Рӯзҳои сербориши баҳори имсола ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилояти Хатлон, бахусус минтақаи Қӯрғонтеппа хисороти зиёде овард. Боронҳои сели пай дар пайи даҳаи дуюми моҳи май ба ноҳияҳои Қубодиён, Ҷиликӯл, Хуросон, Вахш ва дигар ноҳияҳо зарари ҷиддӣ ворид намуданд.
Нимаи дуюми рӯзи 13 майи соли равон дар ҳудуди деҳаи Заркамари деҳоти «Заркамар»-и ноҳияи Қубодиён борони сахту пуршиддат борида, дар фосилаи хеле кӯтоҳ боиси ҷоришавии сели калон гардид. Деҳаи Заркамар дар масофаи тақрибан 13 километр аз маркази ноҳия, дар қисми шимолии он ҷойгир аст.
Дар натиҷаи офати фавқуззикр 20 хонаю ҳавлии аҳли ин деҳа пурра хароб шуд. Беш аз 20 хонаи дигар бошад, қисман вайрон шудаю зарар диданд.
Дар соатҳое, ки ин офати табиӣ ба амал омад, аксар сокинони деҳа пайи нигоҳубини зироатҳои гуногуни бо сад ҳазор умеду орзу парвардаашон дар саҳро қарор доштанд. Аз ин рӯ, занону хурдсолон ва бознишастагон сару калобаи хешро гум карда, ба даҳшату воҳима афтоданд. Хушбахтона, аз байни мардону ҷавонони деҳа нафароне пайдо шуданд, ки матонату устувориро аз даст надода, мардумро ба ҷойи нисбатан бехавфу хатар, болои боми хонаҳои пойдеворашон мустаҳкам бароварданд. Ба воситаи телефонҳои мобилӣ ин хабар ба гӯши масъулини ҷамоату ноҳия расид.
Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳия Абдураҳмонзода Саидумрон Назар дар кӯтоҳтарин фурсат ба масъулин дастур дод, то пайи чораандешӣ шаванд. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми масъулину фаъолон таври фаврӣ аз пайи наҷоти мардуми дучори офатшуда гардиданд. Техникаҳои зарурии пуриқтидори дар ихтиёрдоштаро ба ҷойи ҳодиса оварданд. Бо чунин техника байни кӯчаҳои деҳа, назди ҳар як хона рафта, мардуми болои бомро ба қароргоҳи нисбатан бехавф — болои боми мактаби деҳа ҷамъ оварданд. Дар натиҷа аз талафоти ҷонӣ пешгирӣ карда шуд.
Бо вуҷуди зарари зиёди иқтисодӣ мардуми наҷотёфта шукри Худованд мекунанду ба роҳбарияти ноҳия барои сари вақт ба ёриашон омадан миннатдорӣ баён месозанд.
Дар рӯзҳои рух додани ин офати табиӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, бо мардум мулоқот намуд. Барои ҳар чӣ тезтар аз зери обу лойқа халос намудани мавзеъҳои зарардида ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Бо мақсади вусъати бештари корҳо панҷ тонна сӯзишворӣ кумак намуда, ба онҳое, ки хонаҳояшон зарари ҷиддӣ дидаю вайрон гардидаанд, суҳбат намуда, иброз дошт, ки бо масолеҳи сохтмонӣ ва дигар ашёи зарурӣ таъмин хоҳанд гардид.
Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар натиҷаи ин офат асосан хонаҳое зарар дидаанд, ки ё умуман пойдевори мустаҳками сангиву бетонӣ надоранд, ё пойдеворашон на чандон мустаҳкаму устувор аст. Дар назди баъзе аз манзилҳои истиқоматии харобгардида ду ва ҳатто се мошини сабукрави шахсӣ мавҷуд аст, ҳоло он ки чунин нафарон имкон доштанд аввал пойдевори мустаҳками манзил бунёд намоянду сипас пайи хариди мошини сабукрав шаванд. Шояд ин офати табиӣ сабақ барои дигар сокинон гардад.
Ситоде, ки бо мақсади кумаку дастгирии саривақтӣ ва ҳамаҷониба ба мардуми зарардида бо роҳбарии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳия Абдураҳмонзода Саидумрон Назар ташкил шудааст, хеле самарабахш кор карда истодааст. Тавассути ин ситод ба мардуми зарардида кумакҳои гуногун сари вақт дастрас гардиданд. Бо мақсади муайян кардани ҳаҷми зарари ин офати табиӣ комиссияи махсус ташкил карда шудааст. Аз рӯи ҳисобу китоби пешакӣ ин офати табиӣ қариб чор миллион сомонӣ зарари молию иқтисодӣ расонидааст.
Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»