Низоми мулкдорӣ

№67 (3368) 12.05.2015

Илҳом аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. САРИРИ РАҲНАМОӢ

 

Паём имрӯз дастури низом аст,

Низоми мулкдорӣ з-ин Паём аст.

 

Паёме даъвати фатҳи азим аст,

Насими ҳикмати анбаршамим аст.

 

Заковат бо саховат ҳамнаво шуд,

Ба дарди миллату миҳан даво шуд.

 

Мунаввартар шавад дунёи тоҷик,

Зи барқи оби оташзои тоҷик.

 

Сарири раҳнамоӣ дар Паём аст,

Ҳадиси боҳамойӣ дар Паём аст.

 

Раҳе бикшода бар суйи адолат,

Наёбад роҳ дар мулкам адоват.

 

Физояд файз андар рӯдборон,

Фузун гардад сахои киштзорон.

 

Сахои ҷангалистон мефизояд,

Ҷилои лаъл дар кон мефизояд.

 

Фаровонӣ чу беш аз пеш гардад,

Мақому қадри инсон беш гардад.

 

Зи мазмуни Паёми садри миллат,

Расад бар авҷи гардун қадри миллат.

 

Барори марди деҳқон мефизояд,

Сахою шуҳрату шон мефизояд.

 

Вафо дар мулки дилҳо сабз гардад,

Сафо дар мулки дилҳо сабз гардад.

 

Ватан з-ин сабзиҳо сарсабз гардад,

Сухан з-ин сабзиҳо сарсабз гардад.

 

Шукуфад нахлҳо дар Ваҳдатистон,

Ниҳоли сулҳ мегардад шукуфон.

 

Ниҳоли Ваҳдати мо босамар шуд,

Хатар бигзашту айёми зафар шуд.

 

Муборакахтарӣ бодо муборак,

Саховатгустарӣ бодо муборак!

 

2. ПОЯИ ЧАРХИ БАРИН

 

Аз Паёми Сарвари фархундапай

Ғунчаи нусрат шукуфад фасли дай.

 

Дар талоши фатҳи нав дастури мо,

Машъалистону ҷаҳони нури мо.

 

Роҳи мулки меҳр бикшояд ба мо,

Ин Паёми раҳкушою раҳнамо.

 

Мулк з-ифроту хурофот аст дур,

Мешитобад халқ бар дунёи нур.

 

Нури ҳикматро парасторӣ кунад,

Расми миллатро нигаҳдорӣ кунад.

 

Фахрад аз ояндаи рахшони худ,

Халқ гӯяд бар ҷигарбандони худ.

 

Мулки дилро ҷой бар ифрот нест,

Ҳар балое хест, аз ифрот нест.

 

Роҳи саргуми хурофотро маҷӯ,

Он раҳи наҳсу пурофотро маҷӯ.

 

Ҷодаи инсонгароиро пазир,

З-он ки инсон аст ганҷи беназир.

 

Пештози ҷодаи тавҳид бош,

Устувористодаи тавҳид бош.

 

Пайравӣ бинмо ту бар исломи ноб,

Дар ду олам то бигардӣ комёб.

 

Ҳифз бинмо мазҳаби бобои худ,

Ҷодаи Нуъмониро кун ҷои худ.

 

Гуфт пайғамбар чароғи умматаш,

Машъали мулки фароғи умматаш.

 

Дар мақоми сарварӣ ҷо гашта буд,

Раҳнамои миллати мо гашта буд.

Комгору олимиқдори замон,

Буд бар дӯшаш басо бори замон.

 

Раҳнамоӣ сӯи Ваҳдат кард ӯ,

Ҷаҳди ҳамрайъии миллат кард ӯ.

 

Пойдории ҷаҳон аз Ваҳдат аст,

Ҳар чӣ зебоист, он аз Ваҳдат аст.

 

Ҳам ризои Кирдгор аз Ваҳдат аст,

Ҳам заволи гиру дор аз Ваҳдат аст.

 

Хуррамӣ дар ҳар макон аз Ваҳдат аст,

Хандаҳои кӯдакон аз Ваҳдат аст.

 

Побаҷо тири замин аз Ваҳдат аст,

Пояи чархи барин аз Ваҳдат аст.

 

Посдорони ҳақиқатро дуруд,

Раҳравони роҳи Ваҳдатро дуруд.

 

Офарин бар Сарвари Ваҳдатгаро,

Сабз бодо кишвари Ваҳдатсаро!

 

3. РАҲИ ДАВЛАТИ САРМАДӢ

 

Зи лутфи Худои Кариму Раҳим

Аён гашт бар мо раҳи мустақим.

 

Ба тадбири садри муборакқадам,

Ватан раст аз вартаҳои адам.

 

Зи баъди шикасту ҷафову талаф,

Ватанро зи чанголи хуну халаф,

 

Раҳо карда бо азми мардонагӣ,

Ба дастури волои фарзонагӣ,

 

Ба мулки сафо кард ӯ раҳнамун,

Сипоҳи бадӣ гашт з-он сарнагун.

 

Вафою сахо ҳаст дастури ӯ,

Паёми зафарбахши пуршӯри ӯ.

 

Барад миллатамро ба қутби мурод,

Кушояд раҳи маснади адлу дод,

 

Дар он сабзаи сулҳу Ваҳдат дамад,

Зи сарчашмаи сулҳ халқ ошамад.

 

Чу аз минбари Миллали Муттаҳид

Зи сулҳу зи Ваҳдат бидод ӯ навид.

 

Ба аҳли башар ҳарфи мардона гуфт,

Ҳакимонаю фатҳмандона гуфт.

 

Ки ифрот дар кеши ислом нест,

Ва муъмин бадандешаю хом нест.

 

Бале, бехабарҳо надоранд дин,

Ҳунаршон бувад шарру иғвову кин.

 

Ва бадхоҳи мардум надорад Ватан,

На хешу на кешу на гӯру кафан.

 

Бувад нашъамандӣ дар исломи ноб,

Ҳарому уболаш бувад беҳисоб.

 

Мусулмони ҳақро бар он кор нест,

Дар он ҳалқа халқи сабукбор нест…

 

Сари мо саропо чу фаҳму фар аст,

Паёмаш навиди зафарофар аст.

 

Кушод ӯ раҳи давлати сармадӣ,

Раҳид аҳли кишвар зи бухлу бадӣ.

 

Чашидем як бор неши ҷафо,

Кунун ҳаст даврони нӯши сафо.

 

Чу аз ҷумлаи бурдборон шудем,

Хушо дар сафи растагорон шудем.

 

Дар ин мулк фарз аст кирдори нек,

Наояд зи мардум ба ҷуз кори нек.

 

Бихез, эй пасованди Соми савор,

Димори сипоҳи бадиро барор.

 

Манам, бо умеди бақои замин,

Ситояндаи сулҳи бахтофарин.

 Ҷумъа ҚУВВАТ