14 майи соли 2015 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тариқ Иқбал Сумроро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тариқ Иқбал Сумроро ба муносибати ба ин мақом таъин гардиданаш муборакбод намуда, иброз дошт, ки мардуми тоҷику покистониро робитаҳои таърихӣ ва илмию фарҳангие бо ҳам мепайванданд, ки аз сарчашмаҳои қадим маншаъ мегиранд.
Шукурҷон Зуҳуров доир ба ҳамкориҳои мутақобилаи судманди Тоҷикистону Покистон дар даврони кунунӣ сухан гуфта, аз ҷумла аз талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкориҳои манфиатбахш дар соҳаҳои гуногун - кишоварзӣ, гидроэнергетика, иқтисодиёт, инчунин дар ҷодаи мубориза алайҳи терроризм ёдовар шуд.
-Мо ният дорем, ки ин муносибатҳоро идома бахшем,- зикр намуд раиси Парлумони кишвар.
Инчунин дар суҳбат оид ба Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишвар, лоиҳаи CASA- 1000, сохтмони неругоҳҳо ва интиқоли барқ ба кишварҳои ҳамсоя, аз қабили Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сухан рафт.
Шукурҷон Зуҳуров иҷрои ин масъалаҳоро хеле умедбахш арзёбӣ кард. Тариқ Иқбал Сумро салому паёми Раиси Парлумони Покистонро ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида, ба Шукурҷон Зуҳуров барои ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар самтҳои гуногун изҳори миннатдорӣ намуда, афзуд, ки дӯстӣ ва ҳамкориҳои ду кишвар сол то сол афзоиш меёбанд ва ӯ кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, ки иҷрои ин лоиҳаи бузург, яъне CASA — 1000 амалӣ гардад.
Инчунин дар ин мулоқот дар бораи сафари қаблии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои қарордодҳое, ки аз ин гуфтушунид бармеоянд, тарафҳо андешаҳояшонро иброз доштанд.
Ҷаноби Сафир афзуд, ки Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама ҳолатҳо дастгиру мададгори якдигар хоҳанд буд ва барои қабули гарму самимӣ ба Шукурҷон Зуҳуров изҳори миннатдорӣ намуд.
Маркази матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суратгир А. ИСОЕВ