Дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва нақши онҳое, ки дар ин ғалабаи бузург саҳм гузоштаанд, зиёд навиштаанду менависанд. Асарҳои зиёде доир ба ҳарбиён, олимон, ақибгоҳ, табибон, партизанҳо, омӯзгорон, корхонаҳои истеҳсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ғайраҳо чоп гаштаанд.
Дар ин радиф боз касбҳое ҳастанд, ки бо хусусиятҳои фарқкунандаи худ дар ғалаба бар фашизми гитлерӣ нақши муҳим гузошта, аз чӣ бошад, ки дар бораи ин соҳаҳо камтар мақола ва китобҳо рӯи чопро дидаанд. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ки дар ин мақола қадре ҳам бошад, дар бораи ховаршиносон ва вазифаю нақши онҳо дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ибрози назар кунем.
Хотиррасон менамоем, ки Ҳукумати Шӯравӣ чун империяи бузурги ҷаҳонӣ ба соҳаҳои илм ва пешравии он, аз ҷумла шарқшиносӣ, аз солҳои 30- юми қарни XX диққати зиёд медод. Ин табиист, зеро ин империяи бузург дар ду қитъа — Осиё ва Аврупо ҷой гирифта, бо кишварҳои шарқӣ мисли Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Муғулистон, Япония ва Корея сарҳади тӯлонӣ дошта, ба инкишофи илми шарқшиносӣ ва соҳаҳои алоҳидаи он, аз қабили эроншиносӣ, афғоншиносӣ, туркшиносӣ, курдшиносӣ, арабшиносӣ, чинишиносӣ, ҷопоншиносӣ ва ғайраҳо ҳидоят мекард. Ногуфта намонад, ки намояндагони ин соҳаҳо дар қатори корҳои илмӣ ҳамчунин ба сиёсат, корҳои дипломатӣ, тарҷумонӣ ва ғайра ҷалб мешуданд. Шарқшиносон дар баробари фаъолият, замони ҷанг дар ғалабаи шӯравӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Дар ин мақола мо дар хусуси иштироки шарқшиносони шӯравӣ дар фронтҳо, ҳаракатҳои партизанӣ, фаъолияти онҳо дар ҷабҳаҳои Шарқи Дур, муносибат бо Ҷумҳурии Халқии Хитой, Япония, Муғулистон ва Корея дахл накарда, танҳо мухтасаран ба фаъолияти ховаршиносони Иттиҳоди Шӯравӣ дар робита ба Ҷумҳурии Исломии Эрон андешаронӣ менамоем.
Аз миёнаҳои солҳои 30-юми асри гузашта, агентҳои разведкавӣ ва иқтисодии фашистон дар кишварҳои ҳамсарҳади Иттиҳоди Шӯравӣ ба манфиати фашистон кор мебурданд ва табиист, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки бо хоки кишвари шӯравӣ ҳамсарҳад буда, дорои захираи бузурги нафту газ буд, аз доираи манфиатҳои олмониҳо ҳеҷ гоҳ дар канор набуд. Ҳатто нақшаҳои тариқи халиҷи Форс ва хоки Ҷумҳурии Исломии Эрон ирсоли қӯшунҳои фашистӣ ба сӯи баҳри Хазар (Каспий) ва муҳосираи дутарафаи Кавказ аз сӯи дигар (фронти Сталинград)-ро генералитети Рейх таҳия карда буд. То ҳуҷуми аҳдшиканонаи фашистон ба Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳазорҳо нафар олмониҳо ва шаҳрвандони кишварҳои забтнамудаи онҳо, ба мисли чехҳо, словакҳо, полякҳо, итолявиҳо ва дигарон зери ниқоб иҷрои вазифа намуда, корҳои тарғиботии зиддишӯравиро пеш мебурданд. Маълумотҳое мавҷуданд, ки ҳатто барои ҳуҷум ба хоки шӯравӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон анборҳои яроқу аслиҳаро ташкил намуда, бо корҳои тарғибу ташвиқотиашон рӯҳияи бадбинии ҳамсояи наздики худ ИҶШС-ро дар дили мардуми ин кишвар қавӣ мегардонданд. Табиист, ки ин ҳама аз чашми Сафорати ИҶШС дар ин кишвар ва хадамоти марбута дар канор намонданд. 22-юми августи соли 1941 роҳбарияти Сарраёсати сиёсии Артиши Шӯравӣ ба тайёр кардани муроҷиатнома ба халқи Ҷумҳурии Исломии Эрон шурӯъ намуда, ин вазифа ба дӯши шуъбаи махсус, ки вазифааш аз омӯзиши кишварҳои ҳамсарҳад ва пеш бурдани ҷанги иттилоотӣ алайҳи Германияи фашистӣ буд, гузошта шуд.
Дар тайёр кардани он ховаршиносон, аз ҷумла И. С. Брагинский (баъдан Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон) нақш гузошта, муроҷиатномаро бо забонҳои форсӣ, озарӣ, франсавӣ дар як шаб тайёр намуданд, ки он бо теъдоди миллионҳо нусха нашр гардида, ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ирсол гашт. Хотиррасон менамоем, ки баъди ҳуҷуми фашистон ба хоки Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолияти ҷосусӣ ва диверсионии онҳо дар тамоми вилоятҳои ин мамлакат ба роҳ монда, махсусан гурӯҳҳои зиёди ҷосусони олмонӣ дар шаҳри Теҳрон ва шимоли соҳилҳои баҳри Хазар амал мекарданд.
Аз ин рӯ, ба дипломатияи шӯравӣ лозим буд, ки ҳолати хавфноктарини дар канораҳои сарҳади ҷанубӣ бавуҷудомадаро ба зудӣ аз байн барад, яъне аз хоки Ҷумҳурии Исломии Эрон тамоми ҷосусҳо ва террористҳои Олмони фашистӣ бояд берун карда мешуданд. Моҳҳои июн, июл ва августи соли 1941 се маротиба ба ҳукумати ин давлат нома фиристода шуд. Ин номаҳо дар асоси моддаҳои 6-уми шартномаи ИҶШС ва Ҷумҳурии Исломии Эрон аз 26 феврали соли 1921 ирсол мегаштанд ва ба ҳамаи ин се нома шоҳи онвақта Ризошоҳ ҷавоб нагардонид. Ин амал Ҳукумати Шӯравиро маҷбур кард, ки дар асоси ин банди шартнома чораҳои қатъӣ андешида, барои ҳимояи манфиатҳои худ ба хоки Ҷумҳурии Исломии Эрон қӯшунҳои худро таъҷилан интиқол диҳад. Дар муроҷиатномаи санаи 22 июни соли 1941 ва нома ба Шоҳи Эрон аз санаи 23 августи соли 1941 Ҳукумати Шӯравӣ мақсади даровардани қӯшун ба хоки ин кишварро шарҳ дода, иброз намуда буд, ки ин амалҳо дар ягон ҳолат ба муқобили халқи Ҷумҳурии Исломии Эрон нигаронида нашудаанд.
Пеш аз даромадани қӯшунҳои шӯравӣ ба хоки кишвари фавқуззикр, дипломатияи шӯравӣ тариқи мутахассисони ховаршиносии шӯравӣ, дигар мутахассисони дар онҳо фаъолиятдошта ва шаҳрвандоне, ки нисбати Ҳукумати Шӯравӣ хайрхоҳ буданд, корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотиро зидди ниятҳои Олмони фашистӣ, таъсири он ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дигар кишварҳои олам анҷом дода, миллионҳо нусха варақа, дастурҳои фаҳмондадиҳӣ, ки аз тарафи ховаршиносон ва донандагони забони форсӣ ба тасвиб расида буданд, ба самъи аҳолии Ҷумҳурии Исломии Эрон расонид. Дар ин ҷода нақши фиристодагони Тоҷикистони шӯравӣ хеле муассир аст.
Бо даромадани Артиши Шӯравӣ ба хоки Ҷумҳурии Исломии Эрон корҳои фаҳмондадиҳӣ, фарҳангӣ, гузаронидани чорабиниҳои адабӣ, илмӣ аз тарафи сафорат ва ситодҳои сиёсии Артиши Шӯравӣ ривоҷ ёфта, дар як муддати кӯтоҳ қувваҳои фашистӣ, диверсантҳо ва қувваҳои дастгиркунандаи онҳо дар хоки ин кишвар пароканда карда шуданд.
Бешубҳа, дар фаҳмондани моҳияту мақсади воридкунии Артиши Шӯравӣ ба хоки давлати мавриди назар олимону ховаршиносони шӯравӣ нақши муҳим гузоштанд. Бо ибораи дигар, тавассути маҳорати дипломатҳо, ховаршиносони шӯравӣ Артиши Шӯравӣ бе ягон тирпарронӣ ва монеаҳои ҷиддӣ вориди хоки Эрон гашта, дар он ҷо то замони ба охир расидани Ҷанги Бузурги Ватанӣ мустақар шуд.
Замони мустақар будани Артиши Шӯравӣ дар хоки ин давлат маҷаллаю рӯзномаҳои зиёде ба забони форсӣ интишор шуда, байни мардум маҳбубияти том пайдо намуданд, ба мисли «Пламя», «Мысль народа», «Дӯсти Эрон», «Ахбори тозаи рӯз» ва ғайраҳо.
Дар маҷалла ва нашрияҳои шӯравӣ ашъори шоирон Маликушшуаро Баҳор, Саид Нафисӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода ва дигарон нашр мегаштанд. Дар ин давра Е. Н. Павловский роҳбари филиали АФ ИҶШС дар Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар намуда, миқдори зиёди китобҳои дар Тоҷикистон чопшударо ба он ҷо мебарад ва онҳоро ба Фарҳангистони Улуми Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки байнашон китобҳои устод С.Айнӣ низ будаанд, месупоранд.
Умуман, нақши ховаршиносӣ ва ховаршиносон дар пешгирии кушодани фронти ҷанубии фашистон калон буда, дар ин кори барои башарият хайр нақши фарзандони миллати тоҷик низ арзанда аст.
Варқаи Зайниддин, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон