Ҷаласаи кории Раиси шаҳри Душанбе

№71 (3372) 23.05.2015

18 майи соли 2015 таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Маҳмадсаид Убайдуллоев,  қабл аз ҳама,  масоили вазъи  мавҷудаи 119 муассисаи томактабии шаҳр ва дар онҳо аз рӯи меъёрҳои амалкунандаи соҳавӣ  фарогирии кӯдаконро матраҳ намуда, зикр кард, ки то имрӯз бо роҳи ташкили катҳои дуошёна дар ин муассисаҳо мушкилоти аз рӯи талабот фароҳам овардани шароит барои инкишофу тарбияи кӯдакони синни томактабӣ таври дилхоҳ ҳал нагардидааст.

Зикр гардид, ки бо мақсади аз байн бурдани мушкилоти мавҷуда, илова ба тадбирҳои андешидашуда, дар доираи амалисозии сиёсати давлатии дастгирии соҳибкорӣ ҷалби шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар ин раванд солҳост, ки хуб роҳандозӣ гардидааст. Тӯли панҷ соли охир  ташаббуси 13 шахси воқеию ҳуқуқӣ оид ба бунёди муассисаҳои хусусӣ ва дар ошёнаҳои аввали биноҳои бисёрошёнаи истиқоматии сохташаванда ҷойгир намудани марказҳои ин гуна таъиннотдошта бо қарорҳои марбутаи Раиси шаҳри Душанбе дастгирӣ ёфтаанд.

Дар робита ба ин Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҷараёни корҳои бунёдӣ дар 13 иншооти мутазаккира, ки бештар маврид фармоишгарони онҳо дар дигар самтҳои сохтмонӣ тибқи Нақшаи генералӣ иншоот бунёд менамоянд, изҳори нигаронӣ намуда, супориш дод, ки  баҳри вусъати корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлатҳои таъиншуда мавриди истифодабарӣ қарор додани онҳо аз ҷониби Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе фаъолияташон дар дигар иншооти зертавозун муваққатан манъ карда шавад. Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи салоҳиятдор низ дар ин самт фаъолияти густурдаро анҷом диҳанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамчунин ба самъи масъулини соҳаи сохтмон ва меъмории шаҳр расонид, ки шурӯъ аз 1 июни соли ҷорӣ  тамоми ташаббусҳои сохтмонии шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар самти бунёди биноҳои истиқоматии бисёрошёна  танҳо бо пешбинӣ намудани ҷойгиронии чунин марказҳо барои кӯдакон дар  лоиҳаи иншоот баррасӣ карда мешавад.

Дар ҷаласа инчунин дастур дода шуд, ки таваҷҷуҳи масъулин ва субъектҳои соҳибкорӣ беш аз ҳарвақта дар доираи муқаррароти қонунгузорӣ ба таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ҷалб карда шавад.

Ҳамзамон дар ҷаласа вазъи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, беҳбудбахшии ҳолати санитарию экологӣ, муттасил тоза кардани шаҳр аз иҳотапанҷараҳо ва ба ҷойи онҳо шинонидани буттадеворҳои ҳамешасабз, ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе мақсаднок баргузор намудани Рӯзҳои шаҳр дар ноҳияҳо ва рӯзҳои шанбе таври оммавӣ доир кардани ҳашари умумишаҳрӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт таҳти  унвони «Шаҳри ман — хонаи ман» мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар иртибот ба онҳо аз ҷониби Раиси шаҳр ба  масъулин супоришҳо дода шуд.

Ш. САИДОВ