Ҷаласаи Кумитаи котибони Шӯроҳои амният

№71 (3372) 23.05.2015

Санаи 20-уми май дар шаҳри Қайроққум таҳти раёсати Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – полковник Абдураҳим Қаҳҳоров ҷаласаи Кумитаи котибони Шӯроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид. Дар кори ҷаласа Николай Бордюжа Котиби генералии  Шӯроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) ва котибони Шӯроҳои амнияти ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Россия ҳузур доштанд.

Дар ин нишаст масоили муҳими амнияти байналмилалӣ ва тадобири кишварҳои узви СААД ҷиҳати бартараф кардани таҳдид ва хатарҳо, таъмини амнияти манотиқи мутааллиқ ба кишварҳои узви СААД мавриди баррасӣ қарор дошт. Вазъи амниятӣ дар кишвари ҳамҷавори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва таҳкими марзҳои ҷумҳуриҳои узви СААД мавзӯи меҳварии ҷаласаи мазкур буд.

Абдувосит САЛИМЗОДА