Таъмини амнияти озуқаворӣ тадбирҳои иловагиро тақозо дорад

№72 (3373) 26.05.2015

DSC_1956

Дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният мавзӯи «Амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар он муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, раиси кумитаи мазкур Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир ва намояндагони дигар кумитаҳо иштирок намуданд.

Доир ба ин масъала узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, доктори илми иқтисодӣ, профессор Рустам Қудратов маърӯза кард. Рустам Қудратов зикр намуд, ки дар натиҷаи гузаронидани ислоҳоти замин истифодаи самараноки он беҳтар гардида, ҳаҷми  истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфта, ба таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат намуда истодааст.

Дар таъмини амнияти озуқаворӣ соҳаи  тухмипарварии зироати кишоварзӣ аҳамияти хоса дорад. Таҳлили вазъи соҳа дар солҳои охир нишон дод, ки тухмипарварӣ дар мамлакат мунтазам рушд ёфта, таъмини хоҷагиҳо бо он нисбатан беҳтар гардида истодааст. Бо вуҷуди ин, барои баланд бардоштани ҳосилнокии  пахта, гандум, картошка ва истеҳсоли онҳо то устувор гардидани тухмипарварии миллӣ зарур аст, ки ҳаҷми муайяни тухмии аълосифат аз беруни кишвар харидорӣ карда шавад.

Қобили зикр аст, ки саршумори чорво нисбат ба солҳои пешин зиёд гардидааст, вале дар масъалаи истеҳсоли маҳсулот ва маҳсулнокии чорво ҳоло ҳам камбудиҳо дида мешаванд. Масалан, маҳсулнокии чорво, хусусан ширдӯшӣ аз ҳар сар модагов ба ҳисоби миёна 1600-1700 килоро ташкил медиҳад, ки нисбати нишондиҳандаҳои байналмилалӣ паст мебошад. Айни замон кам гардидани манбаи хӯрокаи чорво барои пурра қонеъ гардонидани талаботи соҳа монеа ба миён овардааст.

Техника, ки яке аз омилҳои асосӣ мебошад, ба тараққиёти соҳаи кишоварзӣ таъсири мусбӣ расонида, ҳосилнокии баланди меҳнатро таъмин менамояд. Аммо ҳолати таъминоти соҳаи кишоварзӣ бо техникаи зарурӣ низ ташвишовар мебошад. Аз ҷумла таъминот бо тракторҳо 23,7 фоиз, комбайнҳои ғалладарав 11,5 фоиз, испорҳои тракторӣ 20,3 фоизро ташкил медиҳад. Бо чунин вазъ ноил гаштан ба ҳадафҳои Барномаи ислоҳоти кишоварзӣ имконнопазир буда, андешидани чораҳои заруриро талаб менамояд.

Рушди босуботи иқтисоди кишвар имкон медиҳад, ки маблағгузории соҳаи мелиоратсия ва захираҳои об сол аз сол зиёд гардад. Дар се соли охир маблағгузории соҳа қариб 1,5 маротиба афзуд. Соли равон бошад, маблағгузорӣ аз Буҷети давлатӣ нисбат ба соли гузашта 2,5 млн. сомонӣ афзоиш ёфт.

Яке аз самтҳои афзалиятноки соҳа аз худ намудани заминҳои нав мебошад. Мувофиқи нақша солҳои 2009 — 2014-ум 2005, 3 гектар заминҳои нав аз худ карда, ба истифодабарӣ дода шуд, ки ин барои таъсиси 10025 ҷойи нави корӣ, зиёд намудани маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина паст намудани сатҳи камбизоатӣ мусоидат намуд.

Тавре дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015» ва «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2010-2012» зикр шудааст, барои рушди иқтисодӣ беҳдошти муҳити корӣ хеле зарур аст, ки метавонад ба муҳити рақобатнокӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои шуғл, аз он ҷумла худтаъминкунӣ бо кор, бар хилофи таҷрибаи инҳисории бозор мусоидат кунад. Яке аз камбудиҳои асосӣ дар ин самт зиёд будани миёнаравҳо ва дастрасӣ наёфтани деҳқон ба бозор мебошад. Дастрасии кам ба иттилооти бозорӣ дар бораи молҳои кишоварзӣ ва инчунин маҳдудиятҳои ҷиддӣ доир ба ҳамлу нақл ва инфрасохтори вайроншудаи кишоварзӣ ба он оварда расониданд, ки қисми зиёди деҳқонон маводи зарурӣ барои киштро бо нархи гарон харида, фурӯши маҳсулоти истеҳсолкардаи худро бо нархи арзон ба воситаи миёнаравҳо ба роҳ мемонанд. Дар аксарияти мамлакатҳои рӯ ба инкишоф, аз ҷумла ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ, аксар ҳолатҳои ғайрисамарабахши механизми бозорӣ истифодабарии таҷрибаи инҳисорӣ аз ҷониби ширкатҳои муайян ба чашм мерасад. Аз ин рӯ, дар стратегия бо мақсади инкишоф додани бахши хусусӣ дар мамлакат масъалаҳои ҳалталаби зерин пешбинӣ шудаанд: тақвияти заминаи қонунгузорӣ бо мақсади беҳдошти муҳити сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши кишоварзӣ; беҳдошти расмиёти батанзимдарории фаъолияти субъектҳои хоҷагидор; фароҳам овардани шароити мусоид барои дастрасии бевоситаи деҳқонон ба бозорҳо  ва аз байн бурдани миёнаравҳо.

Дар суханронии худ вакил Рустам Қудратов масъалаи ташаккули устувории молиявии хоҷагии қишлоқ ва таъмини дастрасӣ ба молия ва қарзҳоро низ мавриди таҳлил қарор дод.

Маҳдудияти эҳтиёҷот ба қарз на  танҳо аз сабаби баланд будани меъёри фоизҳо, балки аз вазнинию сахтии талаботи гаравгузорӣ низ мебошад. Бахши кишоварзӣ имрӯз аз захираҳои маҳдуди мавҷудаи қарзҳо ҳаҷми на чандон зиёдеро истифода мебарад, зеро бонкҳо соҳаи кишоварзиро бахши серхавф меҳисобанд ва танҳо якчанд корхонаи даромадноки кишоварзие вуҷуд дорад, ки маблағи қарзро пардохт карда метавонанд. Ба ин хотир, масъалаи ҷалби қарзҳо аз бонкҳои тиҷоратӣ ва қарзҳо аз соҳибкорони инфиродию ташкилотҳоро ба манфиати шахсоне, ки фаъолияти худро дар соҳаи коркарди аввалия ва минбаъдаи маҳсулоти кишоварзӣ амалӣ месозанд, ҳал кардан лозим аст.

Дар маърӯза инчунин доир ба такмили қонунгузорӣ, идомаи ислоҳот дар бахши аграрӣ, содагардонии расмиёти содироту воридот, мусоидат ба баробарҳуқуқии гендерӣ, низоми бонкӣ, диверсификатсияи соҳа ва ғайра ибрози назар карда шуд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»