Корнамоӣ, заҳмату талоши фарзандони барӯманди ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ номи онро дар саросари ҷумҳурӣ ва ҳатто берун аз он маълуму машҳур гардонидааст. Ҷустуҷӯю тадқиқотҳои охирин нишон доданд, ки ноҳияи мазкур 24 қаҳрамон доштааст.
Аз ҷумла нахустин Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ — Неъмат Қарабоев парвардаи ин обу хок аст. Ҳамчунин чор нафар фарзандони ин диёр — Александр Горелов, Николай Балакин, Константин Хоров, Эргаш Шарифов барои корнамоиҳои бузургашон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании 1941-1945 сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ гардидаанд. Шумораи дорандагони унвони баланди Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ бошад, аз ин диёр 19 нафарро ташкил медиҳад, ки бисёре аз онҳо ҳам дар майдони ҷанги солҳои 1941-1945 ва ҳам баъди он солҳо дар ҷабҳаи меҳнат корнамоиҳои бемислу монанд нишон дода, соҳиби чунин қадршиносӣ гардидаанд. Инҳо Сироҷиддин Исоев, Турахон Эсанқулов, Абдуфаёз Дӯстов, Сафар Ҷумъаев, Эшмурод Бердиқулов, Абдукарим Деҳқонов, Отаҷон Додобоев, Хуҷам Имомқулов, Қарабой Маҳмадхонов, Эшбек Сатторов, Муродалӣ Қамбаров, Турғунбой Умаров, Темурбек Ғозибеков, Зоир Халилов мебошанд. Ҳамчунин аз ҷумлаи зодагони ин диёр панҷ нафар зан — Бибизумрад Абдуллоева, Робия Бекназарова, Назокат Муъминова, Оқилаҷон Фозилова ва Гулсуной Юсуфова низ соҳиби унвони баланди Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ гардидаанд.
Корнамоиҳои ин 24 нафар фарзандони далеру шуҷоъ ва заҳматпеша дар рӯзҳои таҷлили 70-солагии Ғалаба бар Германияи фашистӣ вирди забони ҳамдиёрон буд. Дар рӯҳияи корнамоиҳои онҳо ҷавонону наврасон ва толибилмони муассисаҳои таълимӣ тарбия ва камол меёбанд.
Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»