои амалиётҳои савдои хориҷӣ, инчунин истифодаи тартиби содаю ягонаи баррасии давоҳо ва баҳсҳо мебошад.

1. Шумораи ҳуҷҷатҳо дар кишварҳо (экп 11, имп 12) то 7

2. Вақти барои ҳуҷҷатгузорӣ сарфшаванда 71 рӯз, Евр. 10

3. Хароҷотҳои имрӯзаи иштирокчиёни савдо барои ҳуҷҷатгузорӣ (9 то 10 ҳазор доллар барои 1 контейнер) ОЕСР (Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд) 1,1 ҳазор доллар

4. Кам кардани алоқамандии кормандони давлатӣ бо соҳибкорон бо мақсади аз байн бурдани ҳолатҳои коррупсионӣ.

Қабули Созишномаи мазкур ба тадриҷан кам кардани хароҷот вобаста ба созишҳои тиҷоратие, ки пеш аз ҳама, ба арзиши расмиёти гумрукии молҳои воридотию содиротӣ алоқаманданд, оварда мерасонад. Тибқи маълумотҳо тӯли 10-15 соли охир дар аксар кишварҳои аъзои Cозмони Умумиҷаҳонии Савдо ҳолатҳои таваққуфи борҳо дар сарҳад то якчанд ҳафта мушоҳида мешаванд, ки боиси афзудани хароҷоти барасмиятдарории гумрукӣ мегарданд. Умуман, ҷонибдории Созишномаи мазкур ва дар амал татбиқ намудани талаботи он ба рушди иқтисодиёти кишвари мо мусоидат мекунад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро омӯхта, бо дарназардошти муҳимият ва зарурат онро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Аз ин хотир, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

Вобаста ба ин масъала муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Саидшоевич Фелалиев, вакилон Саидҷаъфар Исмонов, Абдуҳалим Ғаффоров, Муҳиддиниён Пулод Муҳиддин саволҳо доданд, ки аз ҷониби муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия посух дода шуд.

Дар муҳокимаи масъалаи мазкур чанде аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок намуданд.

Олимҷон БОБОЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Созишнома оид ба содагардонии расмиёти савдо, ки мутобиқ ба таъиноти Созишномаи Марокаш оид ба таъсисёбии СУС барои сода гардонидани баъзе аз муқаррароти моддаҳои V, VIII ва X Созишномаи умумии соли 1994 оид ба тарифҳо ва савдо, барои кишварҳои тараққикунанда ва камтараққикарда пешбинӣ шудаанд, таҳия ва қабул шудааст.

Созишномаи мазкур аз ду қисм иборат буда, дар қисми аввали он масъалаҳои барасмиятдарорӣ, дастрасӣ ба ахборот ва маълумот ва дигар масъалаи пеш аз мавриди амал қарор гирифтани ин Созишнома, аз ҷумла иҷозат ва барасмиятдарории молҳо, пардохтҳои электронӣ, идоракунии хавфҳо, аудити баъдигумрукӣ, муайян кардани муҳлати миёнаи иҷозати мол, таҳвили бетаъхир, афзалиятҳо барои таҳвили маҳсулоти зудвайроншаванда, интиқоли молҳо дар зери назорати гумрукӣ ва ғайра тафсир ёфтаанд, инчунин механизмҳои институтсионалии татбиқи Созишномаи мазкур пешбинӣ гардидаанд.

Қисми 2-юми Созишнома ба тавсифи муқаррароти низомҳои махсус ва мухталиф барои кишварҳои тараққикунанда ва кам тараққикарда бахшида шудаанд.

Мутобиқ ба вазъи иқтисодии кишварҳо уҳдадориҳои онҳо ба се дараҷа (А, В, С) тақсимбандӣ карда шуда, сабукиҳо барои иҷрои уҳдадориҳои ҳар як дараҷа ва имконияти гузаштан аз як дараҷа ба дараҷаи дигар пешбинӣ шудаанд.

Ҳамзамон масъалаҳои пешниҳоди кумакҳо барои рушди имконияти кишвар ва маълумоти муфассал ва тартиби дастрас намудани онҳо нишон дода шудаанд.

Созишномаи мазкур шароити васеъ барои сода шудани расмиёти воридоту содироти молу маҳсулоти кишвар пешниҳод намудааст, ки имконият медиҳанд, хароҷоти гузаронидани расмиётҳои содиротӣ, воридотӣ, транзитӣ ва муҳлату хароҷоти вобаста ба интиқоли молу маҳсулот барои тоҷирони кишвар кам карда, аз ин ҳисоб, нархи молу мавод дар бозорҳои кишвар паст кунонида шаванд.

Аз ин хотир, аз вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям қарор дар бораи ратификатсия кардани Созишномаи мазкурро дастгирӣ намоед.

Ҳаёт ОДИНАЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Фаъолияти Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) ба маҷмӯи созишномаҳое асос меёбад, ки аз ҷониби ҳукуматҳои кишварҳои аъзо тасдиқ ва мавриди иҷро қарор дода мешаванд. Ин созишномаҳо пояи ҳуқуқии низоми муосири савдои байналмилалиро ташкил дода, доираи васеи намудҳои фаъолияти иқтисодӣ, ба мисли кишоварзӣ, саноат, амалиётҳои бонкӣ, телекоммуникатсия, харидкуниҳои давлатӣ, талаботи санитарӣ ба озуқаворӣ, маҳсулоти зеҳнӣ ва ғайраро танзим менамоянд.

Эътироф ва татбиқи талаботи Созишномаи СУС оид ба содагардонии расмиёти савдо имконият медиҳанд, ки ҳукуматҳо, соҳибкорон ва дигар тарафҳои масъул оид ба тағйирёбии ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти воридотӣ, содиротӣ ва транзити молҳо иттилооти пурра дошта, нисбати онҳо ба таври пешакӣ муассир бошанд.

Дар Созишномаи мазкур номгӯйи аниқи иттилоот оид ба фаъолияти савдою гумрукӣ, инчунин шаклҳо ва ҳуҷҷатҳои зарурие муайян карда шудаанд, ки ҳар як узви СУС бояд дар шакли таҳрифнашуда ва дастрас ба нашр расонад, то ин ки ҳукуматҳо, соҳибкорон ва дигар тарафҳои масъул бо онҳо шинос шуда тавонанд. Ба ҳар як узви СУС тавсия дода мешавад, ки дастрасии пурра ва саривақтии иттилооти савдоӣ, аз ҷумла қонунгузории марбут ба расмиёти савдоро тавассути Шабакаи интернет таъмин намоянд.

Дар Созишномаи мазкур инчунин чораҳои иловагӣ оид ба таҳкими беғаразӣ, шаффофият ва таҳриф нашудан, тартиби ситонидани хироҷ ва пардохтҳо аз фаъолияти содиротию воридотӣ, иҷозатдиҳӣ ва барасмиятдарории молҳо, дастгирии имконияти пардохти электронии боҷҳо, андозҳо ва хироҷу пардохтҳо, идоракунии таваккалҳо, аудити баъдазгумрукӣ, боркашониҳои суръатнок (бетаъхир), бартарияти молҳои тезвайроншаванда ҳангоми санҷишҳо ва нигоҳдории онҳо, ҳамкориҳои наздисарҳадӣ ва танзими фаъолияти гумрукӣ ба хотири мусоидати савдо, татбиқи стандартҳои давлатӣ, созмондиҳӣ ва дастгирии равзанаи ягона, риояи принсипи озод будани транзити молҳо, ҳамкориҳои мақомоти гумрукӣ ва мубодилаи иттилоот, ҳимоя ва нигоҳдории махфияти иттилооти гумрукӣ, таъсиси кумитаҳои умумӣ ва миллӣ оид ба содагардонии расмиёти савдо оварда шудаанд.

Созишномаи СУС оид ба содагардонии расмиёти савдо дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки «Созишномаи СУС оид ба содагардонии расмиёти савдо»-ро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!

Тасдиқи Созишномаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба содагардонии расмиёти савдо саривақтӣ мебошад. Баробари овардани манфиати иқтисодӣ Созишномаи мазкур имкониятҳоеро ба кишвар фароҳам меорад, ки ба рушди соҳибкорӣ мусоидат менамоянд

Ба ин васила, соҳибкорон чӣ дар дохил ва хориҷи кишвар фаъолияти худро ба роҳ мемонанд. Ҳамзамон соҳибкорон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои савдо бо забони давлатӣ имкони шинос шуданро пайдо мекунанд.

Аз ин рӯ, дастгирии Созишномаи мазкурро мувофиқи матлаб медонам.

Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ