Ба истиқболи 70 — солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Хуҷанд китоби «Ёдбоди қаҳрамонон» ба нашр расид.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, китоби мазкур аз ҷониби Шавкат Алиев- муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд таҳия гардидааст ва номзади илмҳои филологӣ, шоир Ниятқул Ҳаётов муҳаррири он мебошад.
Китоб ҳаёт ва корнамоиҳои қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ ва дорандагони орденҳои «Шараф»- ро аз вилояти Суғд дар бар мегирад.
Лозим ба таъкид аст, ки айни ҳол дар вилояти Суғд 240 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ умр ба сар мебаранд, ки дар арафаи Рӯзи Ғалаба бо кумакпулиҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳар кадом дар ҳаҷми 1000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили 23 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафта, ба ҳамаи онҳо кумаки яквақтаинаи моддӣ иборат аз маводи ғизоӣ ва туҳфаи муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ- либосҳои идонаро тақдим кард.
Раҷаббой Аҳмадзода зимни аёдат қаҳрамонони арсаи набардро бо фарорасии Иди Ғалаба табрик намуда, таманниёти неку орзуҳои самимонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба онҳо расонд.
Абдувосит САЛИМЗОДА