Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, сокини деҳаи Имоми Аъзами деҳоти «Қаратоғ»-и шаҳри Турсунзода Турсун Холов 91-сола бошад ҳам, айёми ҷавониашро, ки ба давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва солҳои аввали баъдиҷангӣ рост омадаанд, хуб дар ёд дорад. — Соли 1944 ба синни 18 расидам. Ҳамон сол маро ба комиссариати ҳарбӣ даъват карда, аз назорати тиббӣ гузарониданд ва ба фронт фиристониданд. Ҳамроҳ бо дигар даъватшудаҳо як моҳ дар вилояти Свердлов курси омодагии ҳарбӣ гузаштем. Тирпарронӣ, идоракунии танк, снарядпартоӣ аз он ва дигар навъҳои амалиёти ҳарбиро омӯхтем. Командири ротаи таълимӣ баъди санҷидани малакаҳои азбаркардаамон аз хусуси омода шуданамон ба командири қисми ҳарбӣ гузориш дод. Моро ба ҳайати армияи амалкунанда гусел карданд, — ба хотир овард рӯзҳои аввали ба хизмат сафарбар шуданашро бобои Турсун. Соли 1944 хоки Иттифоқи Советӣ аз душмани манҳусу ишғолгар пок гардида, қувваҳои мусаллаҳи мо бо зафарҳои пайи ҳам душманро шикаст дода, ба озодкунии қаламрави кишварҳои дигар, ки зери юғи фашизм монда буданд, оғоз карда буд. Турсун Холов ба ҳайати бригадаи 19-уми танкии фронти Украина шомил гардида, дар муҳорибаҳо баҳри озодсозии Полша, Венгрия, Австрия ва Руминия иштирок кард. — Ҷангҳо барои озодкунии асирон, ки дар лагери Освенсими ҳудуди Полша нигоҳ дошта мешуданд, аз ҷумлаи муҳорибаҳои хунини он давра буд, - ба нақлаш идома медиҳад бобои Турсун. – Вақте ки аскарони пиёдагард бо кумаки танкҳо ва дигар техникаи ҳарбӣ лагери мазкурро иҳота, фашистонро маҳв сохта, ба он наздик шуданд, муқовимат боз ҳам шадид гардид. Баъди ҷанги хунин лагерро ба даст овардем. Мо – аскарон аз дидани манзараи аз дарвозаҳои лагер ба берун рехтани асирони озодшуда – мардону занону пирони барҷомондаву кӯдакони маъсум ба даҳшат омадем. Аксари онҳо тавони роҳ рафтан надоштанд. Аз асари гуруснагӣ он қадар лоғар шуда буданд, ки гӯё пӯстро ба рӯйи устухонашон кашида бошанд. Бо ин ҳама аз ғояти хурсандӣ ашки дидагонашон беист ҷорӣ буд. Моро ба оғӯш кашида, миннатдорӣ мекарданд. Озодшудагон намояндагони миллатҳои гуногун буданд ва ҳар кадоме бо забони модариаш ба мо миннатдорӣ баён мекарданду шукргузорӣ, ки ба озодӣ расиданд. Ман дар ҳайати бригадаи 19-уми танкӣ меҷангидам. Танки мо аз танкҳои машҳури Т-34 буд ва аз ҷиҳати муҷаҳҳаз будан бо аслиҳаи дурзану нишонрас, ҳамчунон манёврҳои гуногунро ба осонӣ иҷро карданаш он вақт техникаи пешқадами ҷангӣ ҳисоб мешуд, бар зидди «Пантерра»-ҳои фашистон муваффақона дар набард буд, истеҳкомҳои душманро ба осонӣ рахна мезад. Экипажи танки мо аз чор нафар иборат буд ва давоми солҳои 1944-1945 ҳайати мо, бинобар захмӣ шудан, якчанд маротиба иваз шуд, вале ман бо Серебрянскийи беларус ва Улановскийи украин бештар аз ҳама якҷоя ҷангидем. Ҳар дафъае, ки бо танки худ техникаи душман ва ё истеҳкоми онро маҳв мекардем, аз хурсандӣ меболидем. Турсун Холов ва ҳамяроқонаш хабари хуши Ғалабаро дар Руминия шуниданд ва боварашон намеомад, ки чунин рӯз фаро расид. Қисми ҳарбие, ки бобои Турсун ба ҳайати он шомил буд, то соли 1947 дар Руминия мустақар монд. Моҳи апрели соли 1947 онҳоро ба шаҳри Москва интиқол доданд ва Турсун Холов давоми се сол то соли 1950 дар ҳайати дивизияи 1-уми гвардиягӣ ба ҳифзи иншооти махсусан муҳим, аз ҷумла Кремл, сафарбар шуд. Ҷанговари матинирода, ҷасур ва меҳанпараст Турсун Холов барои корнамоиҳои ҷангӣ бо ордени «Ҷанги Ватанӣ» дараҷаи I, медали «Барои хизматҳои ҷангӣ», медалҳо барои озодкунии як қатор кишварҳо мукофотонида шудааст. — Соли 1950 маро ба хона ҷавоб доданд, — мегӯяд қаҳрамони мо. — Вақте баргаштам, дар хона модарамро бо ду додарам ва хоҳарам дарёфтам. Солҳои аввали баъдиҷангӣ хеле вазнин буд. Ҳамагӣ ду рӯз дар хона истодаму рӯзи сеюм ба кори колхоз баромадам. Шинели дар танаам аз хизмат баргаштаро ду соли дигар пӯшидам, зеро пӯшонидану нигоҳубини аҳли оила лозим буд. Ҳамин тариқ, Турсун Холов солиёни зиёд дар хоҷагии ба номи Жданов (ҳоло «Дӯстӣ»)-и ноҳияи Регар (ҳоло шаҳри Турсунзода) дар вазифаҳои мудири ферма ва сардори бригадаи пахтакорӣ содиқона кор карда, бо ордени «Нишони фахрӣ» мукофотонида шуд ва соли 1998 ба нафақа баромад. — Ҳарчанд синну солам ба ҷое расидааст, бекор нишаста наметавонам. Ба ҳавлии фарзандон меравам, Худоро шукр 12 фарзанд – чор писару ҳашт духтар дорам, — мегӯяд бобои Турсун. — Бо онҳо ба суҳбат менишинам, ба набераҳоям меҳрубонӣ мекунам. Аммо аксари вақтамро ба мутолиаи китобу рӯзномаҳо мегузаронам. Аз телевизор ва радиою рӯзномаҳо дидаю шунида ва хондам, ки ҳоло як қатор давлатҳо нақши Иттифоқи Советиро дар Ҷанги дуюми ҷаҳон паст заданӣ мешаванд. Ман дар ҷавоб гуфтаниам, ки ҳайфи шумо, куҷо будед он шабу рӯзҳое, ки Армияи Советӣ кишварҳои зери истилои фашистҳомондаро озод мекарду мардумонаш аз шодӣ намедонистанд эҳсоси хушиашонро ба мо чӣ гуна баён созанд. Ман шахсонеро, ки ҳоло ба нақши Давлати Советӣ чунин баҳои ноодилонаро сазовор медонанд, оҷизу нотавон меҳисобам. Бобои Турсун 6 декабри соли 2014 дар ҳайати ҳаштнафараи ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба Москва рафта, дар чорабиниҳое, ки ҳукумати шаҳри Москва дар назди Муҷассамаи комплексии «Поклонная гора» доир намуд, иштирок кард. Ветерани Ҷанги Бузурги Ватанӣ Турсун Холовро дар арафаи Ҷашни бузурги 70-солагии Ғалаба ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ташкилоту идораҳо, корхонаю хоҷагиҳо ба меҳмонӣ даъват карданд. Бо ӯ суҳбат оростанд, аз насиҳатҳои пандомезаш баҳравар шуданд, бо Иди Ғалаба табрик гуфтанд. … Суҳбатро бо бобои Турсун хотима бахшида, ба рӯи ҳавлӣ баромадем. Худоҳофизӣ карда, равонаи дарвоза шудем, ки аз дарвоза яке аз писаронаш — Ҷӯрабой вориди ҳавлӣ шуд. Ҷӯрабой Холов дар Идораи барқи шаҳри Турсунзода кор мекунад, муҳандис аст. Солҳои ҳаштодуми асри гузашта қарзи интернатсионалистиашро дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон ба ҷой оварда, бо ду ордени «Ситораи Сурх» мукофотонида шудааст.
Абдулмаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».
Дар сурат: Бобои Турсун Холов бо писараш Ҷӯрабой Холов