Расме, ки тавъамкунандаи ҷасорат ва маҳорат аст

№66 (3367) 09.05.2015

Тилло

Мо — журналистон одати аҷибе дорем.  Баъзан аз нафароне, ки хизматҳояшон ба «як фулус» намеарзад, «доҳӣ» сохта метавонему дар қиболи дастоварду пешравиҳои ҳамкасбон «ба лаб муҳри хомӯшӣ задан»-ро авлотар медонем. Ҳол он ки инъикоси фаъолияти ҳамкасби арзанда метавонад дар муаррифии шоистаи касби журналистӣ  ва ҳавасманд намудани насли наврас ба ин касб саҳми муассир гузорад.

Бо журналист Тиллои Некқадам дувоздаҳ сол инҷониб шиносоӣ дорам. Давоми фаъолият дар рӯзномаи «Садои мардум» муътақид гардидаам, ки фаъолияти журналистии ин нафар вежагиҳои худро дорад. Мавсуф баъзан ба мавзӯъҳое таваҷҷуҳ зоҳир намуда, мавод иншо менамояд, ки кашф ва пайгирии он барои дигар журналистон то андозае ғайриимкон аст. Барои мисол, иншои мавод дар мавзӯи кинои тоҷик, дар баробари он ки ба шарофати Тиллои Некқадам ба муайян шудани Рӯзи кинои тоҷик боис шуд, ҳамзамон замина фароҳам овард, ки китоби «Дурахши кинои тоҷик» таълиф гардад. Мисоли дигар, мушоҳида мекардам, ки Тиллои Некқадам мунтазам ҳолномаи журналистонро ҷамъоварӣ ва дар бастаи алоҳида нигоҳдорӣ менамуд. Ростӣ ҳайрон мешудам, вале замоне, ки қомуси «Журналистони Бадахшон», рӯйи чоп омад, пай бурдам, ки ин китоби шарҳиҳолӣ дар бораи журналистон, ки дар кишвар назир надорад, «зода»-и ҳамон ҳолномаҳои зикршудаанд. Агар моҳият ва мазмуни навиштаҳои ин журналистро ба риштаи таҳлил кашем, пас муътақид хоҳем шуд, ки таълифоти Тиллои Некқадам танҳо барои имрӯз нест. Яъне, маводи аз ҷониби номбурда иншошуда дар ҳама давру замон моҳияти хешро гум нахоҳад кард.

Ин аст, ки номбурда бо мукофотҳои гуногун қадрдонӣ ва маҳораташ аз ҷониби ҷомеаи журналистон эътироф гардидааст. Сазовори ҷоизаи «Хома» шудани ин нафар далели возеҳи гуфтаи болост. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки  мавсуф дар заминаи баргузории озмун тавассути овоздиҳии шаҳрвандон, ки шаффофияти он пурра таъмин аст, ғолиб дониста шуд. Дар фаъолияти журналистии ин нафар махсусиятҳои дигар низ ба мушоҳида мерасанд. Далел меорам: мо- ҳамкорон  ҳамагӣ чанд вақт пештар фаҳмидем, ки чойнике, ки ҳамарӯза дар утоқи кории Тиллои Некқадам аз он  чой менӯшидем, ба  Борис Кимёгаров тааллуқ доштааст. Баъд аз ифшои ин «сир» чойники мазкурро «мусодира» намудем ва он алъон дар бойгонии рӯзнома нигоҳдорӣ мешавад.

Чанде пештар  тасодуфан боз як омили ҷолибро дар робита ба ин нафар «кашф» намудам. Болои мизи кориаш расмеро дидам, ки дар он Тиллои таҳамтан ва навхат дар тан либоси аскарӣ бо Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳодӣ Кенҷаев аккосӣ шудаанд. Ин ҳодиса дар арафаи 70 –умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иттифоқ афтод ва аз ин нуктаи назар ба ин расм таваҷҷуҳ зоҳир намудам. Зимни посух ба суолам бобати таърихи расми фавқуззикр Тиллои Некқадам минҷумла зикр намуд:  «Соли 1985 ҳафтаҳои охири хизмати Ватан-Модарро дар бахши махсуси назди Комиссариати ҳарбии вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) ба ҷо меовардам. Дар пеш таҷлили ҷашни 40-солагии Ғалаба буд ва тамоми бошандагони шаҳри Хуҷанд тайёрии пухта медиданд. Дар мактабҳо, муассиса, идораҳои давлатӣ ва қисмҳои ҳарбӣ бо собиқадорони ҷанг мулоқотҳо ташкил мекарданд. Сари ҳар қадам суруди машҳури «Рӯзи Ғалаба» дар иҷрои Лев Лещенко ба гӯш мерасид, ки он ба шунаванда гӯё рӯҳу мадор ва як ифтихори бузурге эҳдо менамуд.

Сардори шуъбаи сиёсии Комиссариати ҳарбии собиқ вилояти Ленинобод майор Николай Королёв мо – ҳашт нафар сарбоз, ман чун командири бахш ва сарбозони қаторӣ Михаил Бондаренко, Олег Фурзиков, Константин Лопаткин, Владимир Слепов, Константин Аралин ва Шуҳрат Муҳаммадиевро ба наздаш даъват намуд ва иброз дошт, ки пагоҳ соати 10 дар яке аз қисмҳои ҳарбии дар собиқ шаҳри Ленинободбуда, вохӯрии афсарону аскарон бо иштирокчии  Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳодӣ Кенҷаев баргузор мегардад. Мо низ ба ин чорабинӣ, ки ба 40-солагии Ғалаба бахшида шудааст, даъват шудем.

Ба ростӣ, шодии мо ҳадду канор надошт. Аввалан, бо Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ рӯ ба рӯ суҳбат мекунем. Сониян, барои хотира сурат мегирем. Охир ин на ба ҳар кас муяссар мешавад, ки бо қаҳрамон сурат гирад.

Капитан А.Абдушукуров ва лейтенанти калон Долимҷон Ғаниев бо мо суҳбат карда, аҳамияти ин вохӯриро қайд намуданд.

- Ҳатман бо Ҳодӣ Исобоевич барои хотира, сурат гиред, — сари ҳар қадам таъкид мекард майор Тоҳирҷон Аҳмадов».

Дар идомаи суҳбат иттилоъ гирифтам, ки 10 апрели соли 1985 бо Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳодӣ Кенҷаев вохӯрии хеле шавқовар ва хотирмон доир гардидааст.Бино ба гуфти Тиллои Некқадам, баъди вохӯрӣ бозори суратгирон хеле тасфида,  ҳамхизматонаш хоҳиш намуданд, ки рафта бо забони тоҷикӣ аз қаҳрамон хоҳиш намо, ки мо ҳам нияти суратгирӣ дорем, вақт танг аст, зеро Ҳодӣ Кенҷаев боз бо коргарони Комбинати шоҳибофии Ленинобод мулоқот дорад.

- Ман тамоми қувва ва ҷуръатамро ҷамъ намуда, ба Қаҳрамони ҷанг наздик шуда:

- Ҳодӣ Исобоевич, шуморо як лаҳза мумкин? – гуфтам.

Он кас ҳайрон шуданд, ки ин солдат чӣ тавр бо забони тоҷикӣ ҳарф мезанад, зеро он солҳо тоҷикписарон бештар ба қисмҳои ҳарбии Россия фиристода мешуданд. Ҳодӣ Кенҷаев ба ман нигариста пурсиданд:

- Шумо тоҷик? Номатон?

- Бале, тоҷик. Номам Тилло.

Ман мақсадамро баён намуда, гуфтам, ки мехоҳем бо ӯ сурати хотиравӣ гирем.

- Шумо ҳам дар ҳамин қисми ҳарбӣ хизмат мекунед?

- Не, ман дар Комиссариати ҳарбии вилояти Ленинобод командири бахши алоқа ҳастам.

- Бисёр хуб. Худатон аз куҷо?

- Аз Бадахшон.

- Ҳамдиёри аввалин генерали шуҳратманди тоҷик Мастибек Давлатович Тошмуҳаммадов. Бо забони тоҷикӣ хеле тоза ҳарф мезанед. Ман дӯстони зиёди бадахшонӣ дорам, ки бо як ибора, аз талаффузашон медонед, ки аз Бадахшонанд, вале шуморо нашинохтам…

Мо ҳамроҳи Ҳодӣ Кенҷаев сурат гирифтем. Ӯ моро ба назди тӯпе даъват намуд. Пас аз сукуте ба ҳикоят сар кард:

- Ин тӯп шабеҳи он тӯпе аст, ки дар ҷанг мо истифода намудем. Албатта, бо мурури солҳо ба он андаке тағйирот даровардаанд. Бо вуҷуди он, ҳар гоҳ ки ин гуна тӯпҳоро бинам, беихтиёр солҳои вазнину мудҳиши ҷанг ба хотир меояд.

Шумо ҷавонед, наслҳои хушбахт ҳастед ва мехоҳам, ки ҳеҷ гоҳ рӯйи ҷангро набинед.

Дар охир ман бо қаҳрамон боз дар алоҳидагӣ сурат гирифтам ва ваъда кардам, ки як нусхаашро ба ӯ мерасонам.

- Ташаккур Тиллоҷон! Агар сурат ба дастам расад, ба хазинаи суратҳоям боз якто илова мешавад. Агар дар дасти шумо ҳам монад, ягон вақт онро ба даст гирифта, вохӯриамонро ба хотир меоред ва ба фарзандонатон мегӯед, ки ин ёдгорест аз Ҳодӣ Кенҷаев…

Аз он вохурӣ  солҳои зиёде гузашт. Дар ин байн Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳодӣ Кенҷаев аз дунё рафт. Ба гуфти худашон «пирӣ бар қаҳрамон ғалаба кард». Чаҳор сурате, ки дар албоми аскариам маҳфуз аст, аз он рӯзҳои ҷавонӣ ва вохӯрӣ бо қаҳрамон ҳикоят мекунад.

Инак, боз рӯзи Ғалаба фаро мерасад. Расмҳоро ба дӯстон ва фарзандонам нишон дода, ифтихормандам, ки бо шахсияти таърихӣ -Қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ҳодӣ Кенҷаев замоне мулоқот доштам. Мулоқоте, ки фаромӯшнашаванда аст,- гуфт дар фарҷом Тиллои Некқадам.

Ин буд тафсири расми як нафар журналист бо Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, ки ба андешаи инҷониб, тавъамкунандаи ҷасорат ва маҳорат аст.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»