Сарлашкарони ғалаба

№66 (3367) 09.05.2015

сталинСталин Иосиф Виссарионович 

(1879- 1953) Генералиссимуси Иттифоқи Советӣ

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Сталин масъулияти басо баланд- Раиси Комитети Давлатии Мудофиаи СССР ва Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР- ро бар зимма дошт. Маҳз кордонӣ, дурандешӣ ва сахтгирии Сталин буд, ки Армияи Советӣ душманони ашадии худ — финҳои сафед, Германияи фашистӣ ва Японияи империалистиро торумор карда, Байрақи Сурхи Армияи Советиро дар шаҳри Берлин, болои Рейхстаг, ҷилвагар намуданд.

Баъди Ғалаба 27 июни соли 1945 ба Маршали Иттифоқи Советӣ Иосиф Виссарионович Сталин унвони олии ҳарбӣ- Генералиссимуси Иттифоқи Советӣ сазовор дониста шуд.

И. В. Сталин бо унвонҳои олӣ — Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, се ордени Ленин, се ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», ордени «Суворов» дараҷаи I, ду ордени «Ғалаба» ва дигар ордену медалҳо мукофотонида шудааст.

Иосиф Виссарионович Сталин 5 марти соли 1953 дар синни 73 — солагӣ вафот кард. Оромгоҳаш дар назди девори Кремли Майдони Сурхи шаҳри Москва воқеъ буда, ҳамеша бо гулҳои тару тоза пур аст. Ин аз садоқат ва муҳаббати халқ нисбати ӯ гувоҳӣ медиҳад.

 

ЖуковЖУКОВ Г. К. (1897- 1974)

Георгий Константинович Жуков иштирокчии ҷанги гражданӣ, ҷанги якуми ҷаҳон буд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании 1941-1945 узви Ставкаи Олӣ, ҷонишини Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР ва  фармондеҳи фронтҳои Ленинград, Фронти Ғарбӣ, танзимгари (координатори) фронтҳои Сталинград ( амалиёти «Уран», соли 1942) буд.

24 июни соли 1945 Маршали Иттифоқи Советӣ Г. К. Жуков Паради  ботантанаи Ғалабаро дар Майдони Сурхи шаҳри Москва қабул кард. Ӯ чор карат Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ва бо шаш ордени Ленин, ду ордени «Ғалаба», се ордени «Байрақи Сурх», ду ордени Суворов дараҷаи I, Қаҳрамони Ҷумҳурии Халқии Муғулистон ва дигар ордену медалҳо қадрдонӣ шудааст.

Оромгоҳи Г. К. Жуков дар назди девори Кремл, дар Майдони Сурхи шаҳри Москва имрӯзҳо зиёратгоҳи мардум гардидааст.

 

БудёнийБУДЁННЫЙ С. М. (1883- 1973)

Яке аз аввалин Маршали Иттифоқи Советӣ (соли 1935), се карат Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, иштирокчии Ҷанги русу япон (солҳои 1904 -1905), Ҷанги гражданӣ, Ҷанги якуми ҷаҳон ва муборизи фаъол бар зидди босмачиён дар Осиёи Миёна.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватании 1941- 1945 ӯ дар ҳайати Ставкаи Олии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР дохил буд. Дар мудофиаи шаҳри Москва (соли 1941) иштирок кардааст.

Минбаъд  С. М. Будённый фармондеҳи гурӯҳи қӯшунҳои  армияи эҳтиётии  Ставкаи Олӣ (соли 1941), фармондеҳи Фронти Кавкази Шимолӣ (соли 1942), фармондеҳи аскарони савораи Армияи Советӣ (солҳои 1943- 1953), се карат Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, бо ҳашт ордени Ленин, шаш ордени «Байрақи Сурх», ордени Суворов дараҷаи I, орденҳои «Байрақи Сурхи Меҳнат»- и ҷумҳуриҳои Озарбойҷон ва Ӯзбекистон ва 13 медал мукофотонида шудааст.

С. М. Буденный яке аз аввалин маршалҳои Иттифоқи Советӣ ба шумор  меравад, ки  унвони олиро соли 1935 сазовор гардида буд. Ӯ 26 октябри соли 1973 дар шаҳри Москва вафот кард. Оромгоҳаш дар назди девори Кремли Майдони Сурхи шаҳри Москва воқеъ аст.

 

ВорошиловВОРОШИЛОВ К. Е. (1881- 1969)

Иштирокчии ҷанги гражданӣ ва барқароргардонии Ҳокимияти Советӣ. Дар вазифаҳои масъули ҳарбӣ ва давлатӣ кор кардааст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941- 1945 вай узви Ставкаи Олӣ, аъзои Комитети Давлатии Мудофиа, Сарфармондеҳи самти Шимолу Ҷануб, фармондеҳи Фронти Ленинград (то сентябри соли 1941), раиси Ставкаи Олӣ оид ба ташкил кардани ҷузъу томҳо (то феврали соли 1942), намояндаи Ставкаи Олӣ дар Фронти Волхов (то сентябри соли 1942), Сарфармондеҳи ҳаракатҳои партизанӣ (то моҳи майи соли 1943) ва дигар вазифаҳои баланду масъулиятнокро бар зимма дошт.

К. Е. Ворошилов ду карат Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ва Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ буда, бо ҳашт ордени Ленин, шаш ордени «Байрақи Сурх», ордени Суворов дараҷаи I, ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат»-и РСФСР, РСС Тоҷикистон, РСС Ӯзбекистон ва дигар ордену медалҳо қадрдонӣ шудааст. К. Е. Ворошилов 2 декабри соли 1969 вафот кард ва дар Майдони Сурхи шаҳри Москва ба хок супурда шуд.

Ӯ яке аз аввалин ҳарбиён буд, ки ҳанӯз 20 ноябри соли 1935 унвони Маршали Иттифоқи  Советиро сазовор  гардида буд.

Таҳияи Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»