Мактубҳо аз фронт

№66 (3367) 09.05.2015

ДУШМАНРО БЕРАҲМОНА МЕЗАНЕМ

 Ман дар вақтҳои дар райони Орҷоникидзеобод, колхози «Шуълаи инқилоб» (совети қишлоқи Тулкӣ) кор карда гаштанам орзу мекардам, ки ман ҳам ба фронт рафта, барои тоза намудани хоки советиамон ба муқобили фашистони аблаҳ бераҳмона мубориза барам. Ман ба ин орзуи худ расидам.

Аввало ман дар худи Тоҷикистон панҷ моҳ дар таълими умумии ҳарбӣ иштирок намуда, тариқи ҷанг карданро ёд гирифтам.

Ҳоло ман дар майдони ҷанг мебошам. Ман дар баробари ба ҷанг даромаданам қавл додам, ки ҳар як фармони аз тарафи командирам додамешударо бо ҷону дил иҷро кунам.

Як рӯз командирам маро барои вайрон намудани кӯпруке, ки дар зери он немисҳо ҷой гирфта буданд, фиристод ва ба ман якуним соат вақт дод. Ман бошам, ин супоришро дар як муддати кӯтоҳ иҷро карда, сазовори мукофот гардидам.

Ман ба меҳнаткашони Тоҷикистон ваъда медиҳам, ки то дар тан ҷон дорам барои несту нобуд намудани гитлерчиёни мурдор монда нашуда меҷангам, то ки ба тухми онҳо қирон орам.

Ҳамватанони азизам! Шуморо ҳам барои дар ақибгоҳ бомуваффақият кор кардан ва ба фронту мамлакат боз ҳам пурзӯр намудани ёрӣ даъват мекунам.

Аскари сурх Сайфиддин СОДИҚОВ

«Тоҷикистони Сурх», 3 декабри соли 1943 №239

 БОИСИ ИФТИХОРИ КОЛЛЕКТИВ

 Рафиқ Раҳим Рустамов то ба сафи Армияи Сурх рафтанаш бо кори стахановии худ дар фабрикаи шоҳибофии Сталинобод машҳур буд. Вай соли 1943 ба фронт рафт.

Ба қарибӣ коллективи фабрика аз қисме, ки дар он рафиқ Рустамов хизмат менамояд, мактуб гирифт, ки дар он дар бораи корнамоиҳои дар фронт нишондодаи фиристодаи фабрика, собиқ бофандаи стахановчӣ нақл карда мешавад.

«Рафиқони муҳтарам!

Аз номи гвардиячиёни қисми тирандоз ба ҳамаи коргарон ва коргарзанони фабрика, ки дар он ҷанговари диловари Армияи Сурх рафиқ Раҳим Рустамов кор мекард, саломи гарму ҷӯшони фронтӣ мефиристем.

Ефрейтори гвардия рафиқ Рустамов дар фронт муқобили немисҳои истилогар худро ҳамчун ҷанговари нотарс шуҳратнок кард. Махсусан вай дар вақти аз дарёи Днепр гузаштан ҷасорат ва маҳорати баланд нишон дод. Вай дар вақти як ҷанг қисмҳои пиёдагардиро ҳимоя карда истода, бо миномёти худ 13 нафар немис, як пункти дидбонӣ, се нуқтаи миномётӣ ва ду пункти оташфишонии пулемётии душманро маҳв кард.

Барои мардонагӣ ва ҷасорати махсусан шоёни таҳсин нишондодааш фарзанди диловари халқи тоҷик рафиқ Рустамов бо нишони «Миномётчии аълочӣ», бо медалҳои «Барои шуҷоат» ва «Барои хизматҳои ҷангӣ», инчунин бо ордени «Ситораи Сурх» мукофотонида шуд ва боз ба мукофоти баланди ҳукуматӣ пешниҳод карда шуд.

Коллективи фабрикаи шумо бо чунин фиристодаи худ рафиқ Рустамов фахр карда метавонад.

Хоҳиш менамоем ба мо, фронтчиён дар бораи муваффақиятҳои меҳнатии худ нависед.

Бо саломи гарму ҷӯшон,

Агитатори полки гвардиягии тирандоз,

Мирзоҳаким ҶУМАДУЛЛОЕВ

«Тоҷикистони Сурх», 12 апрели соли 1944, №70»

Фароҳамсоз Х. Абдуваҳҳоб, «Садои мардум»