Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси тарбияи наврасону ҷавонон сухан ронда, таъкид намуд, ки дар ин бобат, пеш аз ҳама, масъулияти падару модарро баланд бояд бардошт.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки бо ташаббуси Сардори давлат қабул шуд, вазифаю уҳдадориҳои волидайн пурра баён гардидааст. Президенти мамлакат пешниҳод намуд, ки дар синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фанни «Маърифати оиладорӣ» таълим дода шавад. Ҳадаф аз ин пешниҳод дар замири ҷавонони дар остонаи ҳаёти мустақилона қарордошта тарбия намудани ҳиссиёти падарию модарӣ мебошад. Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки ҳар як ҷавонписару ҷавондухтар дар дил нияти ташкили оилаи хушбахт, падар ё модар шудан, соҳиби фарзандони солим гардиданро дорад. Барои расидан ба ин ниятҳои нек барои ҷавонписарону ҷавондухтарони мактабхон масъулиятҳои падару модар дар назди фарзанд, уҳдадориҳои оиладорӣ барин омилҳои муҳимро донистан аҳамияти калон дорад. Яке аз олимони забардасти ҷаҳони ислом Муҳаммад Ғазолӣ (р) вазифаҳои падару модар дар назди фарзандро аз инҳо иборат донистааст:
- ба фарзанд номи зебо гузоштан;
-дар ӯ беҳтарин хислату фазилатҳои инсониро тарбия намудан;
-ӯро саводнок кардан;
-истеъдодашро такмил додан;
-касбу ҳунар омӯзонидан;
- ӯро ба ҳамсари шоиста хонадор намудан;
-бо хонаву дар таъмин намудан;
-дар тақсимоти мерос миёни фарзандон боадолат будан.
Тарбияи оилавӣ мураккаб буда, он дорои хусусиятҳои ба худ хос мебошад. Дараҷаи тарбияи оила ба дониши падару модар оид ба тарбияи фарзанд вобаста аст. Дар ин бахш муҳити солими оилавӣ, обрӯи падару модар, реҷаи дурусти рӯз, ҷалб кардани фарзанд ба хониш, меҳнат ва китоб аҳамияти калон дорад. Тавре ки дар ҳама давру замон таъкид намудаанд, тарбияи инсони бофазилат, боақлу фаросат ва тафаккури баланд аз оила оғоз меёбад. Барои тарбияи оиладориро дуруст ба роҳ мондан, пеш аз ҳама, худи падару модар бояд тарбиятдида бошанд.
Ба вуҷуд овардани муҳити мустаҳкаму солим дар оила бошад, дар ҷаҳонбинию фаросати падару модар, эҳтиёҷу хоҳишот, мақсаду вазифаҳо, масъулиятнокӣ, кору фаъолият, истироҳат, ҳамдигарфаҳмӣ, фарзандро аз кӯдакӣ ба мустақилӣ, муносибати самимӣ ба атрофиён одат кунонидан намоён мешавад. Ҷавонони дар остонаи оиладорӣ қарордошта бояд хуб донанд, ки бо вуҷуди аз лиҳози ҳуқуқӣ дар як мизон қарор доштани зану шавҳар онҳо аз нуқтаи назари биологӣ, ҷисмонӣ ва рӯҳӣ яксон нестанд. Аз ин рӯ, дар масъалаи вазифаҳои марду зан, тарбия кардани фарзандон, тақсимоти меҳнат ва уҳдадориҳо як қатор фарқиятҳо мавҷуданд. Мард сутуни хонадон аст. Вазифаи мард аз лиҳози иқтисодию маънавӣ таъмин намудани оила мебошад. Ҳамчунин ҳимояи оила аз хавфу хатар, шарик шудан ба ғаму ташвиши зану фарзандон, ба онҳо ғамхорӣ намудан низ бар дӯши мард аст.
Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 январи соли 2015) занро чароғи хонадон номиданд. Вазифаи ӯ дар оила машғул шудан ба тарбияи фарзанд мебошад. Инчунин кори хонаро дар вақташ иҷро кардан, дар оила муҳити мусоиди равонӣ фароҳам овардан ба зиммаи зан аст. Албатта, вазифаҳои зану мард бо ин маҳдуд намешавад. Бояд ҳар инсон ақлу тафаккури худро ба кор бурда, вазифаҳои худро аниқ дониста, онҳоро бо масъулият иҷро намояд.
Тарбияи фарзанд дар оила чанд хусусияти педагогӣ- психологӣ дорад. Якум, шоҳсутуни оила — ин иззату эҳтироми байниҳамдигарии зану шавҳар, хушмуомилаву ширинсухан будан, ба якдигар кумак расонидан ва ҳамдигарфаҳмист. Дар тарбияи фарзандон ин хислатҳо аҳамияти калон доранд, зеро фарзанд метавонад насиҳатро фаромӯш кунад, аммо чизи мушоҳидакардаашро ҳеҷ гоҳ аз хотир намебарорад. Дар тарбияи келину домоди ҷавон бошад, эътибори алоҳида бояд дод, зеро риоя накардани адолат дар ахлоқ ва ҳуқуқ миёни падару модар ва фарзандон метавонад боиси пайдошавии сифатҳои манфӣ гардад.
Дуюм, дар оила ба кӯдакон аз хурдӣ сифатҳои покро ёд додан лозим аст. Дар ин ҳол зимни ҳалли масоили ҳаётӣ дониши падару модар, маънавиёт, худро идора карда тавонистан, шину хези онҳо аҳамиятнок аст. Барои дар фарзанд такмил ёфтани хислати башардӯстию адолатпарварӣ аз ибрати шахсӣ нишон додан, суҳбат, баҳс ва мунозира истифода бурдан мумкин аст.
Дар тарбияи оилаи замонавӣ баробари ҷараёнҳои мусбат ҳолатҳои манфӣ низ мавқеи калон дорад. Имрӯз ибораи «ҷинояткори аз оилаи солим баромада» миёни ҳуқуқшиносон, педагогҳо, ҷомеашиносон, кормандони бахши кор бо ноболиғон зиёд дучор меояд. Аз рӯи баъзе маълумотҳо аксар ҷавонони даст ба ҷиноятзадаи шаҳру вилоятҳо аз оилаҳои солим ва аз лиҳози моддӣ таъмин ва таълиму тарбиягирифтаанд. Ҳеҷ гоҳ гуфта наметавонем, ки онҳо аз падару модар ибрати бад гирифта бошанд ё аз ҷиҳати моддӣ азоб кашидаанд ва ё дар ҳуҷраҳои тангу тор ба воя расидаанд. Пас саволе пеш меояд, ки сабаб дар чист? Дар ҳар ҳолат ҳам сабаби асосиро аз оила, таҷрибаҳои дар ҳаёт андӯхта, тарзи ҳаёти маънавӣ — ахлоқӣ ва мавқеи ӯ дар оила ҷустан лозим меояд.
Аз ин ҳама хулосае бармеояд, ки дар тарбияи насли наврас муҳити оилавӣ таъсири махсус дорад. Муҳит гуфта, пеш аз ҳама, муносибатҳои байниҳамдигарии аъзои оила, тарзу усулҳои таъсиррасонӣ ба кӯдакон, маҷмӯи дигари муносибатҳоро дар назар дорем. Мазмуни муҳити оила дар фаҳмиши сиёсию маънавии падару модар ва аъзои калонсоли оила намоён мешавад.
Дар зер чанд номаеро, ки аз номи ҷавонон ба дасти банда расидааст, мехоҳам шарҳ диҳам.
Хадича ном духтарро аз ноҳияи Носири Хусрав падараш ҳанӯз дар тифлӣ партофта рафта будааст. Ӯ дар мактубаш навиштааст, ки бобояш вайро бо меҳрубонӣ ба воя расонидааст. Хадича дар бораи бобои 92- солааш шеъре навиштааст. Падараш ҳоло дар ҳаёт буда, бо зани дигар зиндагӣ мекунад. Ман ба ҷароҳати падари бемеҳри аз кардааш пушаймон намак пошиданӣ нестам. Сабаби модарашро партофта рафтани падараш паи ҳам духтар таваллуд кардани ӯ будааст. Чӣ сабаби ночизу беарзиш!
-Баъди ман модарам фарзанди шашумро ба дунё овард, ки писар буд. Номашро Муродҷон гузоштанд, — навиштааст Хадича. -Падарам инро фаҳмида, дубора ба оила баргаштанӣ шуд. Лекин модарам, ки як маротиба дар зиндагӣ шикаст хӯрда буданд, ба баргаштани падарам розӣ нашуданд. Дигар шавҳар накарда, умрашро ба мо бахшидаанд.
Дар мактуби Қурбоналӣ аз ноҳияи Шаҳринав бошад, ёду хотираи рӯзҳои гузашта, талхиву шириниҳои зиндагӣ акс ёфтааст. Ҳанӯз дар овони кӯдакӣ аввал модар, баъд падараш вафот мекунанд. Тарбияи Қурбоналии ятиммондаро ду шахси тамоман бегона ба уҳда мегиранд. Қурбоналӣ масъулияти падариро аз онҳо омӯхтааст. Бешубҳа, ӯ ин хислати хубро дар фарзандонаш низ тарбия мекунад. Имрӯз аз чӣ бошад, ки баъзеҳо масъулияти оиладориро надониста, озод зистан, аниқтараш тарзи муҷаррад зиндагӣ карданро тарғиб намуда, одати аз азал ҷуфт зиндагӣ кардан, дар як оила ба воя расидан барин арзишҳои миллиро фаромӯш карда истодаанд. Магар мешавад ин арзишҳоро сарфи назар кард? Агар мо ба дарахти анъана: «то дами пирӣ бо ҳамдигар будан» табар занем, ин дарахт хушк намешавад? Қурбоналӣ: «Ман падар ҳастам, шумо ҳам падар шавед!»- гӯён хитоб кардааст. Ин хитоб ба ҷавонони имрӯза нигаронида шудааст.
Зумрад Каримоваи қӯрғонтеппагиро бошад, ҳам шавҳар ва ҳам хешовандони шавҳараш паст мезананд. Ҳар чизро баҳона карда, дилашро меозоранд. Ӯро ҳатто «ҷӯгӣ» — гӯён таҳқир ҳам мекунанд. Лекин сабру таҳаммули Зумрад ва ба дунё омадани меваи умр — фарзанд ҳамаро дигаргун кард. Бамиёнорандаи гармӣ дар муносибати зану шавҳар, неруи хомӯшкунандаи дилсардӣ миёни келину хушдоман, кураи заминро нурафшон мекардагӣ ҳам фарзанд аст. Ана ҳамин тифли гирёнчак ҳамаро механдонад ва дар лаби ҳамагон табассумро гул мекунонад. Бахти падару модарӣ ҳам дар ҳамин аст. Ҷавонону духтарони мо набояд инро фаромӯш кунанд.
С. ЭРМАТОВ, нависанда