Масъалаҳои муҳими ҳуқуқӣ, аз қабили ба расмият даровардани шартномаи ҳадя, шартномаи таъминоти якумрӣ бо саробонӣ, васиятнома, инчунин танзими ин муносибатҳо дар асоси талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста мавриди пурсиши шаҳрвандон қарор мегирад. Ба расмият даровардани ин ҳуҷҷатҳо дар идораҳои нотариалии давлатӣ анҷом дода мешаванд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳолатҳои тасдиқи чунин ҳуҷҷатҳо тамоюли зиёдшавӣ доранд.
Пеш аз ҳама бояд мафҳум ва мазмуни васиятномаро донист. Васиятнома, ин иродаи ихтиёрии шаҳрванд оид ба ихтиёрдории ҳуқуқи молу мулки ба ӯ дахлдошта мебошад, ки дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ба тарзи зарурӣ ба расмият дароварда шудааст.
Васиятномаро дар идораҳои нотариалии давлатӣ ҳар вақт тасдиқ кардан мумкин аст. Барои ин, шаҳрвандро зарур аст, ки номи шахс ва номгӯйи молу ашёеро, ки васият мекунад, мушаххас намояд. Маълумоти шахси ворисро аз рӯи васиятнома (насаб, ном ва номи падар, санаи таваллуд, суроғаи истиқомат аз рӯи ҳуҷҷатҳои ҷойи истиқомат) муайян намояд, ки минбаъд дар иҷрои васиятнома мушкилӣ пеш наояд.
Барои тасдиқи васиятнома шаҳрванд метавонад бо шиноснома ва на кам аз як шоҳид ба идораи нотариалии давлатии ҷои истиқомат муроҷиат намояд. Илова бар ин, васиятнома шахсан тартиб дода мешавад. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб додани васиятномаро ба тариқи намоянда (бо ваколатнома) иҷозат намедиҳад.
Шаҳрванд метавонад ҳамаи молу мулк ё як қисми молу мулкашро ба як ё якчанд шахс (ворис), ки ба гурӯҳи ворисони меросгузор тибқи қонун дохил мешаванд ё намешаванд, ҳамчунин ба шахсони ҳуқуқӣ ва давлат васият намояд. Шаҳрванд ҳуқуқ дорад бидуни тавзеҳи сабаб як ё якчанд нафар ё ҳамаи ворисони худро тибқи қонун аз мерос маҳрум намояд.
Инчунин шахс (васияткунанда) метавонад васиятномаи тартибдодаашро дар вақти дилхоҳ бекор намояд ё тағйир диҳад ва дар ин ҳолат уҳдадор нест, ки сабабҳои онро нишон диҳад.
Шартномаи ҳадя ба яке аз аҳдҳои аз соҳибӣ соқит кардани молу мулк шомил буда, тартиби бастани онро Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (боби 31) ба танзим медарорад. Тибқи шартномаи ҳадя як тараф (ҳадякунанда) ройгон ба тарафи дигар (ҳадягиранда) ашёро ба моликият ё ҳуқуқи молу мулк медиҳад ё онро аз уҳдадории молумулкӣ нисбат ба худ озод менамояд.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, ки шартномаи ҳадяи молу мулки манқул дар ҳолатҳои зайл бояд дар шакли одии хаттӣ бошад:
1) агар ҳадякунанда шахси ҳуқуқӣ бошад ва арзиши ашёи дар шартнома қароргирифта аз андозаи даҳ маоши ҳадди ақал зиёд бошад;
2) агар ҳадякунанда шаҳрванд бошад ва арзиши ашёи шартнома аз андозаи панҷ маоши ҳадди ақал зиёд бошад.
Илова бар ин, қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони ҳуқуқии молу мулкашон таҳти ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ё идораи оперативӣ қарордошта ва аз номи атфоли хурдсол, шаҳрвандони ғайри қобили амал эътирофгардида ҳадя карданро аз ҷониби намояндагони қонунии онҳо (ба истиснои туҳфаҳои одии дорои арзиши на он қадар баланд) иҷозат намедиҳад.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи шартномаи ҳадяи молу мулки ғайриманқулро ба таври нотариалӣ пешбинӣ кардааст. Дар ин маврид ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ба молу мулки ғайриманқул бо пешниҳоди маълумотномаи мақомоти бақайдгиранда талаб карда мешавад. Вақти барасмиятдарорӣ соҳибмулк (ҳадякунанда) ва ҳамсари ӯ (агар молумулки ғайриманқул дар давраи ақди никоҳ бо маблағҳои якҷоя ба даст оварда шуда бошанд) ва ҳадягиранда иштирок мекунанд.
Дар ин маврид ҳамсари ҳадякунанда дар асоси талаботи моддаи 35 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон розигии худро, ки аз тариқи нотариалӣ тасдиқ шудааст, барои бастани чунин шартнома, яъне аз соҳибӣ соқит кардани молу мулки ғайриманқули дар давраи якҷояи ақди никоҳ ба даст овардашуда медиҳад.
Шартномаи таъминоти якумрӣ бо саробонӣ ба яке аз аҳдҳои аз соҳибӣ соқит кардани молу мулки ғайриманқул шомил буда, тартиби бастани онро Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (боби 32) ба танзим медарорад.
Мувофиқи шартномаи таъминоти якумрӣ бо саробонӣ шаҳрванд ҳавлии истиқоматӣ (қисми он), хона (квартира) ё дигар молу мулки ғайриманқули ба ӯ тааллуқдоштаро ба моликияти пардозандаи саробон, ки уҳдадор мешавад ин шаҳрванд ва (ё) шахси сеюми нишондодаи ӯро якумрӣ бо саробонӣ таъмин мекунад, таҳвил медиҳад.
Шартномаи таъминоти якумрӣ бо саробонӣ ин созиши байни тарафҳо мебошад, ки аз рӯи он шаҳрванд (гирандаи таъминот) молу мулки ғайриманқулеро, ки ба ӯ тааллуқ дорад, ба моликияти пардозандаи саробон месупорад.
Пардозандаи саробон – шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ буда, уҳдадор мешавад, ки гирандаи таъминот ва (ё) шахси сеюми нишондодаи ӯро якумрӣ бо саробонӣ, яъне то вафоти ӯ таъмин мекунад.
Гирандаи таъминот – ин шаҳрванде, ки соҳиби молу мулки ғайриманқул ва ё шахси сеюми нишондодаи ӯ мебошад.
Шартномаи таъминоти якумрӣ бо саробонӣ дар шакли хаттӣ баста шуда, бояд ба тариқи нотариалӣ тасдиқ карда шавад, инчунин шартномае, ки аз соҳибӣ соқит кардани молу мулки ғайриманқулро бо шарти таъминоти якумрӣ бо саробонӣ пешбинӣ менамояд, ба қайди давлатӣ гирифта мешавад. Риоя накардани қоидаҳои мазкур аз ҷониби иштирокчиёни шартнома боиси беэътибор шудани он мегардад.
Уҳдадории пардозандаи саробонӣ дар мавриди таъминот бо саробонӣ метавонад аз таъмини эҳтиёҷот ба манзил, хӯрок ва пӯшок ва агар вазъи саломатии шаҳрванд талаб намояд, ҳамчунин аз нигоҳубини ӯ ё аз тарафи пардозандаи саробонӣ пардохта шудани хароҷоти хизматрасонии маросимӣ иборат бошад.
Арзиши тамоми ҳаҷми таъминот бо саробонӣ то бастани шартнома байни тарафҳо бояд муайян ва дар шартнома пешбинӣ карда шавад. Дар ин маврид ҳаҷми умумии таъминот дар як моҳ наметавонад аз андозаи дукаратаи ҳадди ақали музди меҳнат, ки бо қонун муқаррар гардидааст, камтар бошад.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи шартномаи таъминоти якумрӣ бо саробониро ба тариқи нотариалӣ пешбинӣ кардааст, ки ҳангоми тасдиқи он ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ба молу мулки ғайриманқул бо пешниҳоди маълумотномаи мақомоти бақайдгирандаи давлатӣ талаб карда мешавад. Дар ин маврид ҳамсари гирандаи таъминот барои аз соҳибӣ соқит кардани молу мулки ғайриманқул ва ҳамсари пардозандаи саробон бобати хароҷоти пардохтҳои таъминот, ки аз маблағи умумии ҳамсарон амалӣ карда мешавад, низ иштирок мекунанд.
Гирандаи таъминот ва пардозандаи саробон дар асоси талаботи моддаҳои 34-35 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд розигии худашонро барои бастани чунин шартнома диҳанд.
Қобили зикр аст, ки дар таҷриба бисёр ҳолатҳое мешаванд, ки шаҳрванд (гирандаи таъминот) ва пардозандаи саробон муносибати худашонро дар идораҳои нотариалии давлатӣ дар намуди васиятнома ё шартномаи ҳадя тасдиқ мекунанд, ки ин ба мақсади рӯпӯш намудани аҳди дигар мебошад, яъне он аҳди қалбакӣ ҳисобида шуда, минбаъд боиси баҳси судӣ мегардад. Бинобар ин, шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ҳангоми муроҷиат ба идораҳои нотариалии давлатӣ вобаста ба тасдиқи шартномаи таъминоти якумрӣ бо саробонӣ, шартномаи ҳадя ва васиятнома бояд мақсади худро пинҳон надоранд, то ки ҳуқуқи онҳо поймол нагардад ва минбаъд баҳсии судӣ ба вуҷуд наояд.
Абдуманон ЭРНАЕВ, нотариуси давлатии Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 2